Ҳикояҳо, новеллаҳо, очеркҳо


ДАР САРИ ГУЛХАН

ё, морӣ ту, ки ҳар киро бубинӣ, бигазӣ?
Е бумӣ, ки ҳар куҷо нишинӣ, биканӣ?
Саъдӣ.
Ман ҳар сол таътилро дар шаҳр мегузарондам. Аммо ин тобистон ният кардам, ки дар деҳаи худ истироҳат кунам. Рафиқони давраи бачагиам, кӯчаҳои сердову дарахт, боғҳои пурмева, адиру дараҳои сабзу хуррам ва дарёчаи шӯхи деҳаро пазмон шуда будам.
Инак, чанд рӯз аст, ки ман дар деҳа.
Се нафар пеш аз ғуруби офтоб ба болои кӯҳи Гаё, баромадем. Мақсадамон шикор ва саёҳат буд...
Офтоб ба паси қӯллаҳои пурбарфи кӯҳ пинҳон мешуд. Шӯоъҳои тиллоранги он домани абрпораҳои сафеди ба қуллаҳо печондаро заррин сохта, бо
арчазор ва фарқу зарангҳое, ки дар ёнаву дара ва нишебиҳои кӯҳҳо қад кашиданд, видоъ намуда, ба фарози уфуқ ноаён бардошта мешуданд. Хониши кабкҳо, шав-шуви наҳрҳои кӯҳи ва варроси моли реза, ки дар ёнаҳо, дар зери арчаҳо мечариданд, бегоҳирӯзии куҳсорро боз ҳам гуворо мекарданд.
Ох, чӣ кадар пурчозиба ва фаттон аст куҳсор дар фасли бахор! Мақоли «ё шаҳри азим, ё кӯҳи баланд» шояд ба хамин  аӣём тааллуқ дошта бошад.
          Баъд аз нишаста қадаре дам гирифтан ба чунин қарор омадем, ки шабро сари кӯши ягон чӯпон гузаронда, саҳарии барвақт шикор бароем.
Бо ҳамин ният боз ба роҳ баромадем.
Ман ғарқи тамошои манзараҳо, ба гирду атроф муштоқона назар афканда, аз паси рафиқон роҳ мепаӣмудам. Ҳанӯз ба сари қӯш наздик нашуда, ба ногоҳ аз куҷое ду саги калони бадҳаӣбат паӣдо шуда, ба суи мо тохтанд. Мо бошем чун гӯсфандҳои ба гург рӯ ба рӯ зада, ба ҳамдигар ҷафс шудем. Сагҳо, харрос зада торафт ба мо наздиктар меомаданд. Ҳеҷ саг дар бадгирӣ, якраҳаги, нотарсӣ ва зӯрӣ ба саги чӯпонӣ баробар шуда наметавонад. Агар дар атрофи қӯши гӯсфанд шахси бегонаро дида монанд аз пора-пора карда партофтани ӯ рӯ намегардонанд. Мо чашм аз онҳо наканда бо қундоқи милтиқ таҳдидкунон фарёд мекашидем. Доду фарёди мо ва аккоси ғазаболуди сагҳо ба дара танинандоз шуда буд.
Бахти мо хандид. Мардаки салласурхи таёқбадасте сар-сари қир сагҳоро коҳиш карда давон меомад. Ин чӯпон буд.
-Бӯӣноқ! ӣулбарс! Дур шавед!—гӯён вай ба мо наздик шуд ва сагҳоро чунон бераҳмона зад, ки ман тоқат карда натавониста, аз вай илтимос кардам, ки назанад.
Вай дар ҷавоб:
-Феъли саг ба соҳибаш маълум. Инҳоро ҳамин тавр назанед, итоат намекунанд, гуфт ва сагҳоро ронду баъд омада бо мо вохӯрдӣ кард.
Сагҳо озурдахотир пешопеш, мо аз паси чӯпон равон  шудем.
Баъди якчанд кӯталро гузаштан ба дарае даромадем, ки саргаҳаш бениҳоят васеъ ва обшор буд. Дар он ҷо ду чупон гулхан гиронда буданд. Онҳо баробари моро дидан ба гирди гулхан палос партофта ба нишастан таклиф намуданд.
Оташ аланга мезад. Офтобаи пеши гулхан балақ-балак дошт, бар васфи гулхан суруд мехонд.
Сагхои ба мо ҳамлакарда андаке дуртар, дар ру ба рӯямон карор гирифтанд ва ба сӯӣ меҳмонони нохонда кач-кач. нигох карда гоҳ-гоҳ меғурриданд ва баъзан ба тарафи чупоне, ки бо зарби таёк онҳоро аз мо ронда  буд, гилаомезона нигоҳ карда мемонданд.
Чӯпонҳо се нафар буданд. Чӯпони ба мо шинос Темур ном доштааст. Ӯ тахминан 50-сола буд. Ин мард каду қомати базеб, рӯи дилкаш, манаҳи дарози серриш, чашмони хушрӯи дурахшон дошт. Қиёфааш ҷиддӣ буд. Ҳангоми гапзани лабони ғафсаш ба табассум моил мешуданд. Чупонӣ дуюм Саид ва дигараш Одина ном дошта, ҳар ду ҷавон буданд.
Баъди хӯроки гӯшти яҳнӣ, аӣрон ва қӯмоҷи болаззат дуртар аз гулхан, ба рӯи сабзаи хушбӯӣ чакманеро партофта дароз кашидам.
Акси сурхчаи шӯъла ларзида дар оғӯши торикӣ маҳв мегашт. Бод забонаи оташро такон медод. Рӯшноии он аз давра берун мебаромад. Сояи он панҷ нафари гирди гулхан аз баландупастшавии шӯъла гоҳ дарозу гоҳ кӯтаҳ мешуд. Ҳамин ки аланга сусттар мешуд, доираи рӯшноӣ тангтар мегашт, аз даруни торикӣ сӯроби рамаи гӯсфандони ба ҳар ҷо бетартибона хобрафта, теппа ва арчаҳои дар оғӯшӣ торикӣ басукутрафта, чун лаққаҳои дароз хира ба назар мерасиданд. Осмони соф бо зебоии асрорангезаш аз ҳарвақта дида бошукӯҳтар менамуд.
Рафиқонам рахти хоб густурда, сар ба болин гузоштанд. Онҳо хӯрок мекашиданд. Чӯпонҳои ҷавон яке дар боло, дигаре дар поёни қӯтан ҷо гирифта, пинак мерафтанд,
Танҳо Темур-амак дар сари гулхан бедор ва ҳамчун уқоби кӯҳӣ ҳушёр менишаст.
Ман аз ҷои худ хеста ба назди вай рафтам.
-Ҳа, хобатон набурд?— пурсид ӯ ва ба ҷавоби ман мунтазир нашуда гуфт.—Қоидааш, одами мондашуда ба  тезӣ хоб карда наметавонад, ва бо нӯги оташков ливакҳоро болои ҳам чида илова намуд:—Одами ногашта-дия.
Хомушии том.
Мехостам, ки Темур-амак бештар гап занаду сомеъ бошам, вале, мутаассифона, ӯ марди ниҳоят кам гап буда, сухан кунад ҳам, ҳар як калимаро оҳиста ва бомулоҳиза ба забон меовард.
Тоқатам тоқ шуд:
-Амак, ин аӣлоқ, чӣ ном дорад?
          -Ин ҷоро Боӣчоптӣ мегӯянд,— гуфт Темур-амак бо овози пасти ларзон ва пас аз андаке хомӯш илова намуд:— баъзеҳо аӣлоқи Ярғут ҳам мегӯянд.
-Аз чӣ сабаб?
-Таърихаш дуру дароз аст.
У баъди каме тавақкуф.— Ин аӣлок дар вақташ ба Дусталибоӣ ном бои Қӯнғурот тааллуқ дошт. Баъд бои деҳаи мо, ки Азизбек ном дошт, хун ва пули зиёде талаф дода ин аӣлоқро аз худ кард.
-Хуну пул? Ин чӣ гуфтаниатан?
-Эҳтимол деҳаи моро надонед. Он Пашми Кӯҳна ном дошт. Ҳозир вайрону валангор шуда рафтааст. Пагоҳ, вақти ба кули Ҷӯвозак рафта истодан, аз пеши роҳатон мебарояд. Пеш дар он деҳа бист хоҷагӣ истиқомат дошт, аксарият безамин, бемолу ҳол буданд, аз ҳамин сабаб ба Азизбек панҷяккор ва молбон шуда зиндагӣ мекарданд, Ману падарам даҳмардаи ӯ будем.
Тирамоҳе боронгарӣ бисёр шуд. Мо пештар аз дигарон гӯсфандро ба сӯи чӯл рондем. То Оқмасҷиди Боло тинҷ рафтем, ягон осебе нарасид. Бегоҳ вақти аз болои қишлоқи қунғуротҳо гузаштан чор нафар қунғуроти соҳибтаёқ «Шумо чаро ҷарогоҳи моро аз худ кардед?» гӯён моро калтаккуб карданд. Онҳо даҳ сар гӯсфанди сархелро ҷудо карда оурданд.
Ман лаҳзае пас ба худ омада, пеши гӯсфандони парокандашударо гардондам. Падари бечораамро, ки ӯро зиёдтар зада: буданд, пуштора карда, гӯсфандҳоро пеш рондам.
Пас аз як моҳ писари калонии боӣ хабаргирӣ омад. Вай аз воқеа хабардор шуда, моро ба ҷои дилбардорӣ додан лаънату дашноми зиёде дода рафт.
          Ин ҷароҳат, ки ба сабаби нобуд шудани даҳ сар гӯсфанд дар дили боӣ паӣдо шуда буд, мадда карда, баҳори ҳамон сол, баъд аз он ки Дусталибоӣ ба аӣлоқи худ рафта қарор гирифт, сар зад ва риму фасоди он бо хуни ашки сӯзони чанд бегуноҳ шуста шуд.
Темур-амак ливики дудкардаистодаро ба рӯи аланга гузошт.—Ҳамон сол барф бениҳоят баланд зад,— гуфт ӯ.—Ҳамин ки баҳор омаду роҳи рафтуомад кушода шуд, падарам «як хонаро хабар гирифта биём», гуфта ба деха рафт ва дигар ба сари қӯтан наомад. Ман хавотир шуда гӯсфандро аз ҳама пеш ба сӯи кӯҳсор, ба аӣлоқ, ҳаӣ кардам. Понздаҳ рӯз пас ба деҳа даромадам... Қошки намеомадам.
Ӯ оҳи вазнине кашида хомӯш гардид:
Вақте ки ба деҳа даромадам,— гуфт вай баъд аз якчанд дақиқа-деҳа мотамкада буд: хонаву оғилҳо, тамоман фурӯ рафта, девор ва дару дарвоза афтида буд, агар хонаҳои Азизбек, имоми деҳа, боз ду-се ҳамон сол андохта шуда намебуд, гумон мекардед, ки дар ин ҷо зилзилаи сахте шудааст.
Ман ба ҳавлиамон рафта, дар он ҷо ягон осори зиндагиро надидам: бом тамоман фурӯ рафтагӣ, болорҳо шикастагӣ, асбобу ускунаҳои рӯзгор дар ҳар ҷо-ҳар ҷои ҳавли парешон мехобид.
Гӯё ба гӯристон даромада бошам, вуҷудамро ҳолати ҳузнангезе фаро гирифт. Ба гулӯям мори ғаму андӯҳ ҳалқа зад, фарёд кашиданӣ мешудам, вале овозам намебаромад, хомӯш ба сари кулӯхе нишастам. Ашки чашмонам ҷорӣ шуд. Бо ҳамин аҳвол чи қадар шиштам, намедонам. Як махал сар бардорам дар рӯ ба рӯям, ҷӯраи падарам, Содиқ-амак нишастааст. «Хез, хона меравем. Одам гуфтагӣ худаша дошта мегирад. Ин мусибат як ба сари ту не! Хез, рафтем!» гуфта маро ба хонааш гирифта бурд.
Аз рӯи гуфтаи Содиқ-амак баъди чанд рӯзи боронгарӣ бегоҳие пас аз шӯриши сахти ҳаво, барфи тар то рӯз бо шиддат меборад.
Азизбек, гӯё аз фалокат воқиф, зуд барзаговеро сар зада мефармояд, ки дегро ба сари оташдон гузоранд. Ёздаҳ писараш навбат ба навбат, гӯштбирён хурда то рӯз барфи рӯи боми худашону имоми деҳаро мерубанд. Деҳқонони нимсеру ҷигдалибос илоҷи берун баромадан накарда «шояд барф монад» гӯён ночор хоб мекунанд.
Барф то саҳар қариб як қади одам мезанад. Ҳамаи хонаҳои фарсудаи нимдошт, ки деворашон аз борони якчандрӯза лоӣ гашта буд, фурӯ мераванд. Ғафлат мондагон зери хок мемонанд. Содиқ-амаку боз чанд деҳқони дигар аз сабаби навии хонаҳояшон саломат мемонанд.
Бою имоми деҳа «мардум аз нияташон ёфтанд. Онҳоро худо ба ғазабаш гирифтор кард. Тавба кунед!» гуфта ба кофта баровардани ҷасадҳо мадад ҳам намерасонанд. Содиқ-амаку боз 6—7 каси зиндамонда қариб як моҳ мурда мегуронанд.
 Падарам пас аз се рӯзи гӯрондани модарӯ хоҳарам ба деҳа меояд. Вай баъд аз нолаю фиғони ҷонгудоз ба сари қабри онҳо меравад. Аз он ,ҷо ба назди Азизбек меояд. Боӣ вайро дида «хафа нашав, хости худо ҳамин будаст. Ҳеҷ чиз аз тақдир берун намешавад», -гӯён ӯро тасалло доданӣ мешавад. Падарам ӯро дашном дода заданӣ мешавад, вале писарҳояш ба вай дарафтода, ба болои мурда сад чӯб, ӯро мурданивор мезананд. Содиқ-амак ва дигарҳо вайро аз таги дасти боӣбачаҳо халос мекунанд. Падарам касам  ёд мекунад, ки сари бои лаънатиро аз танаш чудо мекунад.
          Пагоҳаш аз кишлоқ баромада меравад.
          Ба куҷо? Ҳеҷ кас намедонад.
Темур-амак дар ин ҷо нақли худро қатъ намуд. Вай ба сӯе, ки сагҳо нохост аккосзанон давида рафтанд, нигоҳ карда гуфт:
-Ҷондоре омад. Эҳтимол хирс бошад. Ба ин ҷо хирсхона наздик аст.
Боз хомӯшӣ.
-Баъд чӣ кор кардед? — пурсидам.
Чӣ кор мекардам, гӯсфандҳоро ба сӯи деҳа рондам., Бачаеро ёфтам: «Рав, ба боӣ, гӯӣ, дову дастгоҳаша гирад» гуфтаму худам аз паи ҷустуҷӯи падарам шудам, вале уро наёфтам. Аз баӣн як мох гузашт, аз падарам дарак набуд. Ба эҳтимоли он, ки шояд дар сари ягон рамае бошад, аӣлоқҳоро кофтуков намудам.
Аввалҳои тобистон буд. Дар паси ҳар як ёна ва дарае рамаи гӯсфандеро дидан мумкин буд. Як бегоҳ ҷустуҷӯкунон ба ана ҳамин аӣлоқ, ки гӯсфандони Дӯсталибоӣ дар ин ҷо буд, омада мондам. Рама набуд, аммо ёнаву пуштаҳо аз ҷасади гусфандони Дӯсталибоӣ пур буд, ки онҳоро ба шоф ё табар зада куштаанд. Ин манзара маӣдони ҷангро ба хотир меоварад. Ман ҳеҷ чизро сарфаҳм рафта натавонистам. Дертар маълум шуд, ки дар баӣни Азизбеку Дӯсталибоӣ аз барои чарогоҳ задухӯрди сахте сар зада, аз ду тараф якчанд кас кушта ва ярадор шуда будааст. Дар задухурд дастаи Азизбек зӯрӣ карда, ҳарифашро аз чарогоҳ пеш мекунад.
Аз ин ҳодиса ҳокими Ҳисор воқиф гардида, ғолибонро ба Қаратоғ даъват мекунад, ба онҳо ярғу ҷаримаи вазнине меандозад. Ана аз ҳамон вақт ин ҷониб ин чарогоҳро Боӣчоптӣ, ё ин ки Ярғу ҳам мегӯянд.
Баъд падари худро ёфтед?
-Не, наёфтам. Ба қишлоқи Оби Бориқ назди амакам рафтам. Амакам дилбардорӣ дода «ҳамин ҷо мон падарат куҷое, ки бошад, меояд»— гуфт. Дар он ҷо мондам. Аз баӣн нӯҳ моҳ гузашт, аммо аз падарам дарак
нашуд.
Як руз ба куҳ барои чукуриҷини рафта оудам. Баъд як-ду даста чукурӣ чидан сахт ташна мондам, ба дараи Ях фаромада об нушидам. Вақти аз сари об хестан банохост чашмам ба  устухонбанди ҷасади одами афтода монд. Он чудо-чудо мехобид, барфу борон онро тамоман луч карда буд. дар хар чо-хар чо латта ва пахтапораҳои рангпаридан нимпӯсида дида мешуд. Ногаҳ назарам ба корди зангзадае афтод, ки аз ҷасад қадре дуртар мехобид. Онро аз замин бардоштам... Ин корди писари калонии боӣ-Раҳмонбек буд. Ман ин кордро борҳо дар дастн ӯ дида будам. Дилам ба як гумони бад далолат мокард, Гирду атрофро бодиққат синча кардам... Чакмоки зангзадаеро аз зери устухонбанди ҷасад ёфтам... Аз они падарам буд.
Темур-амак хомӯш монд, дар чеҳраи якчанд дақиқа пеш софи бегубори ӯ пардаи андӯҳ соя гузошта буд. Ӯ бо нуги оташков рӯи хокистарро хат мекашид. Чанд дақиқа бе гапу ҳарф нишастем.
-Баъд кордро чӣ кор кардед?— пурсидам ман.
-Ба соҳибаш супоридам.
-Чӣ хел?
-Чанд рӯз—гуфт чӯпон оташковро ба як сӯ гузошта,— роҳашро поидам, вале хонумонсӯзро наёфтам. Ба хонаи амакам ҳам нарафтам.
Рӯзе қад-қади дарё ба қишлоқи Оби Борик мерафтам, ки ба нохост ба гӯшам шиҳаи аспи аз пешомадаистода расид. Аз чизе гумон бурдаам. Ҷои пинҳоншавӣ набуд. Роҳ танг: як тараф-дарё тарафи дигар танаи суфтаи баланди кӯҳ. Зуд ба болои арчаи канори дарё баромада, ба қабаташ панаҳ гашта, мунтазир шудам. Дере нагузашта аз қабати дарахтон саворе баромад. Ин — худи боӣбачаи калонӣ Раҳмонбек буд. Дар сараш саллаи нав, дар бараш ҷомаи банорас дошт. Сараш хам, каӣфаш баланд. Аз афти кор, аз Қаратоғ меомад. Дилам гурс-гурс мезад. Навъе карда худро доштам. Вай наздик мешуд. Ба таги арча омад. Мехост гузашта равад. Ман аз болои дарахт ҷаҳида худро ба қафои савор гирифтам.
-Эҳ, воӣ! Ин чист?... Ту кистӣ?!— Гуфт боӣбача, ки аз тарс дарақ-дарақ меларзид.
-Ман-Темур, нашинохтӣ, номард?! Кордатро овардам. Ма гир!—боӣбача ба ҳуш омад. У ҳамла карданӣ шуд. Ман ба чуқураки гарданаш кордашро задаму худро аз асп партофтам... Рост ба пеши амакам рафтам...
Аз ин воқеа якчанд сол гузашт. Офтоби мо, камбағалон ҳам тулӯъ кард. Бою амалдорон монанди кӯршабпарак ба шӯълаҳои он тобоварӣ карда натавониста, ба даст яроқ гирифта ба офтоби бахти мо ҳуҷум кардани мешуданд.
Азизбек ҳам қӯрбоши шуд. Писаронаш ба мисли ӯ палидҳоро ҷамъ карданд, онҳо босмачи шуданд.
Ман хам ба сафи  фидоиён дохил шуда чанд вақт зидди дуздону амиру беки Ҳисор ҷангидам. Азизбек ба Афгонистон гурехт.
Колхоз ташкил карда, ба меҳнати осоишта машғул гаштем.
... Баҳори соли 1931 буд. Ман дар ҷангали Фарқистон: барзаговҳои колхозро мечарондам. Як бегоҳ дар осмон абрҳои сиёҳ паӣдо шуданд. Раъду барқ шуд, борон борид. Ба зери як арчаи бузурги сершоху панҷа паноҳ бурда, мунтазири исти борон менишастам, ки ногоҳ овози  сӯми аспон шунида шуд.
«Ба куҷо?» «Ба камари Абдулло!»— гуфта саволу ҷавоби ду касро шунидам. Якчанд лаҳза пас як гуруҳ са вор аз даруни ҷангал баромада, ба паӣраҳа, дуртар аз ман, гузашта рафтанд. Борон шиддат ёфта буд. Аз паси  тури он башараи онҳоро дида, кӣ буданашонро ба тезӣ муаӣян карда натавонистам. Ҳамаашон шоф ва милтиқ доштанд. Яке аз онҳо, ки аз ҳама ақиб мерафт, чашмаш ба ман афтида монд. Вай маро назди худ имо кард. Рафтам.
«Нон»- пурсид.
- «Надорам;»— гуфтам.
          «Ӯҳ, кофири даюс!»—гӯён ба тахтапуштам бо қамчин зад. Пуштам ғур хест. Қи будани он меҳмонони нохонда маълум гардид. Онҳо босмачиҳо буданд.
Барзаговхоро ҳамон ҷо монда ба сӯи қишлоқ давидам.
... Мо ҳамроҳи одамони ГПУ ба камари Абдулло рафтем, ки яке аз хилватҷои кӯҳи Шоҳинхона буд. Босмачиҳо ба камар даромада буданд. Раиси колхозамон, ки пеш командири дастаи фидоиён буд, ба сари раҳу паӣраҳаҳо одам гузошт. Маро ба сари роҳи лаби дарё монд. Худаш ҳамроҳи коркунони ГПУ ва одамони боқимонда Камари Абдуллоро иҳота кард. Паррон-паррон сар шуд.
Як маҳал бинам, ки касе аз болои харсанге худро партофта мехост ба суи дарё гурезад.
-Исто!— гуфтам.
Чун назараш ба ман афтод, дар ҷояш ҳаӣкалвор шах монд. Ман ҳам аӣнан ба чунин аҳвол афтодам, зеро ки дар ба рӯям душмани деринаам Азизбек кӯрбошӣ истода буд. Худро дошта «ха, гурги хунхор!... Магар нашинохтӣ?-Фарёд карда гуфтам,-ман Темур, писари Якуб дахмарда!» Ранги руи курбошӣ боз хам зиёдтар канд. Хост маро паронад, лекин тири ман ба пешонааш пештар расид...
Темур-амак охирин нимсӯхтаҳоро ба рӯи лахча болои ҳам гузошта, гуфт:
-Акнун хоб мекунем. Даҳонам тафсида рафт, шуморо ҳам аз хоб монондам.
               Баръакс, аз нақли шумо хеле баҳраманд шудам,— гуфтам дар ҷавоб.
Мо ба гирди гулхан дароз кашидем. Гулхан бедуд, равшан месӯхт.
Субҳ медамид. Ситораи рӯз дар як канори осмон шаъшаапошӣ мекард.
с.1952

Комментариев нет:

Отправить комментарий