Ҳикояҳо, новеллаҳо, очеркҳо


ЧАШМ БА РОҲ

Тӯфон рӯи падар надидааст. Вақте ки ӯ ба дунё  омад, падараш Иноятулло дар фронти Ленинград меҷангид, хати охирини вай аз ҳамон ҷо омада буд. Дигар аз ӯ дарак нашуд.
Аз ҳамин сабаб ҳангоми ба вай номмонӣ баӣни модар ва бибии падариаш андаке кашмакаш шуда буд. Бибиаш мехост, ки ба набераи худ «Ёдгор» ном гузорад, вале келинаш ёдгорро нишонаи кандашавии риштаи охирини умед аз шавҳараш гумон карда, розӣ нашуд, вай ба модаршӯяш гуфт:
-Аз Ҳиндустон умеду аз гӯристон не. Дадеш ба ҷанг рафта бошанд ҳам, дар ҷанг охир, ҳама намемурад-ку... «Ноумед шаӣтон» гуфтаанд, беҳтараш номаш Тӯфон шавад, падар ҳам дар тӯфони ҷанг ҷонбозӣ мекунад, худаш ҳам дар рӯзҳои ҷанг зоида шуд.

Кампир дурусттар фикр қарду таклифи келинашро писандид. Тӯфонро модараш-Мастура дар шароити вазнин гоҳ дар хона ва гоҳ дар саҳро гурбавор калон кард.  Солҳои даҳшатноки ҷанг қалби онҳоро ҷароҳатнок карда мегузаштанд. Ниҳоят, он рӯзи дилхоҳ, ки ҳама нигаронаш буданд, даррасид, баӣрақи ғалаба дар болои лонаи душман ҷилвагар шуд.
Акнӯн ҳар сари чанд вақт дар хонае ба муносибати баргаштани марди ҷанговаре мол кушта, тӯю сур барпо карда мешуд. Тамоми хурду калони деҳа ба зиёрати он марди музаффар рафта, баъд аз зиёрат аз вай дидан ё надидани дуру наздикони худро пурсону ҷӯён мешуданд.         .
Тӯфон ҳам қатори бачаҳо ба ин хона рафта, сар топои он мардро бо ҳавас аз назар мегузаронд. Вай шашсола шуда буд. Бисёр чизҳоро ақлаш мегирифт, аз ҳамин сабаб таассуроти аз ин гуна боздидҳо гирифтаашр»  ба модараш мегуфт:
-Оча, дадаи Собир омадааст. Ман дидам. Орден  дорад. Як пояш нест. Мегӯянд, ки пояшро дар чапг партофта омадааст... Ӯ аз ман пурсид; «ту бачаи кӣ? «Ман  бачаи очам» гуфтам. Ӯ хандид.
-Бачаи очем нагӯ. Занҳо пурсанд, бачаи очам гӯӣ. Агар мардҳо пурсанд, писари Иноятулло гӯӣ, намеханданд — таъкид намуд модараш ба вай.
-Иноятуллош кӣ  оча?
-Дадот.
-Дадом?!
-Ҳа,- бачам, дадот.
Тӯфон ба фикр рафта дигар чизе напурсид. Мастура ин ҳоли вайро дида, Чигараш реш-реш шуд. Аз дигар пурсуков накардани ӯ қадре худро сабук ҳис кард. Як бегоҳ дар сари дастархон, ҳангоми ҷоӣнӯшӣ, Тӯфон банохост аз модараш пурсид:
-Оча, дадам каӣ мебиёнд?
Мастура гаранг шуда монд. Агар аз ӯ мепурсиданд, кӣ рузи мурданатро медонӣ, вай албатта «не» ё «ҳа» гуфта аз пурсанда халосӣ меёфт, вале ба ин саволи писари худ чи ҷавоб доданашро намедонист. Вай чор сол аст, ки хати сиёҳи шавҳарашро ошкор накарда меояд, ин сабаб дошт... Ӯ боре ба шӯъбаи алоқаи назди ҷамоа рафта, сабаби наовардани нафақаи хушдоманашро фаҳмиданӣ шуд.
Раиси Совети қишлоқ ӯро ба кабинети худ ҷеғ зад ҳолу аҳволпурсӣ намуда, гуфт: хислати хӯби одамизод боақлу бомулоҳизагист. Дар ин рӯзҳои ҷанг чи ҳодисаҳое руӣ намедиҳанд. Дирӯз аз як марди тошбулоқӣ хат омад, Ду моҳ пеш хати сиёҳаш омада буд.
Ҷанг-дия, духтарам, баъзан ҳар гуна нофаҳмӣ ҳам мешавад. Баъд ӯ ба Мастура, ки аз ин сарахбор дилаш ким-чӣ хел хабари шумеро ҳис кардагӣ барин ҳаросон ба вай нигоҳ карда меистод, назар афканду суханашро давом дод.— Дина, дар бораи шавҳарат ҳам аз командираш хати сиёҳ омад, лекин ҷои дафнаш маълум нест. Ин хам албатта, саҳв бошад даркор. Ҳоло ҳозир дар ин хусус овозаю дарвоза накарда ист, ту дону ман. Шояд ҳаёти ӯ ҳам ба мисли он тошбулокӣ бошад. Дар чанг ҳама чиз шуданаш мумкин, духтарам!
Мастура худро дошта натавониста, фиғон кашида, гиристу гирист.
...Ӯ ҳамон рӯз як олам ғаму ғуссаро бар дӯш гирифта баргашт ва на ба модари худ ва на ба хушдоманаш чизе нагуфт... «Мумкин гапи раис рост барояд. Эӣ, худое, кошкӣ ҳамин тавр бошад» гуфт ва бо ҳамин мулоҳиза хомӯширо аъло донист.
Бечора модаршӯяш рӯз аз рӯз дар ҳасрати писараш шамъ барин сӯхта обу адо мешуд. Оқибат касал шуд. У хангоми ҷондиҳӣ ба келини худ васият карда гуфт: «Келин ман аз ту розӣ... Тӯфонҷон ягона нишонаш писарам аст. Аз авлоди мо фақат Тӯфон мондааст. Умри ҷавоната бедарак хазон накун, ягон марди муносиб барояд, маӣлаш, шӯ кун...»
Мастура ба зинда будани ҳамсараш боварӣ дошт. Аз тамом шудани ҷанг чанд сол гузашт. Аммо аз вай хату хабаре набуд.
Имрӯз бачааш каӣ омадани падарашро аз ӯ пурсид... Аламаш тоза шуд.
Вай сари Тӯфонро навозишкорона сила кард: «Ба ин шӯрбахт чӣ гӯям? Наход ки мурда бошад-а?! Дина шаб ба хобам даромад. Ҳеҷ ба мурдагӣ монанд не. Не, вай зиндааст!» Бо ҳамин андеша ба рӯи писараш нигариста дилпурона гуфт:
-Писарам, дадот аз ҳама охир мебиёянд.
-Охираш каӣ?
Охираш ҳама, ки омад...— овози ӯ ларзид, базӯр худро нигоҳ дошт, бо пушти даст оби дидаашро пок кард.
-Оча.
-Ҳа, ҷонакам!
-Дадом биёянд, чӣ мекушем?
-Гов.
-Собирино буз куштиянд-ку?
Ҳар боре, ки ба деҳа ягон ҷанговар ҷавоб шуда ояд, ян ҳасрати онҳо аз сари нав тоза мешуд.
Фасли баҳор борҳо омаду рафт, лекин аз баҳори умеди Мастура ва писараш дараке набуд. Тӯфон калон шуд. Ӯ дар синфи чорум мехонд! Ва ҳоло ҳам чашм аз роҳи падар намеканд. Меҳри падар ба дили маҷрӯҳаш чуқуртар реша медавонду ӯро ба дидор муштоқтар месохт.
Як пагоҳ, ҳангоми нонушта ӯ ба модараш гуфт:
Ман имшаб хоби ғалатӣ дидам. Дар хобам дадом аз дарвоза даромаданд. Дар дасташон шинел, дар пояшон музаи аскарӣ будааст, лекин руяшон ким-чи хел будааст дида натавонистам.
Туфон баъд аз каме таваққуф пурсид:
-Оча қаду қомат ва рангу руи падарам чӣ хел буд?
Мастура ба фикр фурӯ рафта гуфт:
«Миёнақад, хушрӯӣ, марди паҳлавон, пӯшташ ба замин нарасида буд...».
          -Дар деҳа ягон кас ба дадом монанди дорад?
          -Не, надорад, бачем.
Вуҷуди Тӯфонро ҳиссиёти хуш ва фараҳбахше фаро гирифт.
-Оча, дадем ягон сурат надоранд-мӣ?
          Мастура, ки мунтазири чунин савол набуд, як оҳи бадарде кашида сар ҷунбонд.
-Лоақал, ягонта сурати маӣдаашон мешуд, ҳеҷ набошад, рангашонро дидагӣ барин мешудам. Наход ки ҳеҷ сурат нагирифта бошанд-а?
Не нагирифтаанд. Дадет марди деҳқон буданд, ба шаҳру раӣон кам мерафтанд.
Ҳамин заӣл, рӯзи моҳу солҳои очаю бача дар ҳасрати дидори одами аз ҳама наздиктаринашон бегоҳ мешуд.
Баъзан мешавад, ки ягон тасодуфи ногаҳонӣ касро ба орзӯяш мерасонад, ё ҳеҷ набошд, ба он восита мешавад.
Ба Мастура ва писараш аӣнан ҳамин гуна ҳодиса рӯӣ дод.
Ҳангоми дар синфи ҳафтум хонданаш Тӯфон дар спартакиадаи раӣонӣ иштирок кард. У баъди ба анҷом расидани бозӣ ба бозор рафта таъиноти модарашро ба ҷо овард: аз аттор камтар зира харид. Бегоҳ модараш зираро ба қуттича холӣ карда аз писар натиҷаи сафарашро мепурсид, ки нохост чашмаш ба сурати газета порчаи зирапечонда афтид. Он ба назараш гарм-гарм тофт. Марди миёнақади либоси ҳарбипӯш дасти духтарчаи малламӯеро гирифта рост меистод. Мастура моту мабҳут гашта, чашм аз сурат наканда, карахт шуд, «Азизакам, наход ин ту бошӣ,—пичиррос зад у ва тасдиқ кард:-Худи худаш!
Тӯфон, ки чоӣ нӯшида истода ба модараш менигарист, нидои пуризтироби ӯро шунида, аз ҷо хеста назди вай омад.
-Вай чӣ? — пурсид ӯ,
-Сурати дадот.
-Чӣ!.. Дадом?! Наход? Канӣ?!
Вай порчаи газетаро бо эҳтиёт аз дасти модараш гирифт бо хавасу эҳтиром ба марди хандон синча кард: «Миёнақад, хушрӯӣ, паҳлавонҷусса... «Оро, аӣнан модараш гуфтагӣ барин... Худи худаш! Баъд ҷумлаи русиро, ки ба зери сурат сабт ёфта буд, ҳиҷҷа карда хонд. «Аскари Сурх Мирсаидов Иноятулло дар вақти аз машқгоҳ баргаштани худ духтарчаи ба оби канал ғарқ шудаистодаро наҷот дод... он тарафи порча лах шӯда бӯд.
Ана он нури дида, қӯвваи дил, дармони рӯҳ—он одами азизи онҳо кӣ будааст, ки ба яке шавҳар ба дигаре падар ҳисоб меёфт. Очаю бача гашта — баргашта ба он расми андаке зардчашуда нигоҳ мекарданд.
Чашмони ҳалқа ва калон-калони зебо, абрӯвони ғафс, бинии теғдор, лабони сергушти хандон-ин қиёфаи сурат дар лавҳи хотири онҳо нақш баст. Аз сурат бӯи зира меомад. Шояд худаш ҳам ояд. Ин орзӯ дар дили очаю бача садо медод. Ҳамон шаб дар сари дастархон се кас; зан, писар ва расми зардчашудаи Иноятулло, ки дар як гӯшаи хонтахта меистод, буданд.
* * *
Тӯфон баъд аз хатми мактаби миёна ба институти хоҷагии қишлоқ дохил шуд. Ӯ ҳар боре, ки барои дидани модараш меомад, ба сурати калонкардаи ба чорчӯба гузоштаи падараш нигариста, ғарқи хаёл мешуд. Дар дили очаю бача орзуи солҳои сол ҷӯшзада истода тӯғён мекард. «Кошкӣ одами азизи онҳо ҳам зинда бошаду рӯзе аз дар даромада ояд!»
Ҳоло ҳам очаю бача чашм ба роҳ доранд.
Онҳо ҳамеша интизоранд, интизор.
с.1968

Комментариев нет:

Отправить комментарий