Ҳикояҳо, новеллаҳо, очеркҳо


ДАРДИ ЧАШМИ БИБИОИША

 «Дуд дар ҳонае, ки роҳ кунад,
Дару девори он сиёҳ кунад».
Рӯзҳо гузашт, моҳҳо гузашт... аммо чашмони дардманди Бибиоиша ҳеҷ рӯи беҳбудиро надиданд. Пилкҳояш варам карда, чашмонаш сурх гашта, мижаҳояш бо чирк ба ҳам часпида буданд. Дигар вай умедашро канда буд: «ба гапи мардум гӯш карда, аз чашм мондам, акнун бас»,— мегуфт вай худ ба худ.
Бибиоиша, ки як чашмаш базур медид, нав аз хоб бедор шуда, дар тараддуди он буд, ки чашмашро дурусттар кушода аз ҷо хезад вале якбора дарвозаи яктабақаи ҳавлӣ кушода шуду аз он як ҷавони понздаҳ- шонздаҳсола даромада омад.
-Оча, очаҷон—гуфт он ҷавон ва давида ба сари кампир омада, ӯро бар оғӯш гирифт.

-Фарзандакам, ҷонакам, Ғаюракам!—мегуфт ва аз хурсандӣ чи кор карданашро намедонист Бибиоиша.
-Ба чашматон чи шуд?—бо ҳавос пурсид Ғаюр,— чаро ба мактубҳои ман ҷавоб нагардондед? Ман охир...
-Очет ба ту садқа,— гуфт сухани писарашро бурида аз чашмам гап напурс, ман кӯр мешудагӣ барин.
-Ин чӣ гуфтагетон? Ба духтур нишон додед?
-Духтур чӣ мекард? Ҷои нарафтагиам намонд?
-Куҷо рафтед, ба кадом духтур?
Ба духтур нарафтем, ба пеши Турсунхола рафта будам, Қучурма карда монд. Боз ҳар кас чизс гуфт кардам, фоида накард...
Бибиоиша гапашро тамом накарда, кампири ҳамсоя аз дариҷа даромада омад.
-Ин овози кӣ бошад, гуфта гӯш кардам, ба гушам ошно расид, пусад пирӣ, дуруст надонистам, ки Гаюрҷон будааст. Канӣ, бачем, ҳар чӣ дуруст ҳасти? Тану ҷонат сиҳат? Хонда мулло шуда омадӣ?
-Ха, дуруст,— гуфта монд дар баӣии гап Гаюр. Аммо кампири сергап дар як дам саргузашти шашмохаро гуфта дод.
-Бачем!—гуфт вай дар охири гап,— ба очет мазорҳо бор партофтаанд: ҳар чӣ пешаша гирифтем, набошад, ким-чиҳо мешуд, уҳ, худо накунад-е...
Аз ин гапҳо ва сарахбори модараш Ғаюр фаҳмид, ки вазъияти чашмони модараш бад аст ва ин дард дар натиҷаи нодонии худи ин кампирон шудааст. Акнун кӣ медонад, чӣ мешавад! Мумкин аст ки модари бечора кӯр шуда монад.
* * *
Баъди ба хондан рафтани Ғаюр, як рӯз Бибиоиша аз хоб бедор шуда чашмашро кушода натавонист.
-Чӣ шуда бошад?—гуфта худ ба худ фикр мекард.
Вақте ки кампири ҳамсоя Бибиқишлоқӣ-ба чашмони вай нигоҳ карда фикри худро гуфт, дили вай боз ҳам ба воҳима афтид: наход, ки мазор бор партофта бошад?
Хаӣр, чӣ кор кунам, хола? Пеши инро чӣ хел гирифтан мумкин?
-Илоҷаш осон, бачем,— гуфт Бибиқишлоқӣ,— дар деҳаи Холисон Турсунхола ном як фолбини калон ҳаст. Илоҷи кори шуморо ҳамон зан накунад, дигар касе карда наметавонад. Албатта, ба пеши вай равед.
-Нағз гуфтед, хола. Набошад, ба пешн вай меравам, аммо чӣ гирифта барам?
-Чӣ мебурдед, бачем, ягонта мурғ-ми, ғоз-мӣ, баред, шуд-дия.
-Хаӣр, саломат бошед, хола-гӯён Бибиоиша ба хонааш баргашт. Вай ҳамон рӯз як кӯрпаи тозаи дар бисоташ будагиро фурӯхта, ба понздаҳ сӯми он пул як қоз харид. Рӯзи дигар ба сӯи ҳавлии фолбин равон шуд.
Ҳаво гарм буд, фаранҷию чашмбанд дар ҳавои гарм нафаси занаки бечораро мегардонид, арақ аз сару рӯяш мерехт, чашмонн дардмандаш бадтар сӯзиш карда, ба  дард медаромаданд. Роҳи дуру дароз, серчанг. Аробахои колхоз мегузаштанд. Як автомобили боркаш бо шитоб гузашта рафт. Чанги кӯча ба осмон баромад. Бибиоиша якчанд дақика роҳ гашта натавонист, баъд аз паст шудани чанг боз ба роҳ даромад,
...Аз дур духтаре меомад. Фаранҷӣ надошт, куртаи чакани тунук пӯшида буд. «Чӣ тавр нағз-а» аз днл гузаронд ӯ.
Духтарак наздик шуд. «Чашмони сиёҳ, мӯӣҳои дароз, хушрӯяк будааст».
- Духтарам, ба қишлоқи Холисон наздик расидам- мӣ?
-Ҳа, камтарак монд,—гуфт духтарак,— ҳамин тавр рафтан гиред, расида мемонед.
Духтарак гузашта рафт. Лекин орзӯ ва ҳавас дар дили Бибиоиша ҷӯш мезад: «Кошкӣ ҳаминака келин кунам. Ғаюрҷонро хонадор карда мемондам... Духтари кӣ бошад?».
Вай духтаракро бори дигар диданӣ шуда, ба пасаш нигоҳ кард. Ва якбора пояш ба думи фаранҷӣ банд гашта, чаппа шуда афтид. Хоки роҳ ба даҳону бинию чашмонаш даромада, ӯро ба ҳолати ногуворе андохт.
«Оҳ, кошкӣ ман зан намешудам, ки ин фаранҷии зормонда ба сарам намеафтод!»
Бибиоиша аз ҷояш хеста, худашро афшонда тоза карду боз ба роҳ даромад. Дар даромадгоҳи қишлоқ аз як бача пурсида, ҳавлии фолбинро  ёфт. Ҳавлии вай дар як канори қишлоқ буда, як даричаи каҷу килеб дошт. Бибиоиша дариҷаро кушода даромаду дид, ки Турсӯнхола як кампири миҷморуқи чашмонаш ба косахонааш фурурафтаги дар сояи дарахти тут нишастааст.
-Ассалом,— гуфт Бибиоиша ба назди кампир рафта.
-Вааллеӣкум ассалом, биёед духтарам, эсонамон гаштед-мӣ? — гуфт кампир.
-Дуруст,— ҷавоб дод Бибиоиша,— лекин чашмам дард мекунад.
Канӣ, пештар омада шинед, ман бинам, гуфт кампир ба чашмони сурхшударафтаи Бибиоиша назар кард,— ӯҳӯ-ӯ.„ Авлиёҳо бор андохтаанд. Хаӣр, зарар надорад. Ман камтар дору дорам, ҳозир ба чашмат даво мекунам. Агар бо ин ҳам дуруст нашавад, баъд кучурма карда мемонам.
-Илоҳӣ нафъ кунад,— гуфта Бибиоиша дар рӯ ба рӯи вай нишаст.
Кампир ба кафи дасташ камтар хокистарро рехта, онро ба чашмони ӯ пуф кард. Баробари ба чашмаш расидани хокистар, Бибиоиша «Воҳ» гӯён ба чашмони худ дарафтод. Аммо кампир бошад, бепарвоёна заҳрхандакунон қоматашро ба пеш хам карда гуфт:
-Зарар надорад. Аслаш ҳамин тавр аст. «То насӯзад-насозад» гуфтаанд.
-Сӯхтанаш ба ҷаҳаннам. Тоқатам намонд.
-Имруз сабр кунед, фардо як хурӯс, якта ғоз, як-
та бедона харида таӣёр кунед, баъд як гурбаи зардҳам ёфта монед: худам бо Умрибахшӣ рафта кӯчурма мекунам.
-Ҳа, хуб...— гуфт базӯр Бибиоиша ва ба шиддати дард тоқат карда натавониста, аз ҷо бархест.
Шаб Бибиоиша хоб карда натавонист. Рӯзи дигар бо ёрии Бибиқишлоқӣ аз бозор як хурӯс, як ғоз як бедона харид; ҳамсоя гурбаи зард дошт, онро ҳам панҷ сӯм дода гирифту бо ҳамин ба сари пули кӯрпа об рехт. Баъд аз пешин Турсунхола бо Умрибахшӣ омаданд. Онҳо баъд аз дам гирифта чоӣ нӯшидан, ба кор сар карданд.
- Гурба ёфтед-мӣ?
-Ҳа, ёфтам,— гуфт Бибиоиша ва аз ҷояш хеста берун баромад. Дар таги дарахти тут як гурбаи зард баста мондагӣ буд. Гурбаи бечора худро ба ҳар тараф зада, аз ҳавли ҷон ба дастони Бибиоиша дармеафтод.
-Гурбаи хуб ёфта мондед,- гуфт Умрибахшӣ биёед, ман бо хуни ин бадани шуморо «эм» карда монам.
Умрибахшӣ он қадар сангдил буд, ки ба нолиданҳои гурба аҳамият надода, гуши онро бо кордча шартӣ бурид ва хуни онро ба пиёла рехт. Баъд аз он ба ҷароҳати гурба хокистар пахш карда, онро ба ҳолаш гузошт.
Биёед, акнун,- гуфт вай ба Бибиоиша-хун кунам.
Умрибахшӣ тамоми бадани Бибиоишаро бо хун ҷулонд, ҳатто ба чашмони пурхунгаштаи вай хуни гурбаро молид. Чашми дардноки ӯ тамоман намедидагӣ барин шуда монд.
Баъди ин «давоҳо» ду бахшии дигар ба даст доира гирифта ба назди у омада нишастанд ва доира зада ба хондан даромаданд:
Алас! Алас! Алас! Алас!
Аз ҷамъи балохо халос!
Ба чӯлхо рав! Ба кӯҳо рав!
Ҳо, рав мегӯям рав!
Хонпарӣ, марҷонпари, раӣҳонпарӣ,
Калпарӣ, аъварпари, урёнпарӣ,
Чӯраҷин, мастураҷнн, марҷумаҷин,
Дупарӣ, малъунпари, шаӣтонпари,
Модадеву лодадеву содадев,
Нарпари, нархарпарӣ, нодонпарӣ,
Рав, рав акнун, ки ман амр кардам,
Як соат ҳам наист дар ин чо ҷонпарӣ!
Дарди чашм, гармни ҳаво, овоз ва мағали бахшиҳо, мақоми доира сари Бибноишаро ба дард дароварда, ниҳоят беҳуш шуда афтид.
Ба кампирҳо ҳамин даркор буд. Онҳо бо ёрии Бибиқишлоқӣ аз дег шӯрборо кашида ба хӯрдан сар карданд.
-Ҳар чӣ, ором гирифт, мегуфт Турсунхола ва осудаҳолона шӯрбо мехӯрд. Вақте ки аз даҳонн Бибиоиша кафк омада дасту пояш ба ҳаракат даромад, Бибиқишлоқи ва дигарон ба сари ӯ ғун шуданд, ба рӯяш об пошиданд ва ӯро ба ҳуш оварданӣ шуданд.
-Дидед,— мегуфт бо ғурур Турсунхола, бори зӯр афтида будааст, хондани мо ба ҳолу ҷонаш намонд, барои ҳамин ҳам худаш аз ҳуш рафт, хаӣр, ин фоида дорад.
Рузҳо гузашт, аммо чашми дардманди Бибиоиша руи беҳбудиро надид.
* * *
Ғаюр модари худро аз пеши духтур гирифта меомад, онҳо аз кучаи сердарахт ва сангфарш меомаданд. Ҳоло чашмони Бибиоиша чароғ барин равшан, ба дунё бо хурсандӣ нигоҳ мекард.
-Илоҳӣ несту нобуд шавад урфу  одати куҳна- мегуфт вай-бачакам, агар ту намешудӣ,—ман кур мешудам, маро кӯру кару гаранг карда буданд.
-Ана, дидед, духтур чиҳо гуфт. Акнун худатон сиҳат шудед, намонед, ки дигарҳо ҳам ба рузи шумоафтанд!
Бибиоиша суханони писарашро бо сарҷунбонӣ тасдиқ карда гуфт — Рост, бачем, ҳанӯз ман барин нодонхо ҳастанд, ҳанӯз Турсунхола барин кампирҳои зарарнок ҳастанд. Сири онҳоро фош кардан лозим.
   -Дуруст,— гуфт Ғаюр,— мо ин заҳрпошандагонро амон намегузорем.
с.1938

Комментариев нет:

Отправить комментарий