Ҳикояҳо, новеллаҳо, очеркҳо


АСРОРИ САХРО

Кӯтоҳназаронро набувад «ҷуз ғами хеш,
Соҳибназаронро ғами бегонаву хеш.
Саъдӣ,
Гашти рӯз парторг Ҳакимов аз сари кор баргашта омад. Вай аз асп фуромадан ҳамон бача фиристода, собиқ мудири хоҷагии колхоз-Нозимро ба назди худ даъват намуд. Бо ӯ гуфтугу кардан мехост.
Аз баӣн ягон ним соат гузашта буд, ки дари кабинети парторг оҳиста кушода шуду аз он чеҳраи заҳир ва қоҳидаи касе намоён гардид.
Ҳакимов ӯро дида:
- Биёед, Нозим-ако, биёед, марҳамат! — гуфт ва аз ҷои худ хест, баъд аз ҳолу аҳволпурсӣ ба нишастан таклиф намуд. Худаш ҳам шишт, китоберо аз рӯи миз гирифту онро андешамандона варақ зада аз чи сар кардани суханро


ХАНДА ВА ГУЛ

Охири фасли баҳор. Табиат дар ороиши замин ҳунарнамоӣ кардааст: тамомӣ ҷо ранг ба ранг, аз боғу роғ, аз ёнаву дараҳо бӯи хуш, бӯи ҷавонӣ меомад. Дар ин аӣём молҳо даштӣ ва дер бармегаштагӣ шуда бданд. Боре гови мо аз чарогоҳ наомад. Модарам бесабрӣ мекарданд. Ману апаам ба кофтукови говамон баромадем, аввал кӯчаҳои деҳаро давр зада, сонӣ ба сӯи Гулдара, ки аксар вақт говҳои нимгурусна то бевақтии шаб дар он ҷо мечариданд, равон шудем...
Дара васеъ буда, аз миёнҷои он дарёчаи шӯхи кӯҳӣ талотумкунон ҷорӣ мешуд ва ҳарду тараф сабзу пур аз буттаҳои гули раъно буд. Бегоҳирӯзӣ ки шуд, аксарияти мардҳои деҳа ба саргаҳи он қатор нишаста, сӯҳбат ороста истиррҳат менамуданд.
Баробари ба саргаҳи дара наздик шудан ба машом бӯи дилангези гулҳои раъно, ки саросар шукуфта буданд, расида касро фараҳманду рӯҳбаланд месохт


ОСОРИ ИНСОН

Он бино кун дар ин кӯҳанбунёд,
К-аз ту халқе кунад ба некӣ ёд.
А. X. Деҳлавӣ.
Дар деҳаи муҳоҷирон овозае паҳн шуд, ки Раҳмон- ака аз Фарғона баргашта омадааст. Ин хабари ғаӣри чашмдошт ҳамаро дар ҳаӣрат мононд. «Охир, вай ҳамагӣ ду моҳ пеш бо оилаи худ кӯчида рафта буд-ку? Ба вай чӣ шуда бошад-а?» мегуфтанд, онҳо ва ҳамон лаҳза симои марди миёнақади газгӯшт ва бодомчашми камриш, хандону беором пеши назарашон меомад.
1
Соли 1934.
Бегоҳирӯз буд. Гурӯҳи мардҳои гуногунлибос, ки навакак кӯч фуроварда буданд, як ҷо ғун шуда, қурси офтоби чун кураи оташ суп-сурхро бо мароқ


ДАРДИ ЧАШМИ БИБИОИША

 «Дуд дар ҳонае, ки роҳ кунад,
Дару девори он сиёҳ кунад».
Рӯзҳо гузашт, моҳҳо гузашт... аммо чашмони дардманди Бибиоиша ҳеҷ рӯи беҳбудиро надиданд. Пилкҳояш варам карда, чашмонаш сурх гашта, мижаҳояш бо чирк ба ҳам часпида буданд. Дигар вай умедашро канда буд: «ба гапи мардум гӯш карда, аз чашм мондам, акнун бас»,— мегуфт вай худ ба худ.
Бибиоиша, ки як чашмаш базур медид, нав аз хоб бедор шуда, дар тараддуди он буд, ки чашмашро дурусттар кушода аз ҷо хезад вале якбора дарвозаи яктабақаи ҳавлӣ кушода шуду аз он як ҷавони понздаҳ- шонздаҳсола даромада омад.
-Оча, очаҷон—гуфт он ҷавон ва давида ба сари кампир омада, ӯро бар оғӯш гирифт.


«ЧӮБИ КИРМХӮРДА»

«Даст агар дар кор машғул аст, дил осудааст,
Саӣидо.
Ману рафиқам дар як гӯшаи чоӣхона нишаста, дар бораи масъалаи муҳиме баҳс мекардем. Рафиқам, ки дар ақидаи худ устувор буд, барои исботи фикраш чунин нақле овард.
У марди қоқинаи дар намуд чил-чилупанҷсола буд, чашмони дар косахонаашон фурӯрафта дошт, ки дар зери абрӯвони зардӣ тунукаш ноором мёдурахшиданд. Манаҳи нӯги дурбмонандаш нисбат ба биниаш қадре пешбаромада буд ва дар мавриди табассум кардан ниҳоят безеб мегашт.
Ин одам Носир-эҳтиёт ном дошт, ки бо вай дар қишлоқи Кӯчкак, ҳангоми лекцияхонӣ шинос шуда будам. Аввалҳо лақаби «эҳтиёт»-ро ба таври худ фаҳмида, ӯро шахси сариштагар ва эҳтиёткор мепиндоштам. Аммо сонитар


ҚАДАҲИ ОХИРИН

Дар беҳбудии худ дӯсти худ бишнос.
Мақол.
Орифзода ба машаққати зиёд аз ҳуҷуми тӯфони барф раҳо ёфта ба ҳавлӣ дохил шуд ва ба даҳлез даромада барфи сару танашро афшонд, калӯши худро кашид, ба нарангушти аз сӯрохии ҷӯроби фартут баромадааш, ки аз таъсири сармо суп-сурх гашта буд, нигоҳи пурандӯҳе карду вориди хона шуд.
Ӯ ба печка ҳезум чида, камтар карасин рехта, оташ гиронд. Қарнаи печ қирс-қирс карда метасфид.
Орифзода андаке гарм шуду гӯгирд гирифта чароғи дудзадаеро, ки дар рӯи пештахтаи тиреза буд, даргиронд. Аз кисаи палтои нимдошташ шишаи арақро гирифт ва даҳони онро кушода пиёларо пур кард, бо як нафас дам кашиду тоқиро аз сараш гирифта даруни онро буид. Аз кисаи дигараш турберо гирифта бо корди


ҚАТРА БА БАҲР РЕХТ

Эӣ дил!
Ту дар канори чунин баҳр кардаи
манзнл!
Фақат хатар набувад дар канори он
будан,
Шараф барои ту бо мавҷҳо равон
будан,
Ҳаёт ҷӯшзанон меравад.
Ба суръати том...
Ҳ. Юсуфӣ.
Офтоб ғуруб мекард. Пардаи тирае рӯи пастию ҳамвориҳо, талу қуллаҳои кӯҳҳоро фаро мегирифт. Боди даӣду, монанди коргурезе, ки тамоми рӯз хоб карда


ДИЛИ БЕКДРОР

Тӯтиннисо баъди шустани дегу тавақ чоӣники чои навдамро  гирифт, аввал таги онро бо латтае пок карда, ба хона назди шавҳараш, ки ҳозиракак аз идораи колхоз омада буд, даромад.
Латифҷон дар рӯи кӯрпача ба болишт такъя намуда, димогаш  сӯхтагӣ ба дарёи фикру андеша ғӯтавар шуда менишаст.
Гуфтугӯи чанд соат пеш дар идора гузашта хотирашро. парешон месохт. Тӯтинисо рӯ ба рӯи шавҳараш ҷо гирифта, чоӣ  мекашид. У пиёлаи чоӣро дароз карда ба чехраи зоҳиран осуда, вале ботинан мушавваши Латифчон бодиккат синча мекард.
          Аз ман сир дуздида худашро осуда нишон медихад — аз дил гузаронд. Дар дилаш ягон гап дорад. Бо ягон кас гапаш гурехта бошад-мӣ? Ё тири ишқи ягон иозанин аз чигараш зада бошад-мӣ... Не-не ҳеҷ мумкин не. У боз аз фикраш


ДАР ЯК РӮЗИ БОРОН

Ман ба қишлоқ — ба хонаи холаам рафта истодаам, Вале ҳанӯз нисфи роҳро таӣ накарда будам, ки якбора авзои ҳаво ба дигаргун шудан сар кард: абрпораҳои сафед, ки дар паси кӯҳҳои баланди сарсафеди самти шимол парешон буданд, ранги тира гирифта, ба  абри калон табдил меёфтанд ва торафт бо вазнинӣ пасттар парвоз менамуданд.
Офтоб дар паси абр нопадид шуд, ҳавои дашт тира гашт ва марғзор ранги сабзи сиёҳчатоб гирифт.
Боди бадқаҳргашта мевазид ва ҳамоно шиддаташ зиёдтар мешуд. Дарахтон тез-тез беилтифотона ба замин таьзим менамуданд. Баногоҳ аз кадом тарафе барк  рахшон шуд.
Борон торафт наздик мешуд.
Ман бо максади он ки пеш аз авҷгирии бориш ба қишлок бирасам, ҷадал


ДАР РОХИ ВАЗИФА

Духтур Обидов ба зодгоҳ, назди модараш омад. Бегоҳии рӯзи дигар ба ӯ гуфтанд, ки дар деҳаи Арҷинаки Боло зани Ҷалил ном колхозчи дар вақти вазъи ҳамл ба душворӣ афтодааст. Аз касе ки ин хабарро ба ӯ расонд. Обидов пурсуҷӯ карда фаҳмид, ки бо сабаби дар он деҳа набудани фелдшер ба он зан ёрии тиббӣ расонда нашудааст. Масофаи беморхонаи раӣон дур буд.
Обидов ба пеши раиси колхози деҳа рафт. Ӯ раисро дар идорааш ёфта воқеаро фаҳмонд.
Раис ӯро хомӯшона гӯш карда гуфт:
-Бале, ман аз ин ҳодиса хабар дорам, чора дидан лозим буд...
-Албатта.
-Хӯш, писарам, акнун чӣ кор карданӣ!...
-Асп ёфта диҳед!...


МЕВАИ ҲАЁТ

Зоҳир ва Салох хомӯш, вале шоххои сербори рангоранги дарахтони ду тарафи кӯча мамнунона назар афканда роҳ мепаӣмуданд. Хардуяшон ба қарибӣ мактаби олиро хатм намуда, ба қишлоқи худ яке Буаллим, дигаре механик шуда омаданд. Холо аз зиёрати муаллими алифбоии худ, ки дар дехан ҳамсоя мезист, бармегаштанд,
Зоқир папиросро ба кунҷи лаб олуфтаворона монда  дуд кунонда миёни хомуширо бурида гуфт:
-Салоҳ, дар ҳақиқат муаллим нағз  зиндагонӣ мекунад. Чӣ гуфтӣ?
-Баъд не, аммо фарзанд, ки надорад, боз ҳеҷ аст.
-Ҳа. Лекин ин он қадар аҳамият надорад.
-Дорад... Магар нашунидаӣ ки «хонаи фарзанддор —бозор, хонаи бефарзанд-мазор» гуфтаанд.


СОДИҚ ПАҲЛАВОН

Шаб. Борони маӣда меборид. Дарвозаи дутабақаи Содиқ Паҳлавон овози нарғӯле бароварда кушода шуд. Аз он ду кас, яке марди ғалчаи шикамкалон, ки дар бар чакмани сиёҳ дошт ва дигаре китфноки чандир ва каллакалони хушбурут буд, баромаданд.
Марди ғалча, ки эшони Исохонтӯра ном дошт, риши думи бузи қутур барин тунукшудаашро даст-даст карда истода ба соҳибхона гуфт:
-Паҳлавон, албатта, барвақттар равед! ӣигитҳоро таъкид кунед, ки ҳушёр шуда кор баранд... Нагурезанд!
-Хотирҷамъ бошед, пирам, қанот бароварда ба осмон парад ҳам аз дасти мо халос намешавад.
-Ҳамин тавр-куя, ба ҳар ҳоло... Хаӣр, ҳазрати Алӣ мададгор шаванду шамшератон бурро бод!— гӯён эшон даст ба рӯ бурд, сонӣ сар даруни чакман


КАДУИ ШАРИАТПАНОҲ


Намози асрро навакак хонда бошанд ҳам, фонусҳои растаи калонро аллакаӣ даргиронда буданд. Шӯълаи заифи шамъҳо, монанди одами аз касалии доманав навхеста, ларзида-ларзида, торикии сақф ва шифти растаро базӯр ду фарх намуда, ба худ роҳ мекушод...
Бозори тармева хунук шуда буд. Тарфурӯшҳо ангуру себҳояшонро  ба баққолу чаканафӯрушҳо арзону гарон дода качова ва сабатҳояшонро ба хар бор ва пуштора карда ба сӯи хонаашон мешитофтанд. Ду нафар деҳқони хонакоҳӣ, ки ангурҳояшонро ба бақкол надода, ба сари хирмани қишлоқҳои гирду атроф бурданй буданд, ҷа дал мекарданд, ки барвақттар ба хирманҷо расанд. Яке аз онҳо, ки марди қадпасти кулӯтариш буд, ба чеҳраи маҳзуни рафиқи худ назар афканда гуфт.


ДАР САРИ ГУЛХАН

ё, морӣ ту, ки ҳар киро бубинӣ, бигазӣ?
Е бумӣ, ки ҳар куҷо нишинӣ, биканӣ?
Саъдӣ.
Ман ҳар сол таътилро дар шаҳр мегузарондам. Аммо ин тобистон ният кардам, ки дар деҳаи худ истироҳат кунам. Рафиқони давраи бачагиам, кӯчаҳои сердову дарахт, боғҳои пурмева, адиру дараҳои сабзу хуррам ва дарёчаи шӯхи деҳаро пазмон шуда будам.
Инак, чанд рӯз аст, ки ман дар деҳа.
Се нафар пеш аз ғуруби офтоб ба болои кӯҳи Гаё, баромадем. Мақсадамон шикор ва саёҳат буд...
Офтоб ба паси қӯллаҳои пурбарфи кӯҳ пинҳон мешуд. Шӯоъҳои тиллоранги он домани абрпораҳои сафеди ба қуллаҳо печондаро заррин сохта, бо


ЧАШМ БА РОҲ

Тӯфон рӯи падар надидааст. Вақте ки ӯ ба дунё  омад, падараш Иноятулло дар фронти Ленинград меҷангид, хати охирини вай аз ҳамон ҷо омада буд. Дигар аз ӯ дарак нашуд.
Аз ҳамин сабаб ҳангоми ба вай номмонӣ баӣни модар ва бибии падариаш андаке кашмакаш шуда буд. Бибиаш мехост, ки ба набераи худ «Ёдгор» ном гузорад, вале келинаш ёдгорро нишонаи кандашавии риштаи охирини умед аз шавҳараш гумон карда, розӣ нашуд, вай ба модаршӯяш гуфт:
-Аз Ҳиндустон умеду аз гӯристон не. Дадеш ба ҷанг рафта бошанд ҳам, дар ҷанг охир, ҳама намемурад-ку... «Ноумед шаӣтон» гуфтаанд, беҳтараш номаш Тӯфон шавад, падар ҳам дар тӯфони ҷанг ҷонбозӣ мекунад, худаш ҳам дар рӯзҳои ҷанг зоида шуд.

КОШКИ
Дар вақти таътили тобистона Аҳмад серкор мешуд, лекин у баъзан ба моҳидорӣ ҳам вақт меёфт.
Имрӯз бо ҳамин ният барвақт хеста, аз чашма ду сатил об овард. Молҳояшро ба чаро бурд ва боз ба баъзе корҳои «маӣда-чуӣда»-и модараш ёрӣ расонд. Акнун мехост, якбора оғилро ҳам тоза кунаду сонӣ нонушта кунад, вале модараш дастархон кушода, гуфт, ки аввал ноништа кунад. Аҳмад даст шуста ба сари дастархон нишаст.
Модар фатири равғанин ва косаи қаӣмокро оварда ба пеши вай гузошт.
-Шумо-чӣ, оча? — пурсид Аҳмад бо тааҷҷуб ба рӯи модараш, ки дар тараддуди рафтан буд, нигариста.
-Шир мепазам, ту хӯрдан гир!
-Сонӣ мепазед, аввал таҳтӯл кунед.