Ҳикояҳо, новеллаҳо, очеркҳо


АСРОРИ САХРО

Кӯтоҳназаронро набувад «ҷуз ғами хеш,
Соҳибназаронро ғами бегонаву хеш.
Саъдӣ,
Гашти рӯз парторг Ҳакимов аз сари кор баргашта омад. Вай аз асп фуромадан ҳамон бача фиристода, собиқ мудири хоҷагии колхоз-Нозимро ба назди худ даъват намуд. Бо ӯ гуфтугу кардан мехост.
Аз баӣн ягон ним соат гузашта буд, ки дари кабинети парторг оҳиста кушода шуду аз он чеҳраи заҳир ва қоҳидаи касе намоён гардид.
Ҳакимов ӯро дида:
- Биёед, Нозим-ако, биёед, марҳамат! — гуфт ва аз ҷои худ хест, баъд аз ҳолу аҳволпурсӣ ба нишастан таклиф намуд. Худаш ҳам шишт, китоберо аз рӯи миз гирифту онро андешамандона варақ зада аз чи сар кардани суханро
надониста якчанд дақиқа хомӯш монд, сонӣ бо мулоиматӣ гап кушода пурсид:
— Нозим-ако, якчанд вақт аст, ки наменамоед? На дар сари кор мебинам, на дар кӯчаҳо?... Бетоб-ку нестед?
Нозим ҷавоб надод, вале андак сурх шуд, лабони бехуни ғафсаш пир-пир парида, торҳои, бурути олуфта ворона қаӣчӣ задааш ларзиданд ва дар чашмони хитоии камтобишаш ҳам аломати норозигӣ, ҳам ранҷиш ифода ёфт. Вай хост чизе бигӯяд, аммо гулӯяш фишурдагӣ барин шуд. Ин ҳолат аз чашми парторг пинҳон намонд. Ӯ ҳис намуд, ки дар ботини ин одам ду чиз, яъне, ғазаб ва истиҳола мисли зогу лочин ба ҳам дар задухӯрданд, аз ҳамин сабаб кӯшид, ки барои озодона ва беҳадук гап задан ба вай имконият диҳад.
Якчанд сол аст, ки Нозим дар колхоз чоӣхоначӣ, сонитар мудири хоҷагӣ шуда кор карда меояд! Аммо раги ҳаромкориаш афзуда аз тору пуд заданро аз ҳад гузаронд. Ин кирдори вайро ташкилоти партиявӣ фош намуд ва ӯро огоҳонид. Лекин ӯ монанди магаси ба шира часлида ба сарвати аз туфаӣли қаллобӣ паӣдокардаи худ ғӯтида аз паи боз ҳам зиёд кардани он шуд ва аз ин роҳи пешгирифтааш баромадан нахост. Баръакс ти рамоҳи соли гузашта бо бригадир забон як карда аз хир ман ду баркаш (40 центнер) зағирро зад. Дар охир правления маҷбур шуд, ки ӯро аз вазифааш озод намояд. Ана аз ҳамон вақт ин ҷониб Нозим сояи Ҳакимов- ро аз девор метарошидагӣ шуд ва дар дилаш ба вай кина мепарварид. Ба кӯча кам мебаромад ва дар маҷлису маъракаҳо тамоман иштирок намекардаги шуда монд. «Ман бо кадом обрӯ ба мардум рӯ ба рӯ мешавам. Одам ҳамон вақт қадру қимат дорад, ки обрӯ дошта бошад»  мегуфт у ба касоне ки мардумгурезиашро мазаммат мекарданд.
Вай ба корҳои саҳро баромаданро тамоман намехост, чунки кори ҷисмониро камфоида. ва паст мешуморид. Аз ҳамин сабаб бо умеди ягон кори дигар «неши қалам»-и равғанин мегашт. Як рӯз аз ин пеш бригадир ӯро ҳамроҳи занаш ба кор хабар дод, лекин вай:»рав аз дастат меомадагиша кун! Ман ба кор намебаром!» гуфта дӯғу пуписа намуд. Ана, аз ҳамин ваҷҳ ӯро парторг ба назди худ ҷеғ зада буд. Нозим ҳоло ҳам ба диван такя карда хомӯш ва бедимоғ менишас Хомӯши кашолёфта парторгро азият медод. Ниҳоят ӯ тоқат накарда аз сари нав риштаи кандашудаи сӯҳбатро паӣваст. Вай боиси дигаргун шудани авзои Нозимро дониста бошад ҳам бо вуҷуди он пурсид:
-Аз афти кор, мазаатон не барин?...
-Аз кунҷковии бемаврид қошу қавоки Нозим боз ҳам овезонтар шуд. Дамдуздӣ, беэътиборӣ ва муомилаи хунсардонаи ӯ косаи сабри Ҳакимовро лабрез намуд.
- Охир гап занед!—Ман-ку харатона, иш, гурбатона пишт нагуфтаам, ки бо ман димоғу чимоғ кунед,— гуфт вай. Ин пичингу киноя ба дили бе он ҳам аз бухс ҳамчун пуффак дам карда истодаи Нозим мисли нештар рафта расид. Хун ба рӯяш давид. Он чизе .ки дар ин якчанд дақиқа дар дилиш нигоҳ медошт, якбора берун зад ва аз шиддати он паӣкараш ба ларза даромад.
-Маҳмадоно! Мекардагита кардӣ, нони даҳонама
кашида гирифтӣ, обрӯямро як пул кардӣ, боз чӣ баҳона мекобӣ? Ё мана аҳмоқ...
 Овозаш гирифт, ғур-ғуркунон даст афшонд.
Ҳакимов ин гапҳои пур аз кинаву адовати ӯро шунида, шаш моҳ муқаддам дар маҷлиси правления шарти ба руяш: ту душмани ман хасти мукобили манн мубориза бурда истодаӣ, ту намехоҳи, ки кор кунам, осудаҳол бошам» - гуфта ҷанҷол бардоштанашро ба хотир овард, забонаш ба хориш даромад, хост суханхои сахт гуфта ӯро ҷавоб диҳаду дигар аз паяш нашавад лекин ин тавр накард, оташи ғазабро бо оби андешаву истиҳола паст сохт.
Нозим-ако,— гуфт ӯ,— шумо аз ман беҷо меранчед. Аввалаш ин, ки ман бадхоҳи шумо нестам, сониян, агар шумо кирдори худро дурустакак санҷида бинед, он гоҳ мефаҳмед ки ман дӯсти шумо будаам. «Шаънамро паст карди, беобрӯ шудам» — гуфта иддао мекунед. Ин апатон маъқул, аммо, илова кард ӯ ба тарзи аноӣ,— оё ҳиӣ-ҳаю баӣ-баӣ гуфта бардор-бардор кардани як гурух шахсони пасти тамаллуқкорро обрӯ ҳисобидан мумкин аст? Албатта не! Боварӣ, эътибор, иззату эҳтироми халқ ба ҳар як кас обрӯ ҳисоб мешавад. Ин чиз ба ману шумо ҳамчун обу ҳаво лозим аст, ана ин гуна обруро гум кардан аз мурдан ҳам бадтар аст!
«Ин як гурӯҳ гуфта, албатта, Ҳалиму Бобосафару Нуруллоро гуяд даркор... Аз як ҷиҳат гапаш ҳақ барин, аз бозе ки аз мудири холӣ кардандам, инҳо дигар ба ман сояашонро нишон намедодагӣ шуда монданд, курнамакҳои лаънатӣ!» аз дил мегузаронд Нозим.
- Ғаӣр аз ин,— сӯҳбатро тамом карданӣ шуда гуфт парторг,— шумо кори ҷисмониро ор мешуморед, ки ин тамоман нодуруст аст. Дар замони мо касоне, ки дар саҳро, дар заводу фабрика ва кону шахтаҳо садоқатмандона кор карда истодаанд, ифтихори умум, сазовори мехру муҳаббати ҷамъият гардидаанд. Шумо одами бофаҳм, ҳоҷати ину он гуфта ба шумо исбот карда нишастан не.
Нозим, ки якчанд лаҳза пеш, дар оташи хашму ғазаб месӯхт, акнун аз шаст фуромада сукут меварзид.Барои Хакимов ҳамин кифоя буд...
Ӯ аз кабинети парторг баромад, каӣфаш гурехтагӣ, хотираш парешон ва фикру хаёлаш алғашу далғаш  буд. Аз ҳамин сабаб нахост ба хонаи худ равад, дилаш андак маӣли саёҳат кард. Оҳиста-оҳиста, ба, маӣли хотир қадам гузошта ба ҷониби саҳро равон гашт. Тақрибан понздаҳ дақиқа роҳ таӣ намуда буд, ки аз рӯ ба рӯяш маӣдони васеи каб-кабуди пахтазор баромад. Вай баъд аз қадре рост истода тамошо кардан ба зери дарахте нишаста ба рӯи маӣсаи роҳатбахш як паҳлӯ зад,
«Тавба, ина бен-а... Ба, саҳро баромада кор кун будааст!... Намедонам аз чӣ сабаб ба ман ин қадар пашша шудааст, гӯё кӣ моли падараш дар ман монда шад» — мегуфт ӯ худ ба худ.
Мавҷи серуни насими бегоҳирӯзӣ аз накҳати гулу  алафҳои хушбӯӣ муаттар гардида, ба паӣкари вай такон хӯрда рӯҳашро қитиқ мекард ва ӯро аз ҳолати маҳ зунӣ ва мағшушӣ озод месохт, димоғашро чоқ мегардонд. Аз даруни алафзори тару тоза ва. ғиппаи лаби ҷӯӣча ба нохост бедонае бо овози баланд «пит-пилиқ»  гӯён хониш кард. Ӯ ба оҳанги бедона вола шуда ин  баӣтро зери лаб замзама кард:
Рӯзи наврӯз аст, олам сабзазор,
Занги дилро мебарад боди баҳор.
Нозим аз ҷояш хеста нишаст. Вай ҳам аз тамошои табиати арӯсвор оро ёфта, ки офтоб бо назокати модарона онро ба оғӯши гармаш гирӣфта буд, ҳам аз таъсири ханда ва гуфтугӯи занон, мардон, духтарон ва писарон, ки ҳама дар ҳамон наздикӣ машғули кор буданд ҳам аз садои шилдир-шилдири оби ҷӯӣча, ки то ин дам  ба назараш эътибор надоштанд, ба' ҳаяҷон омада ҳузур мекард, ҳаловат мегирифт. Он қудрат ва нохушие, ки якчанд соат пеш дар кабинети парторг паӣдо шуда буд, акнун мисли тумани фасли зимистон аз лавҳи хотираш нопадид мегашт. Оре, зимнан дилаш аз шавқи | тамошои манзараи ҳаёт, чун кафтар пару бол мезад,агар қанот медошт, монанди ана он бози дар уфуқ даврзадаистода ба ҳаво парвоз намуда, манзараи дил  писанди табиатро дурусттар назора мекард.
Ӯ бо ҳамин хаёлу орзуҳо як дона гули себаргаро канда бӯиду онро аз назар гузаронд, баъд носкадуяшро бароварда нос кашид. Ва хеста бардам-бардам қадам монда ба назди одамон рафт. Вай ба шахси аввал  наздик шуда:
-Монда нашав Акбаралӣ! — гуфт.
-Ҳе саломат бошед, ако.
Нозим камтар ба кори ӯ диққат карда истоду но  хост ба кафи дасташ туф кард.
- Канӣ, ба ман те-чӣ,— гуфт ва аз дастаи каланд  қапид. Акбаралӣ нобоварона, ботааҷҷуб ба вай нигоҳӣ кард. Нозим бошад, ба нигоҳи ӯ аҳамият надода каландро аз дасти вай гирифт, ба каландкунӣ машғул  шуд. Аввал ӯ ким-чӣ. хел ночаспониро ҳис намуд: — каландро ҷаққон ва моҳирона зада наметавонист. Агар сахт занад, аз бурида мондани решаи пахта метарсид, секин занад, замин нағзакак ковок намешуд. Ӯ боз истода ба ҷониби Акбаралӣ як нигоҳе карду остинашро то оринч бар зада боз кор кард. Ягон ним соат пас маромӣ корро ёфт. Гоҳ-гоҳ ба қафои худ нигоҳ кардӣ аз каланди кардааш шавқ намуда, боз чолокона бехи ниҳолҳои пахтаро нарм карда ба атрофи онҳо хок мекашид.
Вай то-хеле вақт каланд зада ба обу арақ ғӯтӣд, сонӣ каландро ба соҳибаш доду аз даруни пахта баромада ба канори ҷӯӣча, зери сояи тут нишаста дам гирифт. Аз баданаш арақ не, балки иллату ғубори чандинсола об шуда рӯ зада истодагӣ барин менамуд, дар худ як сабукии гувороеро ҳис мекард... Ҷӯӣча шилдир- шилдир овози форами дилнишин бароварда бо нафаси салқини ҳаловатбахшаш ӯро навозиш менамуд.
Қарибиҳои бегоҳ Нозим бо чеҳраи кушод ба ҳавлии худ омад. Аммо нохушие ӯро дар ин ҷо мунтазир буд. Занаш Шамсия, ки дар ошхона бо дегу табақ овора шуда ширшула мепухт, вайро хунсардона пешвоз гирифт ва ба сараш борони таънаву надоматро селвор рехт.
-Турқатон хушк шавад, мард нашуда, куҷо мегардед?.. Ҳеҷ не, ки шумо ноӯҳдабаро, соҳиби ягон мансаб-пансаб шаведу ман ҳам пештара барин қатори занҳои калоншавандаҳо болонишин шаваму давру даврон ронам!
Албатта, ин шуру ғавғои Шамсия ҷоӣ дошт. Имрӯз дар тӯи Хол-подабон вайро бо Ҳамида ном зани ифлостабиат ҳамтабақ карда буданд. У ба ин кирдори дастурхончӣ тоқат накарда қаҳр карда аз тӯӣхона баромад...
Нозим «ҷавоби аҳмак-сукут» карда чизе нагуфту рафта ба рлои гилемча нишаст. Назарнописандии вай оташи ғазаби занашро тезонд. Шамсия хост тамоми овозашро сар дода ӯро дуои бад кунад, лекин ин дам дег дамида ширшула рехт, вай тани сергӯшти фулхаи худро ларсосзанон ба сӯи ошхона давид. Баъди сарпӯши дегро гирифта алавро пасттар кардаи боз ба назди шавҳараш омада ҷанҷол бардошт:
-Гап занед! То каӣ ман ҳамин заӣл радди маърака шуда мегардам? Дина шӯи Бибиҳанифа мудири осиёбу обуҷувоз шудааст... Шумо бошед, умедам ба қудо, ҳолаш ба худо гӯён гаштед!
-Ман чӣ кор кунам — гуфт Нозим ва дар ҳолати ноумедй ба худсафедкунӣ сар кард: — Худат медонй, ки  раисро якчанд бор ба хона таклиф кардем, обу зиёфат кардем, аммо аз кулӯх садо хасту аз вай не. Яш мазори бешафоат будааст... Ба болои сӯхта намакоб гуфтагй барин, имрӯз Ҳакимоваш дӯғу пӯписакунон «қати занат ба кори саҳро баро, аз зиндаи бекор ҳама безор» гуфт.
-Чӣ! Қати занат гуфт мегӯед-мй?
-Ҳа.
-Ман ба кори саҳро бароям... Ҳакимоватон хобаша ба об гуяд... Очаша ба қор барорад! Мана модар! барои он назоидааст, ки дар офтоби сӯзони тобистон сӯхта оташков барин сип-,сиёҳ шавам!... Муқаррар шумо содда ба даҳонатон ҷурғот хобондагй барин чимшишта ба вай бефаровездаҳон ҳеҷ чиз нагуфта силингос карда монда омадагетон?
Нозим «ба ваи чй ҳам мегуфтам» гуфтагй барин даст афшонду хомӯш ба рӯи писарчааш, Шарифҷон, ки аз худаш сахл дуртар, дар рӯи кӯрпача озодозод нафас гирифта баҳузур мехобид, нигоҳ карда нишаст. Аз ин қилиқи вай ҷазобаи Шамсия авҷ гирифта манаҳаш тафсид:
-Аслан сусту мусти ношуд ҳастед! Ман мешудам чунон соз мекардам, ки худаш «бале» мегуфт.
Нозим, гӯё ба гуноҳи худ иқрор шуда истода бошад, бо овози паст ғурунгос зад:
-Ба вай чӣ мегуфтам. Вай душмани ман аст. Набошад, намедонад, ки ман як умр аз неши қалам нон хӯрда омадаам, албатта, нағз медонад, аммо намехоҳад... Ана мебинй, ки худи пагоҳ раисаш...
Гап дар даҳонаш монд. Шарифҷон нохост чунон фарёди сахти ҷонгудозе кашид, ки зану шӯ аз тарс як қад парида худро ба сари болини ӯ партофтанд. Шарифҷон торафт сахтар гиря мекард, бетоқатӣ карда дасту по мезад. Нозим ва занаш бо дарду алами бача шуда, каждуми аз зери кӯрпа баромада ба тарқиши девор даромада истодаро надида монданд. Ранни рӯи баҷа аз сахтии дард ва шиддати гиря дока барин сап- сафед гашт, чашмонаш чалақ-палақ шуда беҳуш шуд. Зану шӯ дасту по хӯрда барои наҷоти нури дидаашон чиҳо намекарданд: ба билиаш латта дуд мекарданд, ба даҳонаш пиёз метиқонданд, ба даст бардошта шамол медоданд, вале бадтар мешуд, ки беҳтар не. Шамсия, гӯё ба хотираш чизи муҳим расида бошад, «Бобо мулло!» гуфта фарьёд кард.
Нозим давида баромада рафт. Пас аз лаҳзае пешопеш Бобо мулло-марди каддарози бузриш, аз қафо худи Нозим ба ҳавлӣ даромада омаданд. Бобо мулло бачаро диду таассуфомезона сар ҷунбонд. У Нозимро онсӯтар бурда ба гӯшаш пичирос зад:
-Аҳволаш бад, мерафтагӣ барин. Зуд рафта Мӯлло Боқию Мулло Шарифро гирифта биё, «Чильёсин» мекунем, зоро худо шифо диҳад.
Нозим инро шунида, гӯё ба сараш зарбаи сахте хӯрда бошад, лаҳзае карахт шуда монд. Чашмонаш об гирифтанд. Мехост аз паи оварданимуллоҳо равад, ногоҳ аз кӯча овози ғурраси мошин ва боло-болои ҳам сигналдиҳии он шунида шуд... дарвоза кушода гашту аз он ду зани яктаки сафедпӯш даромада омаданд.
-Ҳавлии Нозим Калонов ҳамин ҷо-мӣ? — пурсиданд онҳо ба Нозими ҳаӣрону мушавваш наздик шуда.
Инҳо духтури ёрии таъҷилӣ буданд. Баъди як-ду укол кардан Шарифҷон ба ҳуш омада гирён шуд, сонӣ ором гирифт.
Духтурҳо дору ва нишондодҳои даркориро дода хостанд, ки раванд, аммо Нозим ва занаш онҳоро меҳмондорӣ карданӣ шуда таклифи хона карданд, онҳо «не, раҳмат. Ба мо ҷавоб; ҳозир ба назди як бемори дигар рафтан даркор» гуфта рад намуданд. Соҳибони хона ночор бо миннатдории зиёд онҳоро гуселонданд. Яке аз духтурҳо ҳангоми ба мошин савор шудан ба Нозим гуфт:
-Ҳа, дар воқеъ, ба Ҳакимов гӯед, ки мо омадем. Он кас ба сардорамон боз телефон мекунам гуфта буданд, саргардон нашаванд.
Шамсию Нозим ба якдигар нигоҳи маънидорона карда монданд. Ҳакӣмов дар вақти ба бюрои комитети раӣонӣ рафта истоданаш ҳодисаи хонаи Нозимро аз бачаҳои деҳа шунида зуд ба пункти «Ёрии таъҷилӣ» телефон карда буд.
Рӯзи дигар Нозим баъд аз таҳтул аз магазин як каланди чоқакак харид. Мехост ба он даста соз кунад. Шамсия, ки аз хона кӯрпаҳоро бароварда офтоб медод, назараш ба ӯ афтод.
- Ҳа, чӣ кор карда истодед? — пурсид ӯ.
-...
-Охир ба кори саҳро мерафтагӣ шудед-ми?
-Чӣ кор кунам, наравам нашавад: ҳама ба ман вақтҳои охӣр каҷ-каҷ иигоҳ мекунанд, ғаӣр аз ин мас  лиҳатҳои Ҳакимов ҳам аз рӯи дӯстӣ барин...
Шамсия шавҳарашро дар ноӯҳдабароӣ мазаммат кардан мехост, лекин ҷумлаи «маслиҳаташ аз рӯи дӯстӣ барин -ро шунидаю воқеаи бачаашро ба хотир оварда аз нияташ гашта, бо вуҷудӣ он гуфт:
-Аввалаш худо-ку... шумо Ҳакимов духтур фиристод гуфта хари кӯру охури танг шуда ба кор рафта истодаед.Марди нодон!—бо шаст кӯрпаро ба рӯи тор партофт.
* * *
Қарибиҳои чоштгоҳ, Нозӣм каланди иав даста кардагиашро гирифта ба саҳро рафт. То офтбшинам каланд зад, хеле монда шуд. Бегоҳ мастобаи занаш пухта мондаро бо иштӣҳои тамом хӯрд, таом ба назараш бисёр болаззат намуд. Шаб ба ҷогаҳ даромадан ҳамон хобаш бурд, ҳатто паҳлӯ ҳам нагашт. Аҷоибаш ин ки хоб ҳам надид.
Ҳамин тавр, ӯ гоҳ барвақт, гоҳ бевақт мунтазам ба кори саҳро мерафтагӣ шуд. Якчанд рӯз «шояд худо ба дили раису парторг раҳме андозаду ба ман ягон кори «неши қаламӣ» ёфта диҳанд» — гӯён сидқан ба кор начаспида бошад, ҳам, сонитар ба боду     ҳавои саҳро ба ҳаёти пурҷӯшу хурӯши ҳаррӯзаи он тамоман дода шуда бо умедҳои дилбастааш абадӣ видоъ кард. Рӯз аз рӯз вай худро бардамтар ҳис мекард — мушакҳояш торафт қаӣиш ва қавитар мегардиданд, оби баданаш зиёдтар исроф шуда, ҷои онро шираи дармону қувват мегирифт ва дар рагу паӣҳояш хун тоза гашта мунтазам дар ҳаракат шуда чеҳраашро дилкаштар месохт, хуллас, вай худи ба балоғат расида истодагӣ барин рӯз то рӯз тароват паӣдо мекард. Ба ҳикмати «дармону қувват  меҳнат» торафт барояш мафҳумтар мегашт.
* * *
Рӯз аз қиём мегузашт Дами офтоби тобӣстонро насими ҳур-ҳур вазидаистода мебурид. Дар ҳавои гирду атрофи шипанг мавҷи қаҳ-қаҳи ханда, гуфтугӯи одамон, чоку чуқи косаву қошук ва чоӣнаку пиёла ба оҳангӣ  форами мусиқии радио ҷӯр мешуд
-Нозим-ако, гуфт Акбаралӣ, ки баъди тановули  таом тоқии арақзадаашро қаӣтоқӣ карда ба сараш якшоха монда папирос мечокид,— ба назарам торафт ҷавон шуда истодед. Аз афти кор нигоҳубини янгаам ин вақтҳо дуруст барин.
Нозим дид, ки Акбаралӣ бо ин гапковӣ ягон аския» карданӣ, худро ба нофаҳмӣ зад. Ба бахтӣ вай чархи . сӯҳбат дар сари қаллобии экспедитори колхоз Абдулло, ки аз даромади ҳуҷҷатҳои сохта барои худ дар шаҳр ду ҳавлии дака-данг харидааст, қарор гирифт, набошад, Акбаралӣ ӯро дуюмбора бо тири аския гирифтанӣ буд.
-Албатта, Абдулло баринҳо кам дар кам, лекин онҳо дур намераванд,—гуфт оне, ки дар ин хусус гап кушода буд.
-Мегӯянд, ки аллакаӣ ба пояш об фуромадааст, Муфаттиши аз марказ омадагӣ дабдалаша' баровардааст, ба чор тараф давида, гаштааст.
-Охир бесабаб нагуфтаанд, ки ғаррию дуздӣ паноҳи саргини хар. Куза токаӣ ба лаби об бутун рафта бутун меояд.
-То ба моли мардум дасти қалб дароз кардана дар чорраҳаи бозор шишта садақа пурсад... Чӣ гуфтед Нозим-ако?  гуфт.Акбаралӣ ва ба зонуи вай шартӣ зада монд  Нозим, ки мунтазири чунин пурсиш набуд, чӣ гуфтани худро надониста. суп-сурх шуд ва гӯё оши гарм хӯрда бошад, култак заду ғурунгида монд. Акнун ӯ аз ин гуна кирдорҳо, ки як вақтҳо худаш ҳам дошт, шарм мекард. Он обнӯширо баҳона карда лаби ҷӯӣ рафт. Ҳар боре ки баӣни ду-се кас дар бораи ҳаромкориҳои ягон кас сухан мерафт, ба назараш чунин менамуд, ки қилиқҳои пештараи ӯро ҳам дар назар доранд, аз ҳамин сабаб ҳозира барин ягон чизро баҳона карда аз пеши онҳо дур мешуд.
Ӯ хам шуда хост аз ҷӯӣ об нушад, лекин нохост чашмаш ба море афтод, ки дар рӯи бехкунда ҳалқа зада мехобид. Ба атроф нигарист на санг, на кулӯхе буд, назараш ба бедчаи каллаки ғафсиаш банди даст барин афтод, аз бехаш гирифта, як-ду зӯр зада канд бо он морро зада кушт, сонӣ даст шуста аз оби зулол серӣ нушида ба бедчаи навакак кандааш нигарист. Бо кадом қувва инро канд-а. Охир, як бех беваҷорубро канда натавониста порсол шарманда, гашта буд.
Мавҷи заифи табаосум ба рухсорааш давид... аз кораш хушҳол шуд.
* * *
Чодири заррини офтоб аз рӯи замин ноаён бардошта мешуд. Гунчишкон аз ҳар сӯ ба лонаҳои худ парида меомаданд. Шавкун-сӯрони бачаҳо ва ба-а, бу-и бузу гӯсфандон аз канори деҳа. ба гӯш мерасид. Умри кӯтоҳи рӯзи тирамоҳ ба охир мерасид.
Ҳакимов баъд аз соати худро тоб дода пур кардан чароғи сари столиро гиронд ва ба блокноти рӯи миз чунин навишт:
«Нозим ба  кор тамоман дода, шуд. Вай имсол 293 рӯзи меҳнат кор кард. Аз ман хурсанд. Вале то ҳол занаш ба кор набаромадааст. Бекорӣ бошад, ба ҳар кӯю  хаёл мебарад».
* * *
Аввалҳои моҳи апрель. Табиат аз ташрифи баҳор, аз нафаси ҳаётбахши он бедор шуда либоси сабз дар бар карда буд. Боғу маӣдон, лаби ҷӯӣ, канори роҳҳо-ҳама ҷо бо маӣса оро ёфта, дарахтон аз гул рӯӣмол ба сар гирифтанд Қунғӯзакҳо, занбӯрони асал дар қабати гулҳо овозҳои гуногун бароварда парубол мезаданд. Дар фазои соф як села кабӯтарон парвоз намуда ба замини сурмасо нармкардашуда назар мекарданд.
Колхозчиён дар саргаҳи замин гурӯҳ-гурӯҳ шӯда кор мекарданд. Зани миёнсоле, ки аз дигарҳо андаке поёнтар истода саргарми кори худ буд, якзаӣл хаму рост шуда, ба сатилҳо чигит меандрхт ва гоҳ-гоҳ ба сӯи тракторҳо, ки чигит мекориданд, нигоҳ карда мемонд.
Ин зан Шамсия буд. Ӯро ҳеҷ кас ба кор маҷбур накардааст. Вай дид, ки. вақтҳои охир меҳнати софдилона, насими фараҳбахши саҳро шавҳарашро тамоман як шахси солиму бардам ва ба назар намоён гардондааст, аз фаӣзи саҳро бенасиб мондан  нахост.
1962

Комментариев нет:

Отправить комментарий