Ҳикояҳо, новеллаҳо, очеркҳо


ОСОРИ ИНСОН

Он бино кун дар ин кӯҳанбунёд,
К-аз ту халқе кунад ба некӣ ёд.
А. X. Деҳлавӣ.
Дар деҳаи муҳоҷирон овозае паҳн шуд, ки Раҳмон- ака аз Фарғона баргашта омадааст. Ин хабари ғаӣри чашмдошт ҳамаро дар ҳаӣрат мононд. «Охир, вай ҳамагӣ ду моҳ пеш бо оилаи худ кӯчида рафта буд-ку? Ба вай чӣ шуда бошад-а?» мегуфтанд, онҳо ва ҳамон лаҳза симои марди миёнақади газгӯшт ва бодомчашми камриш, хандону беором пеши назарашон меомад.
1
Соли 1934.
Бегоҳирӯз буд. Гурӯҳи мардҳои гуногунлибос, ки навакак кӯч фуроварда буданд, як ҷо ғун шуда, қурси офтоби чун кураи оташ суп-сурхро бо мароқ
менигаристанд, Марди кулутарише, ки дар сар саллаи ба тарзи давулбегӣ баста дошт, бо бари ҷомаи сатини кабуди гулдораш ҷанги сару гардани худро пок карда истода, ба марди дар паҳлӯяш буда, ки сару либосаш ба ӯзбек буданаш гувоҳӣ медод, рӯ оварда гуфт:
          -Ин бесоҳибро бин, худи биёбони рӯзи маҳшар мегузаштагӣ барин ҳамвору беохир будааст ҳатто офтобро фурӯ бурда истодааст-е!
Он мард ба маънои тасдиқ сар ҷунбонда, монд.
-Ғам нахӯр, ошном-ӯзбек, коре карда ба воҳима афтода нагурезӣ шуд, ҳамакаса як бало карда чӯлро фурӯ мебарем.
Ошном-тоҷик,. ман-ку намегурезам, мегурехтам аз худи Фарғона ба ин ҷо намеомадам, лекин худата гӯ Хумори обу меваҳои кӯҳистон гирифта боз нагурезӣ гуфта метарсам.
-Дилат пур бошад! Модарам нофи манро бо каланд буридагӣ.
-Ин тавр бошад, дуямон як одам будем, ошно!
-Набошад чӣ.
Ин гуфтугӯи рӯзҳои аввали муҳоҷирони тоҷику ӯзбек, ки пасу пеш ба чӯл омада буданд, то ҳол ҳазломезона ёдоварӣ карда мешавад. Гарчанде ба кӯчида омаданн онҳо расо як сол шуда бошад ҳам, лекин то алҳол чул, чӯл монда буд, ниҳояташ ҳамагӣ якчанд кулбаяки поҳсадевори хаспӯш қомат бардоштаанд, ки сокинони аслии ин ҷоӣ — хазандаву даррандагон аз онҳо наҳаросида беибо наздик мешуданд. Вале кулбаҳо, бо вучуди он, ба густохиҳои бебоконаи чӯл — ба ҳуҷуми гармселу тундбод ва тӯфонҳои даҳшатноки он устуворона тобоварӣ карданд, чӯл дар охир маҷбур шуд, ки бо кулбаҳо ночор роҳи муросоро пеш гирад, дигар илоҷ ҳам надошт,
Яке аз бошандагони кулбаҳо, — зану шавҳари ҷавон — Раҳмонҷону Марҳаматхон ва духтарчаи онҳо — Эркинои ҳафтсола буд, ки қатори бисёриҳо бо орзӯю умедҳои калон муҳоҷир шуда омада буданд. Рӯзи кӯчфурорӣ Марҳаматхон, ки як зани инҷиқи якрав буд, биёбони беобу ранги ҷазираро дида, ба воҳима афтодан «ҳаӣ аттанг, ба гапи шӯм даромада беҳуда омадам. Одамизод шири хомҳурда мегуянд, рост будааст»— аз дил гузаронд ва бегоҳӣ ҳамон рӯз дар сари дастархон кафид:
Замин гиру чу нигар, духтар гиру ру нигар! — гуфтаанд, ин чӣ хел замин, ки на ҷу дорад, на ягон буттаи сабз? Тамоман сӯхта хокистар шудаги. Надидаю намонда ҷою ҷалоли ободро садқаи сар карда омадед. Дар ин дӯзахистон ҳаром мемурад кас.
Раҳмонҷон, ки сараш хам, буридаи нонро калон-калон газида аз болояш мавизро тоза карда ба даҳонаш мепартофт, ин гилаву гузори занашро шунида, «омад ба сарам аз он чи метарсидам», фикр мекард, баъд сар боло карда, пиёлаи чоӣро гирифту гӯё ҷои хазинаи гӯркардаро аниқ медониста бошад, дилпурона бо мулоиматӣ ба занаш гуфт:
-Надидаю насанҷида, гап назан! Исту-бисти ин замин ҳосил аст, «Ҳа» нагуфта мебинӣ, ки мехӯрдагиат равған шудааст.
Марҳаматхон ба ин «ҷигари нася», ки Шавҳараш калонгирона ваъда намуд, лаб бурма кард, сонӣ беэътимодона эрод гирифу:
-Худо шуморо ба гап офаридагӣ... Замин сер-одам сер, аз ин замини хароби қақир кӣ сер шуд, ки мо шавем.
Раҳмонҷон хост, ки мақоли «замӣн мегӯяд: ман дар зери поям, меҳнат кунӣ ба зарат мерасонам»-ро мисол оварда хазинаи лаболаб будани ин чӯлро исбот намояд, лекин бо ин кори: худ боз ба оташи дудкардаистодаи ғазабаш равған нарезам гӯён, ночор табассум намуда сукут карданро афзал донист...
Ҳамин тавр, рӯзу моҳу солҳо гоҳ ба кор, гоҳ бо маншаю моҷаро мегузаштанд. Баҳори дуюми соли муҳоҷирӣ дар назди кулбаҳои муҳоҷирон ниҳолчаҳои шудноки раӣҳону гулҳои ранг ба ранг, ки тухмашон аз фарғонаву кӯҳистон оварда шуда буд, сабзида ба воя расиданд. Бургану мушҳорҳои биёбон аз накҳати ин сиёҳҳои аз шарофати дасти инсон сабзида нафаси вопасин гирифта, ҷои худро хоҳу нохоҳ ба ниҳолҳои  пахтаю сабзавот медоданд. Рӯз аз рӯз синаи чӯлро ҷӯӣҳои хурду калон бӯрида, торафт дарунтар мерафтанд ва баробари он дар канори онҳо хати сабз паӣдо шуда тул мекашид...
* * *
Эркиноӣ ҳам баробари калонсолон давӯ ғеҷ мекард. У ҳам гов мепоид, ҳам ба падару модараш дар кори пахтазор мадад мерасонд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки хӯроки бегоҳирӯзиро хӯрдан ҳамоно ба ҷогаҳ худро мепартофт ва ҳамон дам хобаш мебурд. Аммо модари ӯ — Марҳаматхон, баръакс, бароҳат хоб карда наметавонист, аввалҳо аз тарси хазандаю газандаҳо ҳобаш намебурд, сонитар баъд аз хас-каппа сохтан  ба болояш баромада бафурҷа хоб мекардагӣ шуд, вале гоҳ-ногоҳ фикраш гурехта, бедорхобӣ мекашид, Одатан чунин шабҳо овози «дуп-дуп» бархӯрдани кӯбаи обҷӯвоз, ки онро ба кариби сохта буданд, садои  шилдироси оби нахру ҷӯӣчаҳо суруди чирчиракҳои гирду атроф ва нӯлаи ғашовари гоҳ-гоҳ шунидашавандаи шағолу боз ким- чӣ хел ҳаӣвонҳои .дигар, ки аз ким-кадом гӯшаи бокимондаи чӯл ба гӯш мерасид, боиси тамоман бехобии ӯ мегардиданд, Ва дар ингуна шабҳо вай бештар дар бораи ояндаи зиндагӣ, дар бораи хешу таборҳои дар Фаргона мондааш фикру хаёл мекард.
Сели сабза ба чӯл торафт зиёдтар паҳн мегашт. Акнун фотеҳони он бурё ва ё шолчакӯҳнаеро чатр сохта ба сояаш паноҳ намебурданд. Нурҳои аз қабати баргҳои дарахтони пурбор мегузаштагии офтоби тобистон дигар ба истироҳаткунандагон халал намерасониданд, ҳатто бодҳои оташиннафас, ки як вақтҳо ҳокими чӯл буданд, аз шарофати дами дарахту сабзаҳо ҳалиму серуннафас гашта, оромона мевазиданд. Фикру ақидаҳои Марҳаматхон ҳам дар хусуси ҷои истиқоматгоҳи наваш рӯз аз рӯз тағир меёфт. Чӯл пештара барин як махлуқи бадвоҳимаи касро ба коми даҳшатнокаш кашидаистода наменамуд.
Лекин баъзе шаб сокинони собиқи чӯл аз куҷое паӣдо шуда мурғ, ё остинчаю рафидачаро аз сари оташдон мебурданд ва ё бехи сабзавотҳои ҳаётчаро кофта ҳамаашро хароб месохтанд, ки ин боиси якчанд вақт хиратабъшавии ӯ мешуд, хусусан ҳодисаи ба қарибӣ шуда ӯро сахт ранҷонд.
Шаби гузашта Раҳмонҷон аз обҷувоз парешонхотир баргашт. Бинобар рӯзона фурсат надоштан, шабонгаҳ як ӯғур шолӣ сафед карданӣ шуда ба обҷувоз рафт. Дар рӯи суфаи обҷӯвоз дам гирифт. Оромии шаб, садои форами бо чархи обҷувоз бархӯрдани оби ҷӯӣ ва садои якхела афтидани кӯбаи обҷувоз ба Раҳмонҷони аз кор лакотшуда, чун суруди алла таъсир карда ӯро пинак равонд... Яке бедор шуду шитобон хеста ба даруни обҷӯвоз даромад, ки як чизи бадранги ноҳамворе ба ӯғур рафтаасту кӯба ба болои он «гуп-гуп» афтида истодааст. «Астағфурулло! Ин чӣ бошад-а?—гуфт  ӯ худ ба худ дар ҳаӣратмонда, чароғро оварда дид, ки пирхуки ваҳшие ӯғур катӣ якта гуш гашта хобидааст. Бечора Раҳмонҷон аввал барои ноэҳтиётона хоб карданаш худашро сарзаниш кард, сони ба падару бобою бобокалони хук лаънатҳои бисёр фиристод, баъд бо латтапорае аз пояш гирифта, кашолакунон берун бароварда партофт ва шолии нӣмсафеди хунолудшударо аз ӯғур гирифта ба об рехт, рафта обҷувозбонро аз ҳаром шудани кӯбаю ӯғур огоҳ намуд. Занаш, ки шаб аз чи вақт баргаштани шавҳараш хабар надошт, ҳангоми таҳтӯл дар куҷо мондани шолии сафедкардаашро пӯрсид, ӯ ночор воқеаи шударо бо хотири гарон гуфта дод.
-Ин чӣ ҷо, ки на фаӣзу барака, дорад, на осоиш! Як ӯғур шолии мурда-мурда меҳнат карда ёфтаи кас еми хук шавад. Худо гирад ин хел манзили балозадаро! — шавқуну тӯпаланг бардошт Марҳаматхон.
          -Хаӣр, биё мон. Бало ба пасаш, садқаи сар!-.. Худам ҳам хоби нохуше дида будам, ҳарчи ба ҳамон ба ромад,— гуфт Раҳмонҷон ва дид, ки занаш каме таскин ёфт, ҳазломезона илова карда монд; аслан ҷое, ки шира дорад, пашшаи хира ҳам дорад.
-Ширааш ҳам дар гӯру пашшааш ҳам. Не тоқати гулистонаш не тоқати хористонаш!... Шарм надошта боз шира дорад мегӯед... Тамоми вуҷудам сухта рагу паям хушк шуд, оташков гаштам, рӯзе нест, ки аз безгакаш ҷон наканам, ширааш ҳамин-мӣ? — гуфт Марҳаматхон ва пиёлаи холии дасташро ба рӯи хонтахта «тӯқӣ» карда монду аз ҷо хеста, ба сари оташдон чоӣдамкунӣ рафт. Раҳмонҷон хомӯш монд. Ба гапи ҳақ чи ҳам мегуфт.
Дар ҳақиқат табларза-безгак барои муҳоҷирон як офати дафънопазир шуда монда буд. Рӯзҳое мешуд, ка ба кори  саҳро танхо даҳ-дувоздаҳ кас мебаромад. Дигарон ё дар рӯи суфа ва ё дар сояи дарахте, дар даруни обу оташ ларзида бе ёду ҳуш мехобиданд. Ҳар тобистон аҳвол ҳамин буд.
Эркиноӣро ҳам рӯз дар миён табларза мегирифт. Падару модар дар болои тақдири ӯ чун барги бед меларзиданд, рангу рӯи аз вараҷа заъфаронгаштаи вайро дида дили ҳарду ҷаз барин месӯхт. Лекин Эркиноӣ ба Иқард бардоштнок буд, ки ҳамин ки аз чанголи табларза раҳо меёфт, аз ҷо хеста ба нею нестони модараш нигоҳ накарда ба корҳои хона ёрӣ мерасонд. Ин рафтори ӯ ба падару модараш каме хотирҷамъӣ мебахшид.
          ...Аммо як бегоҳ Эркиноӣ говро аз чарогоҳ оварда истода ба нохост беҳуш гашта меафтад. Ӯро аз роҳ бардошта оварданд ва фавран аз раӣон духтур ҷеғ заданд, лекин ҳануз духтур расида наомада, ин ғунчаи ношукуфта хазон гардид. Деҳа мотам гирифт.
          «Аз хешу табори дур ҳамсояи хуб беҳ» гуфтагӣ барин ҳамсояҳо ва дигар муҳоҷирон «заҳри одамро одам мегирад»— гуён шабҳо ба хонаи Раҳмонҷон гирд омада намегузоштанд, ки ӯ ва занаш дар зерӣ бори мусибат азият қашида, заҳр гирифта нишинанд, хусусан тоҷикони Ҳисор, ки дар сарзамини бобоёни худ, бо онҳо паҳлӯ ба паҳлӯ  истода талхию ширинии зиндагии муҳоҷиронро бо ҳам дидаанд, мувофиқи таомули худ, ҳар чизе ки баҳри таоми бегоҳирузи пухта бошанд, аз он як қисм гирифта омада, бо ҳам тановул  карда, то бевактии шаб гап-гап карда менишастанд.
Баъд аз оши соли Эркиноӣро додан хешовандон Марҳаматхоиро ба Фарғона, ба зодгоҳаш бурданд.
У пас аз як моҳ гашта омад... Вале ҳар замон, аз ин ҷо меравем, бас аст, ҳамин қадар фаӣзу барака дидем!, гӯён шавҳарашро ором намегузоштагӣ шуд. Раҳмонҷон, ки ҳар як бутта ё ниҳоли сабзондааш, ҳар як қитъаи замини навкорамшуда, ҳар як наҳр на ҷӯӣча, ки дар вуҷуд ёфтани онҳо дасти вай ҳам расидааст, барояш чун фарзанд шуда монда буд, партофта рафтан намехост. Вале хоҳиши ҳамсари азизашро, ки гармию сардии зиндагиро бо ӯ бо ҳам дидааст, рад кардан боз ҳам душвортар буд.
Рӯзе аз дӯсташ Бобосаид маслиҳат пурсид. Бобосаид, рости гап ба вай чӣ гуфтанашро надониста гаранг шуда монд, чунки аз Раҳмонҷон барин дӯсти қарин, ки бо у фарзанди як падару модар барин шуда монда буд, ҷудо гаштан барояш осои набуд; бинобар он маслиҳат дод, ки сабр карда истад, то ки худи вай як панду насиҳат карда бинад, зоро Марҳаматхон ба гап афтад. Раҳмонҷон ба натиҷа бахшидани ин маслиҳат дилаш пур набошад ҳам розӣ шуд, ки сабр кунад.
Аммо нашуд. Раҳмоиҷон ба ғит-ғити занаш тоқат накарда ҳавлиҷоӣро ба колхоз супурда ба Фарғона кӯчида рафт.
II
Ӯ боз гашта омад.
Вақте ки ёру дӯстон аз Фарғона боз гашта омаданн Раҳмонҷонро шуниданд, бениҳоят шод гаштанд, Бобосаид, ки он рӯз ба раӣон рафта буд, ба дидан дертар омад. Раҳмонҷон дар таги дарвоза истода як-ду каси ҳолу аҳволпурсӣ омадагиро мегуселонд, чун назараш ба вай афтод, гӯё бародари дербоз надидаашро дида  бошад, рӯҳ гирифта ба суи вай калон-калон қадам гузошт-»Биё, дӯстаки азизам!» гуён уро бародарвор ба оғӯш кашид, аз дидорат дил канда наметавонистам гуфт ӯ, дар ҳолате, ки дар чашмонаш ашки шодӣ ҳалқа мезад.
-Бисёр нағз кардӣ, кӣ  омади, бародар! Мо ҳам ба рафтанат афсӯс хӯрда, ҳар куҷо сифатат мекардему шабу рӯз дар орзӯи дидорат будем.
Онҳо ҳамин заӣл изҳори хурсандикунон вориди ҳавлӣ шуданд. Дӯстон ба рӯи кати зери себ, ки ҳамсоя-Абдунабӣ, аз хонааш палос оварда ба тартиб дароварда буд, нишастанд.
Аз кӯчида рафтанамон хешу табор ҷудо хурсанд гаштанд. Як ҳавлии хубу табъи дил ҳам ёфта доданд. Корамон фақат меҳмоншавию меҳмондорӣ шуд. Янгаат аз шодӣ дигар ба ман хурдагирӣ намекард... Риштаи нақл канда шуд. Раҳмонҷонака, гӯё чашмаш роҳ медида бошад, ба гулҳои абраи кӯрпача нигоҳ карда хомӯш монд.
-..Ҳм...
Бобосаид мад кашида хост аз дӯсташ чизеро бипурсад, аммо дид, ки худи ӯ маӣли гап задан дорад, лаб накушод.
Лекин,— гуфт Раҳмонҷонака нақлашро давом дода,— шабу рӯз фикру хаёлам ҳамин тараф шудан гирифт. Еру дӯстон, ҳатто, ҳар як ҷоӣ, ҳар як қитъаи замин, ҳар як дарахт, ки дар сабзонданаш хоҳ дастам расида бошаду хоҳ не,ба_пеши назарам омада ором намегузоштанд. Аз ин ҷо кӯчида рафта, баъд фаҳмидам, ки чӣ чизҳои азизу мӯътабарро аз даст дода истодаам.
Ин дам Абдунабӣ як табақ ош чоӣнаки чоӣ гирифта ҳамроҳи писарчааш, ки. дар як даст чароғи фурӯзон, дар дасти дигараш сатили об буд, омад.
-Э-э, ин  ташвиш чӣ лозим буд, Абдунабӣ-ука,-гӯён
Раҳмонҷонака табақи ошро аз дасти ӯ гирифта рӯи дастархон гузошт. Бобосаид табассумкунон чароғро гирифта гуфт:
-Абдунабӣ, додарам, «кори ақлона кардӣ-дия.
-Мардӣ навхонадоршудаю каси аз сафари дур пазмони ҷою ҷалол шуда омадаро таклифи хона кардан беҳуда аст,— мегуфтанд раҳмати падарам. Ҳарчанд кардам, ба хона нарафтанд. Чи кор қунам, ночор ҳамин тавр кардам, акаи Бобосаид,— узрхоҳӣ намуд Абдунабӣ ва ба писарчааш рӯ оварда гуфт:—Рав, писарам, ба амакат кӯрпаю болишт биёр.
Писарча, ки ба Раҳмонҷонака кунҷковона менигарист, гӯё маътали ҳамин фармоиш истода бошад, тозон баромада рафт.
          Баъдӣ тановули ош Раҳмонҷонака чоӣ нӯшида истода, нақли нимколамондаашро пурра кард:
Як шаб хоб дидам, ки духтарчаам-Эркиноӣ ғамгин аз дарвоза даромада омад гӯед, «дада, чӣ тавр дилатон шуд, ки мана танҳо партофта омадед?!», гуяд мешавад-ми. Бедор шуда, дигар каӣфам парид. Гилаи марҳума болои сӯхта намакоб шуд, куҷое, ки наравам, ба назарам овози гилаомези духтарам: аз буяи гӯшам шунида мешуд. Ба занам гуфтам, унгур-бунгур кард, дидам, ки дили омадан надорад, ту наравӣ, ман рафтам гуфтаму хеста омадам.
-Бисёр нағз кардӣ, бародар! Охир, ин ҷо ҳам гӯё зодгоҳи ту, умри ҷавоният дар ҳамин ҷо гузашт. Хеш гӯи ҳамаи мо хеш, ёру бародари ту ҳастем,— дилсӯзона ҳамдардӣ кард Бобосаид.
-Ҳа, акаӣ Бобосаид дуруст мегӯянд, мо ҳама хешу табори шумо, Раҳмонҷонака!—тасдиқ намуд Абдунабӣ,. Бобосаид манаҳи серриши худро хорида истода илова кард:
-Аз бобати занат ғам нахур, рӯзе мебинӣ ки омад. Ман ба очаи бачаҳо мегӯям, аз шустушӯю рӯбучинат хабардор шуда меистад. Агар хуб гӯӣ, биё то омадани занат дар хонаи ман зиндагӣ кардан гир. Чӣ гуфтӣ?
-Не, бародар, ба ман ҳамин ҷо нағз.
* * *
Раҳмонҷонака мувофиқи хоҳиши худ мисли пештара боғбон шуд. У ҳар пагоҳ аз ҷо хеста, аввал ҳаётачаашро як давр зада, дарахтони онро дида мебаромад, баъд таҳтул карда ба кор мерафт. Баъзан дари хонаеро- ки  як вақтҳо духтараш дар он хуфту хез мекард, кушода, «гӯё хаӣр, духтарам, ман ба кор рафтам» мегуфта бошад, лаҳзае ба он нигоҳ карда мемонд.
          Дар ин гуна мавридҳо ӯ як марди хамидақомати  нотавон шуда мемонд. Лекин ҳамин ки аз ҳавлӣ баромада аз назди наҳру ҷӯӣча, заҳбуру қитъаҳои заминш корам ва дарахтон гузашта ба суи боғ  мерафт, аввалааш барин қоматаш рост ва сараш баланд бардам қадам мегузошт. Ба ӯ чунин менамуд, ки наҳру ҷӯӣчаҳо,  заҳбуру заминҳои сабзпӯш бо забони ҳол: мо маҳсули  сарпанҷаи туем, аз ин рӯ ту ҷавону ҷовидонӣ, Раҳмон!—мегуфтанд. Дарахтони қад-кади наҳру роҳҳо сабзондааш бошанд, ҷавондухтару ҷавонписарони барои ҳурмати вай аз ҷо хестагӣ барин менамуданд. «Дар ҳақиқат Бобосаид дуруст мегӯяд, ки ба ғаӣр аз фарзанд барои инсон кӯпрук, хонаву ҷоӣ, заминҳои обод кардаи ӯ, каналу ҷӯӣборҳои кофтааш, ҳам дарахтони сабзондааш ҳам осори умр шуда метавонад. Ин рост аст. Осори ман бошад, мана инхоанд».— Аз дил мегузаронд ӯ, ҳар боре, ки назараш ба пахтазори беканор ва дарахтони пурбор меафтод.
III
Аз баргашта омадаии Раҳмонҷонака якчанд харбузапаз гузашт. Акнун деҳаи Муҳоҷирон, ки як вақтҳо аз  якчанд кулбаҳои хаспӯш иборат буд, ба дараҷаи шинохтанашаванда тағьир ёфтааст, ки бинанда онро, бешубҳа, шаҳрча мепиндорад. Одамонаш аз шаҳди зиидагии хушу хуррам месароянд:
Соқӣ ба нури бода барафрӯз чоми мо!
Мутриб бигу, ки кори чаҳон шуд ба коми мо!
Агар кас аз назди тахтаи фахрии пештоқӣ гӯшаи ветеранҳои колхоз гузарад, он боиси ҳусни таваҷҷуҳи вай мегардад: дар он акси Раҳмонҷонакаи хандон, Марҳаматхони хаёлманде (ӯ ҳам пас аз як моҳи омадани шавҳараш низ омада буд) ва Бобосаиди хушҳолро дида, дар дилаш хоҳу нохоҳ хоҳиши аз ҳаёти ин аввалин фотехони чӯл ҳеҷ набошад чизеро донистан паӣдо мешавад,
с.1968

1 комментарий:

  1. Ин шаҳодати ман дар бораи кори хуби Сардори Эли Додору, ки ба ман кӯмак мекунад .... Ман Энн Эрнис аз шимоли Каролинаи ИМА ҳастам. бо кӯмаки ин кастери имло, шавҳари ман, ки дар тӯли 3 соли охир маро тарк кардааст, баргашт, ман оқибат ин одамро дар сайти блоге ҷойгир кардам, ки яке аз муштариён барои кӯмак расонид, ман ба ӯ ҳама чизро фаҳмондам ва ӯ ба ман дар бораи кастер имло, ки ӯ медонист ва ба ман whatsapp дод, то ба кастери имло бинависад, то дар бораи мушкилоти худ ба ӯ нақл кунам. Ҳамагӣ 2 ҳафта, шавҳарам ба назди ман баргашт. Ман фақат мехоҳам, ки ба ин кастери имло ростқавлона ва самимона ташаккур гӯям, ҷаноби ҳамаи шумо ба ман гуфтед, ки иҷро шуд ва ҷаноби сипосгузор. Лутфан ман мехоҳам бигӯям, ки ба ҳар касе, ки ягон роҳи ҳалли мушкилоти худро ҷустааст, бо эҳтиром ба ин кастери имло маслиҳат кунед, ӯ воқеист, вай тавоно аст ва ҳар чӣ кластери имло мегӯяд, чӣ мешавад, зеро ҳар он чизе, ки кастори имло ба ман гуфт, омадааст Гузаштан. Шумо метавонед бо ӯ меҳрубонона дар тамос шавед: whatsapp +2349015088017

    ОтветитьУдалить