Ҳикояҳо, новеллаҳо, очеркҳо


«ЧӮБИ КИРМХӮРДА»

«Даст агар дар кор машғул аст, дил осудааст,
Саӣидо.
Ману рафиқам дар як гӯшаи чоӣхона нишаста, дар бораи масъалаи муҳиме баҳс мекардем. Рафиқам, ки дар ақидаи худ устувор буд, барои исботи фикраш чунин нақле овард.
У марди қоқинаи дар намуд чил-чилупанҷсола буд, чашмони дар косахонаашон фурӯрафта дошт, ки дар зери абрӯвони зардӣ тунукаш ноором мёдурахшиданд. Манаҳи нӯги дурбмонандаш нисбат ба биниаш қадре пешбаромада буд ва дар мавриди табассум кардан ниҳоят безеб мегашт.
Ин одам Носир-эҳтиёт ном дошт, ки бо вай дар қишлоқи Кӯчкак, ҳангоми лекцияхонӣ шинос шуда будам. Аввалҳо лақаби «эҳтиёт»-ро ба таври худ фаҳмида, ӯро шахси сариштагар ва эҳтиёткор мепиндоштам. Аммо сонитар
донистам, ки ин лақаб ба номи вай тамоман бо сабаби дигар ҳамроҳ карда шудааст. Боре бригадири он қишлоқ омада гуфт, ки Носир-эҳтиёт аз кор саркашӣ карда истодааст. Ман мебоист бо ӯ ҳамчун агитатор сӯҳбат кунам. Бо ҳамин ният рост ба ҳонааш рафтам. Ҳавлии ӯ дар миёнҷои қишлоқ, дар сари гузар будааст. Гирдогирди ҳавлӣ девори баланди сархордор буд, ҳатто рӯи бом ҳам сархор дошт. Ба дарвоза наздик шуда, хостам, ки номи соҳибхонаро гирифта ҷеғ занам, лекин ин дам чашмам ба пахта ва латтапораҳои ба тарқишу сӯрохиҳои дарвоза ҷо кардагӣ афтода монд. Хеле дар тааҷҷуб шудам, чунки одатан сӯрохии дарҳои хонаҳои печкадорро ҳамин тавр мекарданд. «Наход ки ин одам ба рӯи ҳавлиаш печка шинонда бошад-а?» гуфтам худ ба худ.
Дарро кушодаму қадам ба дарун гузошта «Носир-амак, ҳо, Носирамак»! гӯён ҷеғ задам. Аз дарун зане бо овози паст «нестанд»— гуфта ҷавоб дод.
Ман чӣ кор карданамро надониста баргашта рафтам.
-Рӯзи дигар, баъди дарс ба хона рафта истода будам, ки аз қафо касе «муаллим!» гуфта ҷеғ зад. Нигарам бригадири деҳаи Кӯчкак-Бобошариф ба обу арақ ғӯтида омада истодааст. «Хуш, ба хаӣр! пурсидам хавотир кашида.
-Тинҷӣ, ҳамту омадам.
-Ин тавр бошед, гардед, ба хона меравем,— таклиф кардам ман.
          -Не, раҳмат. Беҳтараш, ба қишлоқ меравем.
-Барои чӣ?
-Хамту. Як саӣр-дия.
Ба чеҳраи тираи ӯ нигариста ба хулосае омадам, ки  дар дил ягон аламе дорад. Лекин кӯча ҷои пӯрсуков набуд, бинобар ин ташна будани худро баҳона карда,  аз дасташ гирифта ба хона бурдам.
Дастархон партофта пас аз як-ду пиёла чоӣ сабаби  омаданашро пурсидам.
Воқеа ин тавр шуд,— гуфта у бемуқаддима ба шарҳдиҳӣ сар кард,— рӯзе. ки шумо ба Хонаи Носир-эҳтиёт  барои сӯҳбат кардан рафта будед, ман дар раӣон будам... Биём, ки қишлоқ аз мағалу ғавғои Носир-эҳтиёту  занаш шишта мехезад. Пурсуҷӯӣ карда фаҳмам, Носир  дина ба куҷое рафта будааст, ин пагоҳ омада, ногоҳ  чашмаш ба изи мӯзаи каси бегона, ки дар таги дарвозахона нақш ёфтааст, меафтад ва дуд аз димоғаш мебарояд. «Ба хона кадом хушдорат омада буд!» гуфта ҳақорату дашном медиҳад. Бечора занаш бошад,» «ҳеҷ  кас наомадааст. Дина як кас омада аз таги дарвозахона истода шуморо ҷеғ зада буд», мегӯяд.
-»Дурӯғ мегуӣ! Ин ҷо Бобошариф омадагӣ. Ман паи музаи вайро шинохтам».
-»Тӯҳмат  накунед!»
-Э, маккора, ман аз он одамҳои ту мегуфтагӣ не,  ки фиреб диҳӣ,— гуфта занашро дошта заданӣ мешавад, лекин занаш:  
-Якта зану рӯзата бин! Ту Ҳонасӯхта, гап назанам,  ёзида рафта истодаӣ,— гӯён аз ҷояш ҷаста мехезад.—  Канӣ, наздик шав»!
          Носир-эҳтиёт мебинад, ки авзои занаш беҷо шуда  истодааст, руҷӯъ накарда кӯча мебарояд...
Баъд чӣ шуд!—пурсидам ман аз Бобошариф.
-Ҳеҷ чӣ... Худаш барин бекорхӯҷаҳои ҳангоматалабро дар кӯча ғун карда, «дод аз дасти Бобошариф, ки занамро бероҳа кард», гӯён ғавғо бардошта шиштааст,— гуфт дар ҷавоб Бобошариф.
-Ман— вай истиҳоламандона сар хам намуда, дигар чизе нагуфту пӯчоқи пистаҳои шикастагиашро тӯб кардан гирифт. Дадам, ки чизе гуфтанӣ, вале андеша менамояд.
-Истиҳола накарда гап задан гиред,— гуфтам ба вай.
-Ба гумонам, ин паи пои шумо бошад даркор,— гуфт зери чашм ба рӯям нигариста.
-Шумо чиҳо гуфта истодаед! Охир, ман ба он ҷо дина рафта будам-ку! Наход, ки то ҳол нақши пои ман истода бошад!
-Бале, чунки вай ба таи дарвозааш мудом рег пошида мемонад. Ба ягон ҷо равад, онро бо ҷорӯб ҳамвор карда, паӣгир мекунад. Мардуми қишлоқ, ки аз ин наӣранги ӯ бохабаранд, агар корашон афтида монад, аз дарвоза дуртар истода ӯро ҷеғ мезананд.
Лаҳзае хомӯш шуду баъд, гӯё ки худ ба худ гуфта истода бошад, ғурунгос зад:
-Обрӯи ман садқаи сар-ку, лекин ба зани покдомани вай дили кас месӯзад.
-Набошад, вақти таъхир нест. Хезед, рафтем!— гуфтам, аз ҷо хеста дастурхонро ғундошта истода илова кардам:—Ба ин кундфаҳми якрав асли воқеаро гуфта диҳем, шояд аз аспи ҷаҳл фарояд.
Пиёда ба роҳ даромадем.
Бобошариф роҳравон дар бораи Носир-эҳтиёт нақл кард:
-Носир ба меҳру вафои занҳо боварӣ надорад,— гуфт ӯ. Яке аз занҳои сардодаи вай, ки Ҳанифа ном дошт, ба пардозу ородиҳӣ бисёр иштиёқманд буд. Ин хислати вай Носир-эҳтиётро ба ташвиш мемонанд. Аз  ҳамин сабаб рӯзона аз хона қадам берун намегузошт, шаб гарчанде сар ба болини хоб ниҳад ҳам, мижа намезад. Ба ногоҳ хобаш бурда монад ҳам, аз ташвиш  халос набуд, чунки дар хобаш зани худро бо ким-кадом «хушдораш» дастгир мекарду дод-бедод карда мардумро ба ёрӣ ҷеғ мезад. Бедор мешуд, ки занаш дар паҳлӯяш ба ҳузур хобидааст.
Ба назараш чунин мёнамуд, ки хама аз паӣ бадном кардани зани вай ҳастанд. Агар ба магазин, ё ба ягон ҷои дигар рафтанӣ шавад, духтарчаи ҳамсояро ҷеғ зада ба назди зани худ оварда мемонд. Ё худ ба кӯҳ барои ҳезум рафтани шавад, занашро ҳам бо баҳонаи «тамошодиҳӣ» ҳамроҳ гирифта мебурд.
Чӣ мегӯед, ки умри ноосудаи Носир-эҳтиёт муттасил бо шубҳаю эҳтиёткунӣ мегузашт.
Баъзе шабҳо ба занаш-ман фалон ҷо меравам гӯён1 аз дарвоза берун мешудаасту ягон ду-се соат пас ба даруни ҳавлиаш паси ҳам якчандто кулӯхча мепартофтааст ва то хеле вақт ба ҷавобан омадани кулӯхча маътал меистодааст. Чун медидааст, ки истодан бефоида, ба хона бармегаштааст.
Ман механдидам.
Рафиқам, аз афти кор, аз хандаи ман ба шавк омад,  ки табассум кард.
-Ба гапи ғалатӣ механдед-а?— Баъд, гӯё чизи муҳимме ба хотираш омада бошад, лабхандкунон гуфт:
Як шаб бо ҳамон занаш, ҳарду барвақт хоб мекунанд, ҳамин ки занро хоб бурд, Носир-эҳтиёт аз ҷогаҳ: ноаён баромада ба ҷояш лӯлаболиштро хобонда, ба сари он тоқиашро мегузорад ва кӯрпаро болотар кашида; мемонад. Сонӣ аз хона баромада, барои занашро санҷидан, ба даруни коҳдон пинҳон шуда аз он ҷо ҳамчун; «хушдор» аввал паст, сонӣ сахт якчанд бор ҳуштак мекашад.
Занаш бедор мешавад, овозӣ ҳуштакро шунида дилашро ваҳм зер мекунад, мехоҳад ки шавҳарашро бедор кунад, вале дар ҷои ӯ болиштро дида, дар ҳаӣрат мемонад, аз ҷояш бармехезад, аммо зуд дар куҷо будани гапро фаҳмнда, «— қилиқи ҳунукат дар гӯр!», гӯён сар ба болин мегузорад.
-Худи ӯ чӣ кор мекунад, ки барои ин хел бемазагиҳо вақт дорад?— пурсидам ман.
          -Чӣ кор мекард? Ҳеҷ! Вайро кор фармуда ҳам бинед-дия!.. Боре дар аӣни долу зарби кор раис ба бригадир мефармояд, ки ба чӯл, барои алафдаравӣ одам фиристад. Ӯ якчанд касро ба рафтан таӣёр карда ба машина савор мекунад. Худи ҳамин вақт ба нохост Носир- эҳтиётро дида мемонанд, ки аз куҷое омада истода будаст. Носир, назараш ба бригадир афтидан ҳамон, худро чунон касали сахт вонамуд мекунад, ки бинанда гумон мекунад, ҳамин замон мемурад. Аммо бригадир ба макри ӯ фирефта нашуда «ака Носир, таӣёр шавед, ба ҷӯл меравед», мегӯяд. Вай бошад, нотобиашро баҳона мекунад ва мебинад, ки бригадир аз нияташ баргаштанӣ. нест, «медонам, ту бо кадом мақсад мана ба чӯл -рохи кардан мехохи»— гуфта мағал мебардорад. Ду-се кас вайро бардор-бардор карда ба машина савор мекунанд. Лекин машина ҳанӯз чоряки роҳро таӣ накарда,  Носир-эхтиёт «имшаб бригадир ба сари зани ман меравад»— гӯён худро аз мошина партофта ба хонааш меояд.
          -Пас, ҷанҷоли изи по чи шуд?—бетоқати карда пурсидам ман.
          -Ҳа, дар воқеъ... вақте ки ману Бобошариф қишлоқи Кӯчкак расидем, рӯз бегоҳ шуда буд. Носир-эҳтиётро аз хонааш ёфтем Бобошарифро дида авзояш беҷо шуд. Ман аз тарси он ки мағал нахезад, шитобон аз  мақсади омадани худ гап кушода, рӯзи гузашта омада  уро наёфта рафтанам ва изи по аз они ман буданашро бо мулоиматӣ ба вай фаҳмондам. Аммо вай бовар накард, қасам ёд кардам. Сад қасам як пул! «Кар шунидагиашро, кӯр қапидагиашро намемонад» гуфтагӣ барин «юҳ изи пои ҳамин ҳаромхиштак аст!» гуфта ду поро ба як муза ҷо карда, Бобошарифро аӣбдор мекард. Ӯ дасти худро ба Бобошарифи бегуноҳ шоф намуда, «ту мана хонавайрон карди. Ба суд меравам, аз болоят шикоят мекунам!» дӯғу пӯписа мекард... Шарифа ҳамон рӯз ба хонаи модараш тамоман рафта будааст. Дидам, ки намешавад, аз наздаш баромада рафтам.
* * *
          Аз ҷониби клуби деҳа овози карнаи радио ва ғалоғулаи бачагон баланд гардид. Мардум як-як аз чоӣхона баромада ба кино мерафтанд. Мо ҳам хестем. Бо яке аз кӯчаҳои камодами қишлоқ ба маӣли хотир қадам гузошта ба сӯи клуб равон шудем.
Мавҷи кабудчаи дуд, ки аз поёни қишлоқ ноаён бардошта шуда, ниҳоят суст ҳаракат мекард, аввал кулбаҳои паст, сони дарахтони хурду калонро коҳилона ба  оғӯш мегирифт.
Дам ба дам боди салқини бегоҳирӯзӣ бо бӯи тезӣ дуд омехта мевазид.
Ман, ки ба манзараҳои бегоҳии деҳа мафтун гашта, нашъамандона қадам мегузоштам, аз кору кирдори Носир-эҳтиёт дар тааҷҷуб мешудам.
-Аз баӣн якчаяд баҳор гузашт,- гуфт рафикам ва думчаи папиросашро ба даруни чуӣчаи кади рох партофта, наклашро давом намуд:-Ман солхои охир дар рузномаи раӣони ходими адабӣ шуда кор мекардам. Як рӯз бо коре ба қишлоқи Кӯчкак рафта будам- Дар он ҷо Носир-эҳтиётро дида мондам, ки аз кор бармегаштааст. Ба холам намонда ба хонааш гирифта бурд.
Чоӣнуши карда шишта будем, ки ба хона занаш Шарифа даромада омад. Вай дар ошхона кор мекардааст. Акнун вай ба он Шарифаи иештара монандӣ надошт:  рухсораҳои анорвор суп-сурх, танутӯши пурра, чеҳраи  дилкаши хандон... У камтар бо мо чақ-чақ карда нишасту баъд хеста аз паси дегу табақ шуд. Ҳангоми аз дар баромадан шавҳараш ба ӯ гуфт: «сабзию пиёзро ин ҷо биёред, ман реза кунам, шумо дигарашро дидан гиред».
-Раҳмат, худам мекунам. Шумо ба меҳмон сӯҳбат карда шинед, меҳмон зиқ нашаванд,— гуфт ӯ.
Ба ростӣ, ин гуна зисту зиндагонии дилписанд ва  гуфтугӯи меҳрубононаи онҳоро дида бениҳоят хурсанд гаштам. Ва дар як вақт ба донистани он мӯъҷизоте, ки Носир-эҳтиётро бо Усто Носир (ҳамон шабу рӯз дар сохтмонн колхоз дуредгар шуда кор мекард) табдил дода, аз дилу ботини вай чангу ғубори гузаштаро руфта, ба ҷои он оташи зиндагонии навро афрӯхтааст, шавқам то рафт зиёдтар меафзуд.
Пурсиданро муносиб намедидам, чунки гузаштаи ногуворро ба ёди соҳибхона овардан, ба назарам, аз доираи одоб берун менамуд. Ҳар чӣ, хушбахтона, худи соҳибхона чоӣ кашида истода дар ин бобат гап кушода гуфт:
-Рӯзе аз магазин буд-мӣ, ё куҷои дигар, он қадар  нагз дар хотирам нест, омада истода будам, ки ба нохост парторги колхозамон аз рӯ ба рӯям баромада монд, вайро чашми дидан надоштам, зеро ки бо панду насиҳатҳои худ безорам карда буд. Ӯ боз, чун одат, маро ба як тарафи кӯча кашида, ба насиҳат сар кард. Дар ҳамин асно ҷавони роҳгузаре, ки ба ҷониби идораи колхоз рафта истода буд, ба вай рӯ оварда гуфт:
-Парторг-амак, овора нашавед, аз ин чӯби кирмхӯрда ҳеҷ чиз намебарояд!
Ин писханд ба мисли нештар таъсир кард. Ин таъна набуд, гӯё тире буд, ки ба ҷигарам расида бошад, аз хашм печутоб мехӯрдам. Охир, чӯби кирмхӯрдаро бинокорон аз баӣни чӯбҳо ҷудо карда мепартоянд. Он ба ғаӣри сӯхтан, дигар ба ягон чиз кор намеояд. Бачаи набакор ба парторг «аз ин ноқисулақл чӣ манфиат мебаояд, ки бо вай овора шуда мешинед» гуфтанӣ мешуд. Ҳамаи таънаю надоматҳои то он дам шунидагиам ҳам як шуду тамасхури ӯ ҳам як шуд. Истода-истода алам мекард. Ҳамон шаб то рӯз паҳлӯ гашта баромадам.
Рӯзи дигар, бегоҳӣ барои чорта ҳасрат кардан ба меҳмонхонаи Усто Ҳаӣдар рафтам. Меҳмонхона аз одам пур буд.
Салом дода даромадам. Касе «боло гузаред» он тараф истад, ҳатто «биёед» ҳам нагуфт. Ин назарнописандӣ ба ман бисёр сахт расид. Чӣ илоҷ, дар қатори бачаҳо дар поӣгаҳи хона нишастам. Баъди камтар аз ину  он гап-гап кардан як нафар аз аҳли давра аз токчаи  хона китоберо гирифта бо овозн баланд хонд. «Ҳазору  як шаб» будааст.
Дар он воқеа аз зангирию занкушии як подшоҳ сар  шуд. Дар назари аввал ин рафтори подшоҳ ба ман маъқул тофт, чунки ҳамон вақтҳо «Макри зан-ҷуволи арзан» гуфтагӣ гап ба мағзи сари ман мехи кӯфтагӣ барин сахт ҷо шуда буд. Аммо ҳамин ки хондан бас шуд, аксарият он подшоҳро «аҳмақ, ҳаӣвони беҳис! ...Вая  бина, ҳамаи занҳоро гунаҳкор медонистааст» боз ким- чиҳо гуфта нафрин карданд. Ман ҳам дудила шуда мондам.
Боз ҳаминаш тааҷҷубовар буд, ки баъзеҳо подшоҳро нафрин карда, гӯё он подшоҳ ман бошам, ё ки ба он робитаи хешӣ дошта бошам, ба ман теғ кашида нигоҳ мекарданд, писханд мезаданд. Ҳатто баъзе аз нишастагон хӯрдагирӣ карда ба ман гап парронданд ҳам:
-Худи ака Носир барин будааст.
-Лекин ёфтед, худи худаш. Фарқаш ҳамин ки вай мекуштаасту ин кас сар медодиянд,— гуфт як ҷавони навбурут.
Ба ин пичингу кинояҳо тоб оварда натавониста ба он ҷавон гуфтам:
-Ба даҳонат нигоҳ карда гап зан, гӯсола!
Хостам боз се-чор даҳон гапи обдор зада адабаша диҳам, лекин Усто Ҳаӣдар сарзаниш кард:
-Чӣ қаҳрат меояд... аз ин зиёд чӣ мекардӣ?!— гуфт ӯ— Соле як зан гирифта онро бадном карда сар медиҳӣ. Боз ба ту ҳам забони гуфтор!...
Дигар ҷои гап задан набуд. Димоғам сахт сӯхт. Тоқат накардам ностуфкуниро баҳона карда,- берун баромадам, рост ба хона омадам.
Дар роҳ худ ба худ алов гирифтам: барои чӣ онҳо ба ман беилтифотӣ мекунанд? Охир, ман ҷави ягонтаи онҳоро хом дарав накардаам-ку! Ту ҳам он подшоҳи аҳмақ барин бадгумону бадрашк ҳастӣ гуфтанд... Барои чӣ ин китоби зормондаро хонданд?... Чӣ мегӯед, ки фикр мекардаму ба охири фикри худ расида наметавонистам. Оташи аламам гаштаю баргашта тоза мешуд...
Сухан калтак нест, ки одамро занад, аммо гарданро мешиканад,— мегӯянд, рост будааст. Охир, суханони нешдори он бача, таънаю надоматҳои он шаб дар меҳмонхонаи усто шунидагиам маҷбур карданд, ки сар хам карда чукуртар фикр кунам.
...Нашуд, аз паи ҷустуҷӯи зан шудам, чунки баъди баромада рафтани Шарифа аҳволам ҷудо ҳам бад шуд. Ободии хона зан будааст. Бе зан-зиндагӣ на лаззат доштаасту на рагбат,— гуфту хаелмандона як-ду қултчоӣ нӯшида суханашро идома дод:
          -Баъд аз рафтани Шарифа мазаам гурехт. Маҷбур шудам, ки аз паи ягон зани дигар шавам, лекин ин дафъа толеам мадад накард, ҳар куҷое, ки рафта ба бевае хостгор шудам, аз худам пештар овозаи хонадориам , ба онҷо рафта, ба рӯям дарвозаи умедро баст.
Ночор фӯта ба гардан карда, боз ба пеши Шарифа  рафта тавбаю тазаррӯъ кардам, ки ба хона баргардад,  лекнн баргаштан он сӯ истад, ҳатто ба рӯям нигоҳе ҳам накард. Дигар дари умед намонда буд, бинобар он ба ҳамагуна хорию зорӣ тоб оварда хирагӣ карда ҳар рӯз ба наздаш мерафтам... Аз ҷонаш безор кардам. Дар охир ба шарте, ки агар ба кор карданаш иҷозат диҳам, ба хона меомадагӣ шуд. Розӣ шудам. Вай баргашт. Ду рӯз пас ба кор баромад.
Ман бошам, хонабон шуда менишастам. Рӯзи дарозӯ парешону бадгумон шуда дар хона шиштан ба дилам зад. Нашуд, дос гирифта ҳамроҳи Шарифа ба дарав мерафтагӣ шудам. Сонитар ба кори сохтмон гузаштам...
-Рости гап, ман гумроҳ шуда будиям. Умуман одам, кӣ коргурез шавад, ба ҳар бало гирифтор мешудааст. Худо хаӣри Усто Ҳаӣдарро диҳад, ки маро ба қабаташ гирифту аз ин мараз халос шудам.
          Шарифа табақи палави буғаш баромадаистодаро гирифта даромад...
Рафиқам аз роҳ гаштан боз истода қомат рост намуд ва ҳамчун ғолиби маӣдон ба рӯям рост нигариста пурсид:
-Хуш, акнун чӣ мегӯӣ, меҳнат тарбият мекардааст?
-Чӣ ҳам мегуфтам, гапи ту ҳақ...
Ба клуб расидем... Кино сар шуд.
с.1964

Комментариев нет:

Отправить комментарий