Ҳикояҳо, новеллаҳо, очеркҳо


ХАНДА ВА ГУЛ

Охири фасли баҳор. Табиат дар ороиши замин ҳунарнамоӣ кардааст: тамомӣ ҷо ранг ба ранг, аз боғу роғ, аз ёнаву дараҳо бӯи хуш, бӯи ҷавонӣ меомад. Дар ин аӣём молҳо даштӣ ва дер бармегаштагӣ шуда бданд. Боре гови мо аз чарогоҳ наомад. Модарам бесабрӣ мекарданд. Ману апаам ба кофтукови говамон баромадем, аввал кӯчаҳои деҳаро давр зада, сонӣ ба сӯи Гулдара, ки аксар вақт говҳои нимгурусна то бевақтии шаб дар он ҷо мечариданд, равон шудем...
Дара васеъ буда, аз миёнҷои он дарёчаи шӯхи кӯҳӣ талотумкунон ҷорӣ мешуд ва ҳарду тараф сабзу пур аз буттаҳои гули раъно буд. Бегоҳирӯзӣ ки шуд, аксарияти мардҳои деҳа ба саргаҳи он қатор нишаста, сӯҳбат ороста истиррҳат менамуданд.
Баробари ба саргаҳи дара наздик шудан ба машом бӯи дилангези гулҳои раъно, ки саросар шукуфта буданд, расида касро фараҳманду рӯҳбаланд месохт
ва хониши кабкҳо, ки аз он тарафи дара ба гӯш мерасид, ба руҳи одам пару бол мебахшид. Ман ҳам бо ҳамин каӣфият аз канори паӣраҳаи сабз гул чида аз паси апаам мерафтам. Нохост садои пасу пеш бархӯрдани дастаи сатилро шунӣдам, аз гулчинӣ даст кашида, ба пеш нигаристам, ки писари Бобомурод амак-Латифҷон, дуртар аз мо ба тахтасанге сатилҳои пуробро гузошта дам мегирифт.
- Ако, ҳамон ҷоҳо гов надидед? — пурсидам ман аз, апаам пеш гузашта, вале вай на ба ман, балки ба апаам рӯ овард:
-Раъноҷон, говатонро ҳозиракак аз даруни қамишзори лаби дарё ёфта ҷонӣби хонаатон ҳаӣ кардам гӯён ҷавоб дод.
-Раҳмат, Латифҷон-ако!
-Раҳмат-ку раҳмат, аммо муждагониаш каӣ мерасида бошад-а?
-Ҳар қадами шумо музду муждагонӣ дбштааст—дия.
-Эҳ, Раъноҷо»! Одам ҳама вақт ба умед қадам мегузорад. Магар намебинед, ки моҳ аз қафои офтоб қадам зада чӣ гирифта истодааст? ,
-Хӯш, чӣ мегирифтааст?
-Нур! Бинед, ин тӯҳфаи офтоб вайро чи қадар хуррам сохтааст. Апаам аввал як ба моҳ, ки табақи заррин барин дурахшон буду аз паси дарахтон шаъшаапошӣ мекард, нигоҳ карда, ҳандиду сонӣ ба, Латифҷон, гуфт:
-Хаӣр, ин тавр бошад, ҳисоби муждагониро гум накунед! Ман қарздор...
Ман, ки оӣ вақтҳо аз олами ишқу рамзу маҷозҳои он тамоман хабар надоштам, ба гумони он ки апаам бо гап Латифҷонро, боб кард, даҳон инҷ карда гулдастаамро бӯӣ кашида — бӯӣ кашида, мамнунона ба хона баргаштам.
Омадем, ки гов дар хона, гӯсолааш мазза карда мемакид.
Ман дар бораи он ки оё апаам ба Латифҷон дар ҳақиқат муждагонӣ медода бошад, ё не фикр мекардам. Дирӯз бузи Хосиятхоларо ёфта бурдам, вай муждагонӣ гӯён як тоқӣ шафтолуқоқ дод, аммо дар хонаи мо на зардолу, на шафтолуқоқ, на чормағз буд, пас апаам агар муждагонӣ доданӣ шавад, чӣ медиҳад. Дар охир тоқат карда натавониста, дар сари дастархон пурсидам (модарам дар ошхона бо чи коре овора буд), Апаам хандид, баъд аз кисабағали камзули худ дастрӯӣмолчаи алвонии гулдӯзии нотамомро бароварда гуфт:
-Ҳаминро дӯхта тамом кунам, медиҳам,
-Не, ин рӯмолчаи хушрӯӣ, ман мегирам, ба Латифҷон-ако нате-гуфтам,
-Набошад, себи сурхамон пазад, як дона себ медиҳам, ту розӣ ҳастӣ?
-Ҳа, лекин як себ кам не-мӣ?
-Кам-не, қоидааш ба муждагонӣ себ додани шаванд, як себ медиҳанд,—гуфт апаам ва намедонам, ки аз чӣ сабаб бошад хандиду маккорона чашмак зада аз нӯки биниам кашида монд.
Модарам омад. Ҳар сеямон дар рӯи суфа нишаста чоӣ менӯшидем.
Моҳ акнун хеле баланд баромада буд. Ҳама ҷо шир барин. Дарахтони сабзпӯш ба зерашон аз соя гулҳои гуногуни хаёлӣ гузошта ба сукут рафта буданд, аз шохи яке аз онҳо чаҳ-чаҳи булбуле шунида мешуд. Булбул ҳазору як мақомро бо сӯзу гудози махсус ба ҷо меовард, ки шунаванда мафтун гашта хоҳу нохоҳ хомӯш меистод. Мо ҳам аз ҳонишаш мафтун шуда бе гапу ҳарф чоӣ менӯшидем. Апаам аз модарам пурсид:
-Оча, аз чӣ сабаб булбул ин қадар нағз мехонад?
-Мегӯянд, ки вай ошиқ асту аз ҳамин сабаб нағз мехонад.
-Ошиқ ё тавба, булбӯл ҳам ошиқ мешудааст-дия!  — Ҳа, вай ошиқи рӯи гул аст,—гуфт модарам ва пиёлаи чои холикардаашро дода истода илова кард: — як умр ии бечора дар орзӯи дидани шукуфтани гул будааст, бинобар он аз аввали шаб то субҳ дар ҳасрати рӯи гул сӯхта нола мекунад, гул ҳам аз хониши булбул ба ваҷд омада яке мешукуфтааст, ки худи булбул бехабар мемондааст...
Баъд аз чоӣ ҳар кадом ба ҷои хоби худ рафтем. Ману модарам ба суфаи таги себ, апаам бошад, ба катчаи чӯбини лаби ҳавзча, ки ба суфа наздик буд, рафта ба ҷогаҳаш дароз кашид.
Оромии шаб ва салқшши ҳавои баҳор бар ман ғалаба кард, зуд хобам бурд.
Хоб дидам: дар ким-куҷое будаам, як маҳал говамон паӣдо шуда монд, бинам, дуямон дар мобаӣни офтобу моҳтоб истодаем, дурусттар синча карда бинам: офтоб-апаам, моҳтоб-Латифҷон будааст, бедор шудам, «Хоб аҷоиб!»
Ҳама ҷо ором. Насими форам ҳардамхаёлона мевазид.
Моҳ ҳоло нанишаста буд. Булбул акнун на дар ҳаётча, балки дар шохи себи рӯи ҳавлӣ чаҳ-чаҳ мезад. Дигар хобам набурд, паҳлӯ гашта ба гули садбарги канори ҳавзча ки аз нафаси салқин ва сабукӣ ҳавзча тароват гирифта буд, чашм дӯхта аз бӯи он ҳузуру ҳаловат бурда бедор мехобидам. Нолаи булбул ва ғунчаҳои ношукуфтаи гул нақли модарамро ба хотир овард. «Кори ғалатӣ! Наход ҳамин тавр бошад-а?» — аз дил гузарондам ва хостам ин аҷоиботро бо чашми худ бинам, Ба гулҳо дурусттар нигоҳ карда мунтазирн ба вуқӯъ омадани мӯъҷизот нишастам.
Ошиқи ҷамол ҳамоно чаҳ-чаҳ мезад. Леши ҳаво сафед шуда истода бошад ҳам, то ҳол ғунчаҳо чеҳра. во намекарданд. Булбул, гӯё ба пинак рафта бошад, банохост хомӯш монд. «Ана ҳозир  онҳо бояд шукуфанд». Тамоми вуҷудам чашм гашт. Вале ҳаӣҳот! Ғунчаҳо чи тавре ки буданд, ҳамон заӣл меистоданд.
Аҷоиб-ку! На булбул мехонад, на гулҳо мешукуфанд. Ин дам хандаи баланде ба гӯшам расид, як қад парида бо хавос ба сӯи ҷогаҳи апаам нигарӣстам.
«Латифҷон, ҳисоби муждагониҳоро гум накунед! Ман қарздор»...
Маълум мешавад, ки апаам хоб дида истода будааст. Хотирҷамъ гашта ба ҷониби гулҳо нигоҳ кардам: ё аҷабо! Ин чӣ мӯъҷиза? Ғунчаҳо чун духтарони шӯх хандон гаштаанд, саросар шукуфтанд! Аммф чаро булбул хомӯш? Пас гулҳо аз чӣ шукуфтанд? Бод накҳати хуши тарабангез ва фароғатбахши онҳоро ба машом мерасонад. Магар ин соҳир боди сабоҳ нест? Оре Лекин вай фақат вазифаи чокариро баҷо овардаасту халос. Ғунчаҳои муштоқ аз хосияти қаҳ-қаҳаи дилдодагон, ки бод онҳоро аз лабу даҳони дӯшизагони дилбохта рабуда ба ғунчаҳо бурда ҳадя мекард, мешукуфтаанд.
с. 1969

Комментариев нет:

Отправить комментарий