Ҳикояҳо, новеллаҳо, очеркҳо


ҚАТРА БА БАҲР РЕХТ

Эӣ дил!
Ту дар канори чунин баҳр кардаи
манзнл!
Фақат хатар набувад дар канори он
будан,
Шараф барои ту бо мавҷҳо равон
будан,
Ҳаёт ҷӯшзанон меравад.
Ба суръати том...
Ҳ. Юсуфӣ.
Офтоб ғуруб мекард. Пардаи тирае рӯи пастию ҳамвориҳо, талу қуллаҳои кӯҳҳоро фаро мегирифт. Боди даӣду, монанди коргурезе, ки тамоми рӯз хоб карда
баробари гаштани шиддати гармӣ дашту ҳомун ба саӣр мебарояд, саракҳои тиллоранги гандумро навозишкорона такон дода, бӯи хуши онҳоро бо накҳати гулҳои буяву янтоқ омехта, ба машоми даравгарон бурда мезад.
Сунбул бандҳои бастаашро ғанак зада, аз ҳама пеш ба роҳ даромад.
Раънову Савсан аз ин кирдори ӯ дар тааҷҷуб монда, зуд кори худро анҷом доданд ва барои ба вай расида гирифтан ҷадал намуданд.
Аз паӣраҳаи каҷу килеби кӯҳӣ қофилаи даравгарон, пиёдаву савора, чанг хезонда ба деҳа нишеб мешуд. Раънову Савсан тозон аз раҳакиҳо пеш гузашта, ба Сунбул расида гирифтанд ва ба ҳамдигар маккорона чашмак зада, бо овози баланд «Ёр-ёр>> бардоштанд:
 Келин омад аз раҳи дур-е,
Худо кунад умраша пур-е,
Келин омад аз ёбон-е,
Домод ояд гулчошон-е!
Ин ширинкории онҳо ба ҷои он, ки кароҳати шӯхии ин нимирузӣ кардаашонро аз дили Сунбул бардораду ӯро хандонад, баръакс, ба болои сӯхта намакоб шуд...
Нашуд, ҳвр сето деҳа хомӯш рафтанд.
Ҳама ҷоро торикӣ. фаро гирифт. Тангкӯчаву паскӯчаҳо хилват буд. Аммо дар кӯчаи марказии деҳа рафтуои одамон ва мошинҳо, ки ба фермаи колхоз беда мекашонданд, давом дошт. Рӯшноии чароғҳои мошинҳо ҷақида, деворҳои хона ва дарахту буттаҳои чангзеркардаи канори рохро лаҳзае мунаввар сохта пеш медавид. Дуртар аз идораи колхоз як «оҳи» дарозе кашиду истод. Аз кабинаи он марди миёнақади китфнок баромад ва рост ба сӯи идора нигоҳ карда, бардам-бардам қадам гузошта рафт. Ин мард раиси колхоз-Юнусов буд, ки аз кор бармегашт. Ӯ ба идораи ҳисобчиҳо даромада аз он ҷо ба кабинети худ гузашт. Баъд аз камтар дар рӯи диван дам гирифтан, ба паси мизи кории худ нишаст. Аввал як пиёла чои яхнӣ нӯшид, сонӣ ба дидани аризаю мактуб ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки имрӯз котиб дароварда монда буд, кунҷи ҳар кадомаш санаи рӯз гузошта, имзо мекард.
Ҳамин дам:
-Мумкин-мӣ?— гуфтани касе шунида шуд.
Раис аз рӯи қоғазҳо сар бардошта, суи дар нигарист.
Марди сӣ-сивупанҷсола аз дар сар даровард ва барои он ки мӯзаи вазнини кориаш овоз набарорад, нарм-нарм қадам монда ба раис наздик шуд.
-Хӯш, Ҳикмат, ахвол чӣ тавр?—Камтар шишта ист, ман ҳозир,— гуфт раис ҳуҷҷатеро хонда истода.
Ҳикмат ба дивани нав, ба курсиҳои ҷилдсафед ва дандаи ҷувазкашиаш, ки аз доғи равған мӯзаи навлокзада барин ялаққос мекард, нигоҳ карда, шиштан ё наиштани худро надониста рост истод.
-Хӯш, канӣ гап зан-чӣ,— гуфт раис ва қоғазҳоро пеши сиёҳидон тела дод.
-Ман дигар ба ҷувоз намедароям.
-Барои чӣ? Ягон ҷоят дард мекунад? Кор ба дилат задааст?
Кор ба дилам назадааст, лекин ҷувозкаш шудан инҷониб рӯзе нест, ки бо занам тую ман накарда бошем. Сағираи ба дасти модари угаӣ мондагӣ барин мудом нуққӣ хӯрдагим, хӯрдагӣ. Ғинг-ғингаш ба дилам зад.
-Чӣ, корат ба занат маъқул не магар?
-Ҳа,—тасдиқ намуд Ҳикмат ва баъд аз каме тавақкуф шарҳ дод:— аввалҳо ин тавр набуд. Аз афти кор, занҳо шӯят фалон-бисмадон гуфта кинояю гӯшома карда ба ҷонаш расонданд. Имрӯз ҳам дар сари дарав пичингу чучинг шудагӣ барин, ки аз қошу қавоқаш барфӯ борон меборад. Дирӯз бошад, дар кадом як бибимушкилкушо кампирҳои шумшук бечора хушдоманамро миёнагир карда «домодат сояхобрав, даромади бедарди миёну ҷои равғанӣ мекобад» гӯён расо чӯкӣ задаанд. Ҳозир аз ҷувоз баромада ба хона равам, очаю духтар «то калиди ҷувоза бурда насупорӣ, аз дар надаро!» гуфта даромадан намонданд.
-Ҳм...— гуфта монд раис.
Боре кампири Сӯҳбат барои равған ба ҷувозхона рафт. Вай дид, ки Ҳикмат дар рӯи курсӣ баҳузур шиштаасту курсиро чарх дар атрофи кундаи ҷувоз гирд мегардонад. Ҳикмат бошад, гоҳ-гоҳ даст дароз карда зағири далдашуда аз фишори тир ба рӯи тарк лағжидаро рӯфта зери тир мекунаду бас. Кампир, ки то ҳол ҷувози обиро надида, буд, ин кори Ҳикматро бозӣ ҳисоб кард. Ана  аз ҳамон вақт инҷониб дар бораи ҳеҷ будани кори ӯ дар қишлоқ ҳар хел овозаҳо паҳн шудан гирифт.
Пеши сел баста мешаваду даҳони мардумро не. Дар маъракаю ҷамъомадҳо ба зан ва хушдомани вай тири надомату пичинг мепаронданд. Бечора ҳадафи тир шудагон тоб оварда натавониста, заҳри ҷароҳатҳояшонро ба косаи сабри Ҳикмат мечакониданд.
Раис, кӣ ба баҳри андешаву мулоҳиза ғарқ гашта буд, сар боло карда гуфт:
-Ҳоло ҳамин тавр гӯед. Ба назди бригадир нарафтед?
-Рафтам. Рози нашуд.
-Хаӣр, ин тавр бошад шумо равед... Пагоҳ бо бригадир маслиҳат мекунем.
Ҳикмат аз дар берун шуд.
Таънаи зану хушдоманаш сахт расидааст. Аҷаб хислат доранд баъзе занҳо. Кунҷкови зоҳирбинанд. Ба ҳар ҳол, ягон чора дидан лозим.—Аз дил гузаронд раис ва ба фикр рафт.
...Бозори серғалоғулаи Ҳисор. Мардум пиёдаву савора дар маӣдони васеи санглох, ки бозорҷо ҳисоб меёфт, равуоӣ доштанд.
Ҷавони лабғафси сурхинарӯ дар қатори қоқфурӯшӣ халтаи мавиз дар пешаш даҳонаш воз рост истода, ба хариду фурӯши дигарон менигарист. Банохост тоқии махмалини ҳисоридӯхти ӯ лағжида ба биниаш нишеб шуда пеши чашмашро гирифт. Вай тоқиашро боло карда дид, ки халтаи мавизаш нест, як қад парид ва ба гирду атроф нигоҳ кард, марди олуфтае дар пасаш рост истодааст.
-Халтаи мавизи ман куҷо шуд?— пурсид вай аз он мард. Мард китф дарҳам кашиду чизе нагуфт.
Тире, ки аз камон ҷаст, барнамегардад. Ҳикмат бо димоғи сӯхта ба деҳа баргашт. Вале нохушии аз ин ҳам бадтаре дар пеш буд.
Мардуми деҳа бегоҳе шоҳиди чунин ҳодиса гардиданд. «Ман намедонам, дӯздондӣ ё не. Инаш кори ту —мегуфт кампире, кӯчаро ба сараш бардошта.—Мавизро ту аз ман савдо карда гирифта будӣ, ҳозир пулаша ёфта медиҳӣ, набошад, шармандагиата мёбарорам, фаҳмидӣ?!»
Ҳикмат гумон дошт, ки кампир «дуздона бошӣ, хаӣр, бачем, балои омадагӣ ба ҳамон занад» мегӯяду пул талаб намекунад. Лекин акнун ин таҳдиди ғаӣричашмдошти ӯро дида, чӯҷаи паррехтан ба гурба рӯ ба рӯ зада барин, ҳаросон-ҳаросон ба вай менигарист. Маҷбур шуд, барои ҳар навъе карда пулро ёфта додан ваъда диҳад.
«Балои аз осмон омадаро замин мебардорад», гуфтаанд. Ҳикмат ҳам ба шикасти касби нахуст-савдогарӣ пеш гирифтааш тобоварӣ намуду таӣлоқеро, ки модари бечорааш бо пули якчанд сол мардумро садқоқу қӯшночӣ карда ҷамъ намудааш харида буд, ба бозор бурда фурӯхт, бо кампир додугирифти худро баробар кард  ва худи ҳамон бозор боқии пули таӣлоқ нобуд нашавад гуфта, як хар харид. Хари харидааш «ятоқ»—баромад, бинобар он бозори дигар фурӯхт. Хар аз нархи харидааш зиёд рафт. «Ҷоӣпулии» аз ин савдо ба даст омада фикри харҷаллобиро талқин кард. Ин қасбро мувофиқ ёфт, чунки ҳар бозор кам-кам чакида кафи дасташро сафед карда меистод. Лекин якбор хари бӯрранги ҳангии ду ҳафта пеш аз бозори Регар харидаашро дар бозори Ҳисор таърифу тавсиф карда, акнун пул мекунам  гуфта истода буд, ки як марди кулӯтариши қоматбаланд аз баӣни издиҳом ҷудо шуда омад ва «бисмиллоҳу раҳмону раҳим», ки ин хари худам! Ҳар,чи хар ёфт шӯду хардузд ҳам», гӯён аз нӯхтаи хар маҳкам дошт, Мағал хест. Милисионере омада ҳардуро ба шӯъбаи тафтишот бурд. Ҳақ ба ҷониби даъвогар қарор гирифт, Агар ду нафар даллоли бозор дар бораи харро аз бозори Регар харидани Ҳикмат гувоҳӣ намедоданд, лоӣшавии оби ӯ аз эҳтимол дур набуд.
Баъди ин ки «дастмоя ба ғалтак баромад». Ҳикмат якчанд вақт бекор гашт. Ба кори колхоз гардан намефуровард.
          Тирамоҳи ҳамон сол себи руи ҳавлиро дастчин карда ба Душанбе бурд. Себро фурӯхта, аз нонвоӣ дуто нони гарм гирифту назди нишоллофурӯш нишаст ва як пиёла нишолло харид, нонро шикаста машғули тановул шуд.
Ӯ нишоллоро маза карда хӯрда истода ба гирумони мантуфурӯши дар паҳлуяш бурда менигарист. Чашмаш ҳамон сӯ, бурдаи нимгазидаашро боз ба пиёла бурд, вале дасташ ба хонтахта «тӯққӣ» карда бархӯрд, як қад парид ва ба пеши худ нигоҳ кард, ки пиёлаи нишолло нест. «Куҷо шуд ин сабилмонда?» Чашмаш чалақ-палақ атрофро аз назар гузаронд, ҳама овораи кори худ, гӯё аз олам хабаре надошта бошанд. Танҳо Ҳикмат дар тааҷҷуб буду халос. Худи ҳамин лаҳза нишоллофурӯш «ако, хӯрда бошед, пиёларо медодед» гуфт.
Ҳикмат даступо хӯрда чи гуфтанашро надониста монд, сонӣ худро даст гирифт.
-Мебахшед, пиёларо қати нишоллош ба беруни дарвоза, ба аёлҳо фиристодам, агар бемалол бошад, пулашрр мегирифтед? Чанд пул меистад?
Вай баъд аз бо нишоллофурӯш ҳисобашро баробар кардан аз ҷо хест. «Намурдӣ ту барин нишоллохӯр, ки ба як сӯм нишолло харида аз он як лес нахӯрда, панҷ сӯм товон дода хезӣ»,— ғур-ғур мекард ӯ роҳ рафта истода худ ба худ «Тавба, наход ки чашми дуздони лаънатӣ фақат мана бинад-а! Охир, ман ҳам онҳо барин одам-ку!» то рафт таҷанг мешуд вай.
-Баъди як-ду растаро давр задан, ба дӯкони «Асбобҳои рӯзгор» ворид шуд. Хост 4—5 дона кошуқи наӣ харад. Мудири дӯкон ба пешаш як даста қошуқ гузошт, ки интихоб кунад, худаш ба назди харидори дигаре рафт.
-Хӯш,—пурсид мудир баргашта омада.
Ҳикмат дудила шуд, сонӣ «биё, ин як санҷиш-дия.
Донад шӯхӣ, надонад-ростӣ» аз дил гузаронд.
-Маъкул нашуд,— гуфт ӯ қошуқҳои боқимондаро аз пеши худ дур карда, ба асбобҳои дар рафҳои дигар буда чашм давонд.
Мудир аз паси кораш шуд.
Лекин Ҳикматро турфа ҳолате рӯӣ дод. Вай на истодан ва на рафтанашро медонист, ба назараш чунин менамуд, ки ҳама ба вай нигоҳ карда истодаанд, ниҳоят ба сӯи баромадгоҳ қадам гузошт ва гӯё ҳамин лаҳза аз қафояш касе «ҳоӣ ист!» мегуфта бошад, ҳаросон ба фарши дӯкон паи калон-калони ифлос гузошта бадар шуд. Оҳи сабук кашид. Ба рӯи рангпаридааш хун давид. «Ҳеҷ гап набудаст-ку... ҳарчӣ панҷ қошуқ ҳалол кардам. Қусури нишолло баромад».
* * *
Боре аз деҳа шаш хари партовӣ, ки шабу рӯз дар кучаву вайронаҳо мегашт, бедарак шуд. Ҳар кас ҳар чи мегуфт: яке гург хӯрдааст гӯяд, дигаре «холо гӯсфанд аз аӣлоқ нафуромадааст, гург ин ҷо чи кор мекунад, дузд бурдагист», мегуфт. «Харҳои партовӣ ба дарди кадом дузд даво мешаванд, ки дуздад» мегуфтагиҳо ҳам буданд. «Дуздию ғарӣ паноҳи саргини хар» гуфтагӣ барин дере нагузашта ин сир ошкор гардид. Шаш харро ба боғи ҳаӣвонот бурда фурӯхтани Ҳикмат дар деҳа овоза шуд.
Соҳибони хар рӯӣрост барои хари аз дарвоза бароварда пеш кардаашон, ки дар бозор ба як пул намегирифтанд, аз Ҳикмат маблағи зиёд талаб карданд ва агар надиҳад, ба прокурор арз мекунем гӯён дӯғ ҳам заданд.
Ба ҷанҷол раиси колхоз, Юнусов мудохила кард. Ӯ аз рӯи квитансия пули хари ҳар кадомашонро аз Ҳикмат рӯёнда дод. Масъалаи худи вайро дар маҷлиси колхозчиёни деҳа ҳал карданӣ шуд. Аҳли маҷлис уро шармандаю шармсор сохта талаб карданд, ки аз деҳа кучад.
Ба вай мӯҳлат доданд.
Рохи дигар намонда буд, ба ҷуз он ки дар деҳа монда меҳнат кунад.
Бригадир аввалҳо ба рамузи вай нигоҳ карда, ӯро аксар ба корҳои сабук мемонд, баъзан худи қасдан кардагӣ барин, кори ба ном сабук, вале дар амал сахтро ҳам месупурд. Боре ӯро ба як «кори сабук» монд: ниҳояташ дар болои комбаӣн меистад, бандҳои гандумро аз хирманҷо бо шоха гирифта ба вай медиҳанд. Вай бандҳоро ба рӯи тасмаи комбаӣн кафонда мепартояду халос. Лекин ҳамин ки Ҳикмат ба кор сар кард, зуд  чи хел сабук буданн онро фаҳмид: чанги пояҳо дудвор хеста рост ба даҳону бнниаш зада намегузошт, ки озодона нафас кашад.
Ҳамин-ҳамин шуду дигар вай аз бригадир «сабук» ё «вазнин» гуфта напурсида, кадом коре, ки бошад, рафтан гирифт.
Аммо ҷувозкашӣ ба вай маъқул шуда монд.
* * *
          Юнусов ҳамин заӣл дафтари ҳаёти Ҳикматро хаёлан варақзада баромад ва худ ба худ гуфт:
-Нормативи корҳоро як бори дигар дида баромадан лозим, то ки ҳар як колхозчӣ арзишу манфиати  қори мекардагнашро хуб донад, сабаби ҷанҷоли Ҳикмату занаш ҳам дар ҳамин.
Баъд ӯ қоғазу қалам гирифта, номгӯи корҳои яксолаи Ҳикматро навишт, аз идораи ҳисобчиён рақамҳои доир ба кори ӯро гирифт, ба онҳо фикрҳои худро илова намуд:
«Ҳикмат дар як сол 612 ҷувоз кашидааст, ки аз он ба колхоз 1975 кг кунҷора (ба ҳисоби пул 96 сӯму 44 тин) ва1095 кг равған (ба ҳисоби пул 2190 сӯм) даромад шудаааст. Ҷамъ 2286 сӯм, аз ин пули 3 тонна зағири об карда шуда — 456 сӯм бароварда шаванд, аз меҳнати яксолаи Ҳикмат ба кассаи ҷамъиятӣ 1830 сӯм даромад шудааст».
Раис ҳамин тавр боз даромади яксолаи ду-се коркуни саҳрову фермаро ҳисоб намуда, дар бораи кори ҳар кадом чизҳои медонистагиашро навишта, як маърӯзача таӣёр кард.
Рӯзи дигар дар сари дарав як маҷлисча шуд. Дар он нормативи корҳоро муҳокима карданд. Аксариятро даромаде, ки аз кори назарногири Ҳикмат шудааст, шод гардонд.
Аз маҷлис Сунбул хурсанд, вале дугонаҳояш андак хиҷил баргаштанд.
Вақте ки аз дари ҳавлӣ даромад, шавҳараш-Ҳикмат доси зангзадаро ба санги хоро соида тез мекард. Ӯ инро дида ҳаӣрон шуда пурсид:
-Ҳа, боз чӣ шуд, ки дос тез карда истодаед?
          -Чӣ мешуд, пагоҳ дарав меравам.
-Ҷувоз-чӣ?
«Боз таънаю маломат сар шуд» аз фикраш гузашт, вале сар бардошта, сӯи занаш нигарист, ки чеҳрааш хандон, нигоҳаш гарм-гарм. Бесабаб будани гумонашро фаҳмида мутаҳаӣир гашт.
-Ҷувоз ҷои сояхобравҳо,— зери лаб ғурунгос зад ва боз машғули кори худ гашт.
Аз ҷавоби шавҳараш Сунбул хандон шуда гуфт:
-Агар баъзе дӯстонатон то ин дам «бердин» коратонро нафаҳмида, гапҳои пасту баланд гуфта бошанд, хафа нашавед!
Вай инро гуфта, ба шавҳараш бо нозу адо таъзим намуд ва сӯи хона равон гашт.
Ҳикмат ҳаӣрон шуда, досро ба рӯи санг гузошта аз қафои занаш нигариста монд. «Аҷаб хислате доранд ин занҳо! Дина қошу қавоқ буд, имрӯз нозу ишва?»— аз дил мегузаронд у.
Сунбул ба остонаи  хона қадам монда, ба ҷониби шавхараш нигарист.
Ҷашмони хандони онқо ба ҳам бархӯрданд. Ҳикмат бархест. Дос дар рӯи санг монд.
с.1966

Комментариев нет:

Отправить комментарий