Ҳикояҳо, новеллаҳо, очеркҳо


ҚАДАҲИ ОХИРИН

Дар беҳбудии худ дӯсти худ бишнос.
Мақол.
Орифзода ба машаққати зиёд аз ҳуҷуми тӯфони барф раҳо ёфта ба ҳавлӣ дохил шуд ва ба даҳлез даромада барфи сару танашро афшонд, калӯши худро кашид, ба нарангушти аз сӯрохии ҷӯроби фартут баромадааш, ки аз таъсири сармо суп-сурх гашта буд, нигоҳи пурандӯҳе карду вориди хона шуд.
Ӯ ба печка ҳезум чида, камтар карасин рехта, оташ гиронд. Қарнаи печ қирс-қирс карда метасфид.
Орифзода андаке гарм шуду гӯгирд гирифта чароғи дудзадаеро, ки дар рӯи пештахтаи тиреза буд, даргиронд. Аз кисаи палтои нимдошташ шишаи арақро гирифт ва даҳони онро кушода пиёларо пур кард, бо як нафас дам кашиду тоқиро аз сараш гирифта даруни онро буид. Аз кисаи дигараш турберо гирифта бо корди
чиркин, ки дар тоқча меистод, пӯст карда ба тақсимчаи ношуста реза кард. Ва ба соат нигарист, ки ақрабаки он рақами даҳро нишон медод. Ба назди тиреза рафту қирави шишаро бо остинаш пок намуда, ба берун назар афканд: барф меборид, бод уллос мекашид.
Дар саҳни ҳавлӣ касе наменамуд.
Боз пиёларо лабрез карда дам кашид ва ду-се турбпораро газак кард.
Дар ин гуна як рӯзи саид одамон бо ёру бародарон ва дӯстони ҷонӣ ба як ҷо ҷамъ мешаванду вақтхушӣ мекунанд, қадаҳ мебардоранд.
Оре, Орифзода ҳам ин гуна хурсандиҳоро борҳо дидааст. Дар хонаи вай ба соли нав як моҳ пеш таӣёрӣ  медиданд. Гӯсфанди бӯрдоқӣ қушта, таомҳои гуногун пухта, сари дастархонро аз коняку арақ пур меқарданд. Хона бо ёру дӯстон пур мешуд. Хурсандии аз- ид пеш сар шуда то нимаи моҳи январ тӯл мекашид.
Акнун чӣ? Радди маърака- Еру дӯстонаш худро канор гирифтаанд. Орифзода сар ба каф гузошта ба хаёл  рафт.
Ӯ дафтари бухгалтерии худро ба хотир овард. Ана, боре дар ресторан дӯсташ Карим Бӯчка: «ба саломатии дӯст ва додари қиёматиам!» гӯен қадаҳ бардошта ӯро  бӯсиданӣ мешуд. Орифзода аз кирдори вай шармида  худро ба канор мекашид ва ба одамони гирду атроф харосон назар меафканд.
-»Карим!—гуфт Шариф Шалғам, ки дар паҳлӯи рости Орифзода савлат карда менишаст, вақте ки хомӯш менишинн, ба хумчаи пурмаӣ монанд шуда, ба кас мефорӣ, лекин ҳамин ки даҳон кушодӣ, бочкаи холӣ барин мешави. Беҳтараш даҳон накушода ба бочкаат рехтан гир». «Ҳу, Шалгам!—овози нарғӯли Карим Бӯчка ғул-ғула андохт, худат-ку маза надорӣ, боз барои  чӣ ба ҳар ош чаккаву ба ҳар нон ҷазза мешавӣ. Шалгамвор суп-сурх шуда ҷим шинӣ, ман чӣ мегӯям. Охир  ман-ку дар бораи бо Орнфзода дӯсти ҷонӣ будани худ гап зада истодаам. Ту бошӣ...
-Э-э-э, маншаю моҷаро чӣ лозим,— эрод гирифт Халим Ишрат, ки соқӣ буд,— ҳамаи мо дӯсти ҷонӣ, дар ин бора ҳоҷати гап ҳам нест. Беҳтараш чорта каӣф кунем. Баъд ба хонаи Сорохон меравем. Имрӯз ба онҷо  се нозанин омадагӣ.
Вай офисианткаро ҷеғ зада ба гӯшаш чизе гуфт; Лаҳзае нагузашта аз ҷонибе, ки дастаи навозандагон менишастанд, оҳанги «Танавор» баланд гардид.
...Дӯстон рафтанӣ шуда баробар даст ба киса бурданд. Вале Орифзода ҳардафъина барин онҳоро аз ташвиши пулдиҳӣ озод намуда, ҳисоби харҷро худаш баробар кард.
Чунин лаҳзаҳо, ки дар вақтҳои охир тез-тез такрор меёфт, аз пеши назари ӯ лентаи киновор мегузаштанд.
* * *
Орифзодаро ба ғаӣр аз худ, гуфтан мумкин, дигар бадхоҳе набуд. Охир, худаш буд, ки дар ин олам дӯсти аз ҳарчӣ беҳтар, гӯён бо Карим Бӯчка, Шариф, Шалғам ва Салим Ишратҳо дӯстӣ кард ва чизеро аз онҳо дареғ надошт. «Зиндагӣ ин аӣшу ишрат, дигараш бе- кор»—гӯён сар аз машрубот набардошту по аз кӯи нозанинҳо наканд. Зан ва духтарчаашро аз хона бароварда пеш кард. «Худбинӣ кардам- мегуфт ӯ худ ба худ насихату  таъкидҳои рафиқи ҳаётам — Зӯҳро, дӯстам Нури мсхрубонро ба инобат нагирифтам, аз онҳо ру гардонджа, ба ту  шароби лаънатӣ, дил бастам. Акнун  мисли аробаи шалақ аз катор берунам карданд... Маълум мешавад, ки ба дуне барои зиндагии осуда наомада будаам».
У сар аз кафи даст бардошту ба пиёла маи боқимондаро рехт ва ба соат нигарист, ки расо ёздаҳуним буд. Вале то хол ягон кас наздаш наомад. Ба берун ғам- гинона нигариста ба фикр рафт. «Аз афти кор, нӯшидан гирам, то рафт талҳтараш баромадан мегирад. Акнун бас аст нӯшидан. Ҳаӣ нӯшидам, ба сарам шох набаромад. Абгор шудам... окибат кӯҳнаколои сари порутӯда барин бекадру беэътибор гаштам.
Дар саҳнаи ҳаёт бозича шудам... Бад-мӣ, хуб-мӣ, ба ҳар ҳол бозидам. Дигар чӣ монд? Ман ба кӣ даркор?  Аз ин хел зиндагӣ чӣ фоида?»
Вай ҷаста хест, чангаки дарро андохта омада пиёлаи арақи боқимондаро бардошт:
-Соли нав,— гуфт ӯ,-,аз омадани ту шод нестам, туро дидан намехоҳам, ман ҳам бо соли кӯҳна меравам! Бигузор, барои ман ин қадаҳи охирин шавад!— Нӯшид ва ҳамчун даррандаи саӣдгумкарда ба гирду атроф чашм давонд. Баъд бо як қатъият кордро гирифт ва рост ба гулуяш бурд.
Вай ҳис кард, ки ҳозир «кор тамом» мешавад. Аммо  дар ин лаҳза ҳама роҳҳои таӣкардаашро аз хаёл гузаронда, дар бораи саҳву хатоҳояш дар дили худ дарду алами зиёдеро ҳис кард. Чеҳрааш тира гашт. Неши корд ба хекиртак рост шуд.
Ногоҳ касе дари хонаро сахт кӯфт. Худкуш монанди ҳаӣкал шах шуда монд, корд дар даст чи кор карданашро намедонист. Дар боз базарбтар садо дод.»Кушо, Муқим!»— нидо дод кубанда. Корд аз дасти Орифзода афтид. У ба худ омада, баъд аз қадре таҳаммул дарро кушод.
-Аллакаӣ соли навро гузаронда, хоб кардӣ-чӣ?— гӯён аз дар марде даромада омад. Оянда чагмани худро бо як чобукӣ кашида ба сари мех овехт.
Соҳибхона меҳмонро дида, ба ҳолати ногувор афтод,  чунки дар рӯ ба рӯи вай Нур, ҳамон дусташ, ки якчанд сол пеш аз ӯ рӯ гардонда буд, меистод. Аз ҳамин сабаб  ҳозир вай аз омадани ӯ ҳам хиҷил буд ва ҳам хурсанд Нур бошад, баръакс, баъди гарму ҷӯшон вохӯрӣ карда ҳолу аҳвол пурсидан, бо тамкин дар бораи аз раӣон пиёда 24 километр роҳро чӣ тавр таӣ карда омадани худ накл мекард.
-Намедонам, ин тӯфони лаънатӣ дар куҷо буд, ки омада-омада ҳамин рӯз бедор шудааст,— гуфт ӯ,— расо ҷонамро ба ҳалқам овард: ман як қадам пеш мегузорам, вай ду қадам қафо тела медиҳад...
 Орифзода ба чеҳраи хандони Нур нигариста, дар миёнҷои хона то хеле вақт хомӯш истод. Ҳақиқатан  ҳангоми бекинаву адоват бо дили соф сухан гуфтани  Нур дар қалби ӯ ким-чӣ хел як гармии ҳаётдӯстию рафоқат падид омада вуҷудашро фаро мегирифт.
...Рӯи миз, ки якчанд лаҳза пеш чизе надошт, бо ҳасиб, гӯшти яхнӣ, моҳӣ ва бодиринги шӯр, қанду курсхои ҳархела зинат ёфт.
Нур «Қоняк»-ро кушод, ба ду пиёла рехт. Ва яке аз онҳоро ба пеши Орифзода гузошта гуфт:
          Муқим, аз гуфтаҳоят маълум мешавад, ки бисёр сахтиҳоро дидаӣ, зарар надорад, «то насӯзӣ-насозӣ»  гуфтаанд... Ман ду сол боз дар Ғарм будам. Курси зоотехникиро тамом карда омадам.
Ӯ андак таваққуф карда, боз ба сухан оғоз намуд:
-Акнун, ба ту лозим меояд, ки корро аз нав сар кунӣ. Агар «ҳа» гӯӣ, ба колхози «мо биё, хоҳӣ табелчӣ, ба ин «не»— гӯӣ ҳисобчии ферма шуда кор мекунӣ,. Бачаю качаатро ҳам мебиёрем, чӣ гуфтӣ?
Орифзода, ки ба хавотир менишаст, ба ин таклифи  Нур чӣ гуфтанашро надониста монд: Ниҳоят ӯ паси гардан хорида гуфт:
-Ман як одами маӣзада бошам, ба қатори одамон даромаданам амри маҳол аст...
-Э, э ин гапҳоро мон. Гӯсфанд дар зери як пӯст чанд фарбеҳию харобиро мегузаронад. Аз сари одам ҳам чиҳо намегузарад. Ҳар як пешпохӯрии мо дар зиндаги як сабақ аст.
Орифзода, ки аз хушҳолию олиҷанобӣ ва дилбардориҳои Нур дар як гӯшаи дилаш шӯълаи умед паӣдо шуда буд, рост ба рӯи дӯсташ нигоҳ карда гуфт:
-Менӯшем, лекин бигузор барои ман ин қадаҳи охирин шавад!
Вай қадаҳи якчанд дақиқа пеш бо ҳамин алфоз. нӯшидаашро ба хотир оварда, табассум кард.

Комментариев нет:

Отправить комментарий