Ҳикояҳо, новеллаҳо, очеркҳо

КОШКИ
Дар вақти таътили тобистона Аҳмад серкор мешуд, лекин у баъзан ба моҳидорӣ ҳам вақт меёфт.
Имрӯз бо ҳамин ният барвақт хеста, аз чашма ду сатил об овард. Молҳояшро ба чаро бурд ва боз ба баъзе корҳои «маӣда-чуӣда»-и модараш ёрӣ расонд. Акнун мехост, якбора оғилро ҳам тоза кунаду сонӣ нонушта кунад, вале модараш дастархон кушода, гуфт, ки аввал ноништа кунад. Аҳмад даст шуста ба сари дастархон нишаст.
Модар фатири равғанин ва косаи қаӣмокро оварда ба пеши вай гузошт.
-Шумо-чӣ, оча? — пурсид Аҳмад бо тааҷҷуб ба рӯи модараш, ки дар тараддуди рафтан буд, нигариста.
-Шир мепазам, ту хӯрдан гир!
-Сонӣ мепазед, аввал таҳтӯл кунед.

-Не, бачам, шир турш мешавад,— гуфт у ва барои осудашавии хотири писараш илова намуд:-Худат медонӣ, ки қаӣмоқ намефорад: хӯрам, сарам дард мекунад.
Хӯр бачам, ош шавад!
Ин дам дарвоза кушода шуду як писарбачаи 14—10 солаи зардинаи фарбеҳак даромад.
-Ана Раҳматҷон омад, ҳардуятон хуред, бие бачем! Бо ҷӯраат таҳтӯл кун.—Инро гуфту модар ба ҷониби ошхона рафт.
Раҳмат бе ҳеҷ такаллуф омада ба сари дастархон нишаст. Ӯ нонро дулунҷа хоида косаи қаӣмоқро ҳам лесид ва баъд:
-Меравем,— гӯён бо сараш ба тарафе ишора кард.
-Куҷо?
-Моҳидорӣ.
-Оғили молҳо нарӯфта! Ба говҳо алаф оварданам даркор.
Раҳмат ба истеҳзо ҳуштак кашид.
Ту аллакаӣ корҳоятро шудӣ, ки лабатро дӯл карда ҳуштақ мекашӣ? Бо малули пурсид Аҳмад.
-Набошад-чи? Ман таӣёр.— У аз ҷояш хеста таъкид намуд:- Хаӣр, ман дар хона мунтазир меистам, тезтар биё!
Аҳмад чанде пас шасти моҳидориашро гирифта, ба ҳавлии Раҳматино равон шуд. У дар роҳ бо модари вай вохӯрд, ки ӯ ду сатили пуробро базӯр бардошта мебурд. Аҳмад як сатилро аз дасти вай гирӣфта пурсид:  — Чӣ, Раҳмат дар хона нест магар?
-Куҷо меравад, хоб рафтааст!
* * *
-Аҳмаду Раҳмат, вақте ки аз чакалакзори назди осиёб баромаданд, офтоб аз қиём гузашта тасфи рӯз хеле гашта буд. Онҳо аз паӣраҳаи баӣни зардолузор гузашта ба сӯи дарё мерафтанд.
Раҳмат аз кисаи шимаш турхалтаеро бароварду онро кушода гуфт:
          -Инро пури моҳӣ мекунам.
-Аҳмад аз ин гапи ӯ табассум кард.
-Чӣ даҳон инҷ мекунӣ? Магар гирифта наметавонам?— барошуфт Раҳмат.
-Ман ҳеҷ чиз нагуфтам-кӯ! Шояд гирӣ,—ҷавоб дод Аҳмад.
-Раҳмат тӯрхалтаро қат карда боз ба кисааш андохт.
Хомӯш. Шарфаи қадами онҳо ба гӯш мерасид. Ба нохост чашми Аҳмад ба як навдаи нӯги зардолу, ки дар қабати баргҳои он ду дона зардолуи аз назари мардум пинҳонмонда афтод.
Ҳарду сангу кулӯх ёфта аз паи зада ғалтондани он шуданд. Сангҳои ғуррондаи Аҳмад намерасид. Аммо Раҳмат зада ғалтонд ва зардолуҳои мавизакшударо аз замин гирифта ба даҳонаш партофт. Аҳмад, ки ба умеди ҷӯрааш шояд яктаашро ба вай муруввад кунад, ба дасти ӯ нигоҳ карда меистод, аз ин кӣрдори вай ҳиҷолат кашида, ба замин нигарист...
Онҳо аз ҷарӣ оҳувор, ба поён, ба лаби дарё фуромаданд.
 Раҳмат ба шасташ кирм гузаронда саросема аз Аҳмад пеш гузашта, ба кӯл ва лаҳмобиҳо, кӣ одатан дар чунин ҷоӣҳо моҳӣ бештар мешавад, шаст андохтан гирифт.
Аҳмад аз қафо бо таҳаммул шикор қарда мерафт,
Ҳо-ҳо-ҳо!— фарёди Раҳмат шунида шуд. Вай моҳии аз шаст халос карда гирифтаашро намоиш медод.
Аҳмад сар ҷунбонда табассум намуд.
 Онҳо то бегоҳ шикор карданд. Қарибиҳои офтобнишин кирми Аҳмад тамом шуд. У чӣ кор кардани худро надониста ҳаӣрон монд. Раҳмат хеле дур рафта буд, наметофт. Бояд аз ӯ қирм талабад? Мумкин фоида набахшад, чунки то он дам офтоб тамоман ғуруб карда ҳаво торик мешавад ва шикор душвор мегардад.
Бо ҳамин фикру хаёл дар рӯи харсанги канори дарё ба омадани Раҳмат маҳтал нишаст. Аммо аз вай ҳеҷ дарак намешуд. Ночор аз кулмаки паси санг ду сихмоҳии саӣд кардаашро гирифту аз паӣраҳаи баӣни ҷарӣ оҳиста-оҳиста роҳ гашта ба рӯи теппа баромад ва ходачаи шастро ба танаи зардолу рост гузошт, баъд ба рӯи маӣсаи заъфарон нишаст ва ба омадани рафиқаш мунтазир  шуд. Ба қуллаҳои баланди сарсафеди кӯҳҳои шимолии деҳа, ки нурҳои охирини офтоб аз рӯи теппаву кӯталҳо хеста ба қуллаҳо қарор гирифта онҳоро заррин сохта буд, дуру дароз нигоҳ карда ба хаёл рафт...
-Уҳ-ҳҳ-у, шикорат дуруст-ку!
Аҳмад аз ин нидо ба худ омада ба қафояш нигариста Раҳматро, дид, ки тӯрхалтаашро бо се дона моҳӣ алвонҷ дода меомад.
-Ҳа, бад не. Лекин, аз афти кор, аз они ту мазза накардагӣ барин-ку? — гуфт ӯ.
-Сабил монад, нашуд. Дарё моҳӣ надоштааст,-зошт—Бародарӣ-баробарӣ. Гир ҷӯра!—илтимос кард ӯ.
Аҳмад ба ӯ нигаристу самимона табассум намуда, ҳазломезона гуфт:
-Моҳиҳо диданд, ки ваҷоҳатат баду халтаат калон,
ҳаросида наздик нашуданд.
-Заб, гап задӣ. Моҳӣ аз зери об одамро дида метавонист, ту ин қадар моҳӣ намегирифтӣ... Ягон бало шудагӣ.
-Ҳаӣр, ғам нахӯр, гоҳ чуну гоҳ чунон... Ту нагирифта бошӣ, ман гирифтам. Ҳамин ба ҳардуямон бас!— Аҳмад инро гуфта як сих моҳиашро ба пеши Раҳмат гузошт — Бародарӣ-баробарӣ. Гир ҷӯра! —илтимос кард у.
-Чӣ? Не-е, лозим нест.
-Гир-гир! Ба ману модарам ҳаминаш ҳам бас,—гуфт бо қатъият Аҳмад ва моҳиро пештари вай гузошта илова кард: — рафту ман намегирифтам, ту ҳам, албатта, ҳамин тавр мекардӣ.
-Албатта, ҳамин тавр-қуя....— гуфта монд Раҳмат.
Ба рӯяш сурхӣ давид. Чашмони мешиаш дурахшиданд.
Моҳиҳоро якта-якта аз сих бароварда, ба халта андохта баъд даҳони онро баст ва хост ба вай изҳори миннатдорӣ кунад, аммо, дид, ки ӯ, гӯё ин нияти ӯро паӣ бурда бошад, ба вай не, балки орому бепарво ба фотимачумчуқ, ки дар шохи зардолу ҷастухез дошт, бо мароқ менигарад. Раҳмат дам назад. Вай ба шохи зардолу нигоҳ карда, зардолуи задаафтондаашро ба ёд овард. «Кошкӣ боз ду-се зардолуи дигар мана, маро гир, гуфта липпӣ карда намудор шавад, вай онҳоро ғалтонда ба ҷӯрааш инъом кунад». У бо ҳамин орзӯ ба навдаҳои зардолу бодиққат чашм медавонд.
Кошкӣ ҳамин тавр шавад!
          Лекин...
Онҳо аз ҷо хестанд... Маӣсаҳои покӯфтаи ҷои Раҳмат бо азоб сар мебардоштанд.
с. 1969

Комментариев нет:

Отправить комментарий