Ҳикояҳо, новеллаҳо, очеркҳо


ДИЛИ БЕКДРОР

Тӯтиннисо баъди шустани дегу тавақ чоӣники чои навдамро  гирифт, аввал таги онро бо латтае пок карда, ба хона назди шавҳараш, ки ҳозиракак аз идораи колхоз омада буд, даромад.
Латифҷон дар рӯи кӯрпача ба болишт такъя намуда, димогаш  сӯхтагӣ ба дарёи фикру андеша ғӯтавар шуда менишаст.
Гуфтугӯи чанд соат пеш дар идора гузашта хотирашро. парешон месохт. Тӯтинисо рӯ ба рӯи шавҳараш ҷо гирифта, чоӣ  мекашид. У пиёлаи чоӣро дароз карда ба чехраи зоҳиран осуда, вале ботинан мушавваши Латифчон бодиккат синча мекард.
          Аз ман сир дуздида худашро осуда нишон медихад — аз дил гузаронд. Дар дилаш ягон гап дорад. Бо ягон кас гапаш гурехта бошад-мӣ? Ё тири ишқи ягон иозанин аз чигараш зада бошад-мӣ... Не-не ҳеҷ мумкин не. У боз аз фикраш
баргашта аз шаҳараш пурсид.
- Ба шумо чи шуд, нохуш менамоед?
-Хеч худ аз худ.
-Ягон чоятои дард-аард намекунад-ку?
-Не.
-Ягон гапи нохуш шунидед магар?
-Ин тавр не-ку хост мочарои дар идора шударо бигуяд, аммо истиҳола кард. Охир, раис додарарӯсаш, аз ҳамии сабаб мочарои гузаштаро бо кадом забоне  нагӯяд, занаш гуфтахои ӯро нисбат ба акааш ғаразнок мефахмад. Ҳамин мулохизахо Латифчонро мачбур менамуд, ки хомӯш нишинад.
Вокеа ии тавр шуда буд:
Бегохнрӯзӣ раиси колхоз — Қаххоров аспаки, аз кучое омаду рост ба кабинети парторг равон шуд. Вай дарро бо шаст кушода ворид шуд ва аз парторг, ки дар паси мизи кориаш иишаста газета мехонд, пурсид.
-Чӣ   гап?
-Ҳеҷ гап не,— ҷавоб дод парторг ва сар аз рӯи газета бардошта бо тааҷҷуб ба вай нигарист, аз худӣ вай савол кард:
-Ягон гап шудааст?
-Латифҷон ба котиби раӣком арз кардааст мегӯянд, ки рост аст?
-Ҳамин тавр,— ғурунгос зад парторг рӯӣ туруш намуда.
Қаҳҳоров ваҷоҳати нохӯши ӯро дида ҷиддӣ будани масъаларо паӣ бурд ва рафта ба диван нишаст. «Тавба!—мегуфт ӯ худ ба худ ба ин каснописандӣ роҳ додан ҳуб не, набошад, ҳар хел маҳмадоноҳо забон бароварда ба ҳар роҳбари ин ҷо омадагӣ арзу шикоят кардан мегиранд».
Парторг газетаро як сӯ гузошта ба раис гуфт:
-Раис, нашудагӣ кор шудааст. Биёед, беҳтараш дар бораи оянда-маҷлӣси ҳисоботии пагоҳ мешудагӣ фикр кунем.
-Маҷлиси ҳисоботӣ?
-Ҳа.
-Дар раӣком аз ҳама охир мегузаронем гуфта буданд-ку?
-Имрӯз гуфтанд, ки пагоҳ даъват кунед, аввал дар колхози шумо мегузаронем. Худи котиби раӣком иштирок мекардааст. Аз афти кор...
Гапаш дар даҳон ,монд.
Дари кабинет кушода шуд. Латифҷон дар даст говрон даромада омад.
Ҳарду бо тааҷҷуб ба ӯ нигоҳ карданд.
-Парторг-ако, аз раӣком телефон карда истодааид, зуд ба идораи ҷамоа равед будааст,— гуфт Латифҷон баъд аз салом.
Парторг ба нигоҳи саволомези раис китф дар ҳам кашиду зуд аз ҷо хест.
Латифҷон ҳам рафтанӣ шуд.
-Ист! Худи ту аз куҷо омада истодаӣ?— Қавоқ гиронда пурсид Қаҳҳоров.
-Аз лаби ҷӯӣ. Говҳоро об дода омада истода будам, котиби ҷамоа хоҳиш кард, ки ба парторг хабарро расонам.
-Ин боз чӣ қилиқ?
-Чӣ шудааст?
-Аз ин зиёд боз чӣ мешуд. Ба котиби раӣком чӣ лаққидӣ?
-Ҳа-а!»Аллакаӣ нарезондаю начаконда расонданддия», аз дил гузаронд Латифҷон-чӣ мешуд, ҳамон гапҳои ба худатон гуфтаги, дигар чӣ ҳам мегуфтам. Котиб хурсанд шуд.
Ҷумлаи охирин ба иззати нафси Қаҳҳоров сахт расид. Вай дар замири он «агар гапи ман ноҳақ ва беманфиат мебуд, котиби раӣком хурсанд намешуд. Акнун ту чӣ мегӯӣ?» гуфтани истеҳзоро гумон бурд, Инон аз даст додаву чун мӯи ба оташафтода печутоб хӯрда, фарёд кшад:
-Ту чӣ ҳақ дорӣ, ки аз болои ман шикоят кунӣ!
-Шикоят кардӣ мегӯед? Не, ман ба вай фикри худамро гуфтам, ки шояд барои колхоз фоидаовар бошад.
-Колхоз ба фикри ту баринҳо мӯҳтоҷ нест. Аз паи кори худ шав! Ин ҷо ман раис, ман ҷавоб мегӯям. Молбон ҳастӣ, аз паи мол шав!
-Ман ҳоло ҳам аз паи кори худ... Шумо аҳволи колхоз хуб мегӯед, дар сурате ки колхозҳои ҳамсоя ба як рӯзи меҳнат чор сӯм-се сӯм тақсим кунанд, колхози мо чил тин-сӣ тин... ҳеҷ не ки боло барояд. Колхоз ҳатто қурбе надорад, ки ба идораи худ телефон гузаронад, Шохтани роҳ, радиоузел, сохтани ҳаммом, клуб, гузарондани чароғи электрӣ яқ сӯ истад.
 Раис маҷбур шуд, ки забон хоида ба худсафедкун  гузарад:
-Он колхозҳо пахтакор!
-Бадии кор ҳам дар ҳамин, ки мо лалмикор гуфта,  ду даст ба бағал зада мешинем!—Латифҷон инро гуфту  дарро сахт пӯшида рафт.
Тӯтинисо аз дамдӯзии шавҳараш ба танг омада, озурдаю маъюс менишаст. Ин ҳоли ӯро дида Латифҷон сири дили худро ошкор сохтанӣ шуд, бе ин ҳам гапҳои пагоҳ дар маҷлиси ҳисоботӣ мегуфтагиашро мешунавад, беҳтараш дастархони ҳасрат ба пеши занаш кушояд.
-Аҳволи колхозамон хуб не. Солҳо ба мисли мошинаи бо лоӣ ғӯтида, дар як ҷо меистад,— гуфт ӯ ва чои хунукашро нӯшида пиёларо ба занаш дода илова кард:- Дирӯз ба раис аз ҳамин хусус гап зада будам, димоғашон сӯхт. Ҳатто, «ин ҷо раис ман», гӯён дағдаға кард. Ҳол он ки дар давоми якчанд соли раисиашон лоақал як чоӣхона ҳам насохтанд.
Тӯтинисо, гӯё ба сараш муште хӯрда бошад, бо ҳаӣрат ба шавҳараш менигарист. Вай бовар намекард, ки ин суханони шавҳараш. Охир ӯ домоди акааш-ку! Аз ҷо хеста берун баромад. Латифҷон бо тааҷҷуб аз пасаш менигарист.
-»Ба вай чӣ шуд?»
Дилаш тоқат накард. Аз паси занаш баромада ӯро аз ошхона ёфт. Ӯ беовоз мегирист.
-Ба ту чӣ шуд?
-Домод шуда истода шумо ин қадар бадгӯӣ кунед, аз бегонаҳо чи гила.
Латифҷон ба ҳолати ногуворе афтод. Намедонист чӣ кор кунад, бесабаб ҳамсари ранҷидаашро дилбардорӣ кард. Аммо Тӯтииисо ором нашуд.
2
«Маҷлиси умумии колхозчиён тӯл кашид. Ҳисоботи солона аъзоёнро қаноатманд накард. Чанд кас сабабҳои пастшавии иқтисодиёти колхозро қаӣд карданд.
«Агар сутуне барои бардоштани кӯпрӯк ноустуворӣ кунад, боиси харобшавии кӯпрук мегардад. Онро гирифта ба ҷояш сутуни мустаҳкаме гузоштан лозим!» гуфт якеи ҳозирон.
Мазмуни ин нутқи маҷозӣ ба ҳама маъқул афтод.
Раиси нав ҳам интихоб гардид.
Латифҷон ҳеҷ мунтазир набуд, ки ба раисии правления номзад пешниҳод мекунанд. Чун ӯро раис интихоб карданӣ шуданд, ҳангу мангаш канда, чӣ гуфтанашро надониста монд, лаҳзае пас худро дошта, ба боварӣ миннатдорӣ  изҳор кард, сонӣ илтимос намуд, ки ба ҷои вай ягон каси дигарро пешбарӣ кунанд. Аммо бисёрӣ ғолиб аст — Латифҷон раис интихоб шуд.
3
Охирҳои моҳи март.
Шаб. Ҳама ҷо хомӯш ва ором. Замини Дашт дар зери пардаи торикӣ ва ҳавои серуни аввали баҳор нафас мегирифт. Ситораҳо шаъшаапошӣ менамуданд.
Саворе бо паӣраҳае мерафт. У ба сӯи оташе, ки аз дур ҷинчароғ барин милтос мезад, нигоҳ карда асп меронд. Латифҷон хоби шабашро ҳаром карда пеши кори тракторчиҳо мерафт. Аз ин пеш вай шабро дар сари китобхо рӯз карда, корҳои санҷиширо, аз шӯъбаи ғоибонаи Институти хоҷагии қишлоқ барояш меомад, таӣёр менамуд. Охир, вай дар дил нияти зоотехник шудан дошт. Лекин аз бози раисӣ қарораш набуд: Ба худомӯзӣ кам вақт меёфт. Ғаӣр аз ин аҳволи оилавиаш ҳам хуб набуд. Тутинисо аз раисӣ холи шудани акаашро шунида, хабаргири рафту дигар барнагашт.
Латифчон ба хараҷу мараҷҳои шахси кам аҳамият медод. Дурусттараш, барои ба он машгул шудан фурсат надошт. Дар ин рӯзҳо вайро орзӯ ҳамин буд, ки фаӣзи дастурхони халқ боз ҳам зиёдтар афзояд. Барои ин ранҷ бурдан даркор.
Ин такудави ӯро дида, баъзеҳо «ҷавон аст, шарманда нашавам, гуфта ҷон мекоҳонанд», «Ҳаракату бара кат» гуфтаанд, лекин одамоне ҳам  ёфт мешуданд, ки «давидани гӯсола то дари қаҳдон» гуфта ба ӯ бовар намекарданд. Аммо Латифҷон аз ин гапу калочаҳо парво надошт. Вай кордӯст буд. Ва ба худ мегуфт Ман танҳа нестам-ку!
Асп реза мерафт.
Латифҷон ҷилави онро тамоман суст дошта ба дӯлонаҳои гирду атроф, ки аз дур тоқа-тоқа чун лаккаҳои мудаввар хира ба назар метофтанд, нигариста ғарқи андешаву хаёлҳо мерафт. Ӯ баробари ба гулхан наздик шудан, се сӯроби сиёҳро дид, ки дутоаш нишастагӣ яктоаш хаму рост шуда машғули коре буд...
Онҳо садои суми аспро шунида, ба қафояшон нигоҳ  карданд ва раисро шинохта аз ҷо хестанд.
-Салом бачаҳо, чӣ шуд, ки юрмон барин ба зери  замин ,ҷо шуда истодаед?
-Биёед, раис юрмон ҳам гап-мӣ, каламӯш барин гӯед.
-Чӣ, хунук хӯрдед, ки гулхан афрӯхтед?
-Хунук нахурдем-ку, гуфт дар ҷавоб яке аз онҳо,  ки сару рӯяш мазутолуд буд,— карбюратор аз кор баромад, бекор шиштем, равем гӯем деҳа дур...
-Карбюратор?— бо тааҷҷуб пурсид раис, аз асп фуромада истода.
-Ҳа, карбюратор,— бо як овоз тасдиқ намуданд бачаҳо.
Латифҷон хост, чи чиз будани карбюраторро пурсида фаҳмад, лекин бо андешаи он ки мабодо аз нофаҳмии вай истифода бурда карбюраторро қисми муҳим ва комёби трактор маънидод карда масхара накунанд ҳамчун донандаи қисмҳои трактор ба гап сар кард:
-Як вақтҳо шунида будам, ки тракторчиҳои ботаҷриба баъзе қисмҳои ноёби мошинашонро аз эҳтиёт гирифта мегарданд. Наход ки ягонтоатон ҳам карбюратори эҳтиётӣ надошта бошед-а?
Бачаҳо зери чашм ба ҳамдигар нигоҳе карданд.
-Ман дорам-ку,—гуфт бачаи сару рӯяш равғанолуд, лекин...
Раис сухани ӯро бурида пурсид:
-Чӣ лекин? Раҳ дур гуфта метарсӣ? Ана халос. Ма, аспро гиру зуд рафта гирифта биёр? Туро бину, рафту пагоҳ-пасфардо аз ягон ҷои дӯр нисбатдор кунем, дур гуфта қинғолабозӣ намеравӣ?
Бачаҳо аз ин ҳазли ранс лабханд заданд.
Он ҷавон гурбавор ба як хез задан ба асп савор шуду дар торикии дашт аз назар нопадид гашт.
Раис ба руи шоху шиппаи гирди гулхан, ки барои нишастани ӯ таӣёр карда буданд, рафта ба хузури тамом чорзону зад. Забонаи сердуди аланга рост ба сару рӯи вай теғ кашида ҳуҷум карданӣ мешуд ва намегузошт, ки бемалол нишинад, нашуд, як паҳлӯ зад, акнун дуд гоҳ-гоҳ ба ӯ дакка хӯрда аз болояш гузашта мерафт.
Латифҷон ҳарду ҷавонро, ки назди гулхан диккак нишаста буданд, аз назар гузаронда пурсид:
-Бачаҳо, аз афти кор монда шудед-а?
-Не, раис, ин карбюратори лаънатӣ корро кушт,—гуфт яке аз онҳо.
-Ғаӣрат кунед, вакт ғанимат аст, «барвакт киштӣ, бурдӣ, дер кишти бохтӣ!» гуфтаанд. Ҳол он ки трактори шумо каӣҳо боз бекор истодааст..
Садои суми асп ба гӯш расид. Ҷавонн равғани сиёҳолуд аз асп фуромада, онро кашолакунон назди гулхан омад ва карбюраторро ба яке аз рафиконаш, ки рӯяш доғи кунҷитак дошт, дод.
Трактор наъра кашид.
Латифҷон ба асп савор шуда ба бачаҳо хаӣрхӯш карда таъкид намуд:
-Хаӣр, бачаҳо, ман рафтам. Лекин шерҳои ака, ҳаракат карда то пагоҳ корро тамом кунем. Саляркаро  ба шумо мерасонанд.
Ӯ сари аспро ба сӯи дара гардонд ва ба тарафе ки овози сершавкуни дарёча шунида мешуд, сарнишеб шуда рафт.
          -Дар ин бевақтии шаб раис куҷо мерафта бошад?
-Эҳтимол, аз дарё гузашта ба теппаи Кон равад трактори Фахридднн ҳамон ҷо кор мекунад.
-Хозир дар чашмони раису парторг, агроном-умуман дар калонҳои колхоз хоб нест, ҳар кадом дар участкаи вобасташудагиаш ҳадаҳа дорад.
Аз чашмони трактор сели рӯшноӣ пеш чахид. Дандонахои сихмола синаи заминро даронда пеш рафт...
Охирҳои баҳор. Рӯзҳо бебориш мегузаштанд. Ду чашми ҳама ба осмон. «Ду борони савру як борони ҷавзо- анбор ёбу ғаллая ҷо кун» орзӯи ягонаи ҳар як деҳқон дар ин шабу руз ҳамнн борони ҷавзоӣ буд.
Латифҷон заминҳои ғаллааш нағз амал кардаро аз назар гузаронда бармегашт. Ба маӣсаҳои қадкашида ва чун талхаи мор каб-кабуд, ки ба чашм дуд карда истодагӣ барин менамуд, нигариста «аӣни обаш, кошкӣ ҳамин шабу рӯз як-ду борон мешуд, аз дил мегузаронд ӯ.
Вай гоҳ-гоҳ ба қуллаҳои. алабарфшудаи кӯҳи Сепоя нигоҳ карда мемонд, ки оё ягон абрпорае паӣдо шуда- аст?
Имсол бо фармони ӯ бори нахустин ба заминҳои кишт поруҳои дар ҳар гӯшаву канори деҳа пӯсида тӯб- тӯб хобидаро андохта буданд. Ба ин кор баъзеҳо «пору ғалларо бардошта камҳосил мегардонад», гуфта муқобил баромаданд, лекин диданд, ки аксарият «раис бачаи хондагӣ, як чиза надонад, намефармояд»—гӯён ба кор бо ғаӣрат часпиданд, онҳо ҳам «хаӣр, намурем, мебинем» гуфта дилу бедилон ба кори поруандозӣ ҳамроҳ шуданд.
Латифҷон аз ҳамин сабаб аз наборидани борон дар ташвиш буд. Ӯ ба хирманҷо наздик шуда ҷилави аспро, кашид. Он ҷо пирамардеро дид, ки алафҳои гирду атрофи девори шипангро бо белча харошу тарош мекард. Вай аз асп фаромада бо пирамард вохӯрдӣ карда гуфт:
-Амак, шуморо ба нафақа бароварда будем-ку?
-Бачем, нафақа мегирам, лекин устухони мо бо кор шах шудагӣ, рӯзе ба ягон кор андармон нашавам, устухонам вазнин шуда табъам ланҷ мешавад. Бригадир бошад, «аз давлати бӯзбалаҳо худо гуфта хоб кунед, ҳар чи қадар кор бошад, аз онҳо намемонад» гӯён ба гапи ман эътибор намедиҳад, аммо ман ҳам кори мекардагиро медонам: корҳои маӣда-чуӣда,— гуён табассум карда монд.
          Латифҷон ба бозии мушакҳои рӯи нуронии пирамард  назар афканда, ба чунин хулоса омад, ки аз иҷро намудани ин гуна корҳои маӣда-чуӣда вай мамнун аст.
-Имрӯз ҳам белро гирифта ягон кор будагист гуфта ин ҷо омадам, бинам борон меборидагӣ барин, селоб  надарояд гуфта мушхонаҳои таги девори шипанга хокпӯш кардам.
-Борон гуфтед?
-Ха, бачем, борон меборад.
-Наход, кӣ гуфт, радио-ми?
-Замин гуфта истодааст.
-Замин?!
-Ҳа... Намебинӣ, ки бӯи хуши замин рӯ задааст, гулҳои гандумак барои аз борон гардҳояшона эҳтиёт кардан, ғунча гаштаанд, алафҳо ҳам тезбӯӣ шудаанд.. Ҳамаи онҳо нишонаҳои бориш аст, бачем.
-Ҳа-а, ин тавр гӯед,— лоқаӣдона гуфт Латифҷон. «Мӯӣсафед эҳтимол маро дилбардорӣ дода истода бошад. Шояд рост ҳам бошад.
Канӣ, кошкӣ ҳамин тавр шавад!» меандешид ӯ.
Рӯзи дигар, баъд аз чоштгоҳ аз идора баромада истода назари вай ба абрпораҳои вазнин ва суст ҳаракат карда истода афтод. «Ҳар чӣ карда абрҳо хушк нагузаранд-дия. Канӣ, ҳамин вақт ғубори ҷанубӣ мехест» бо ҳамин хаёлу орзӯ аз дасти саис, ки маҳтали ӯ меистод  аспро гирифт ва онро савор шуда ҷониби дашт рафт.
Ӯ як-ду қитъаи заминро дида ба роҳи калон баромад. Ба нохост ба назараш чунин намуд, ки осмон ба за мини хушк ҷо-ҷо дона-дона холҳои тира гузошта истодааст. Вай инро дида як нафаси сабук кашид ва сари аспро ба роши заминҳои сабзпӯш гардонд.
Борон торафт шиддат меефт. Латифҷон сари қитъаи кишт аспро нигоҳ дошта, ба донаҳои борон, ки  ба рӯи маӣсаҳои тароватпаӣдокарда мерехт, дақиқае мароқ нигоҳ кард. Ӯ бо ҳамин минвол якчанд қитъаро гашт ва ногоҳ худро дар болои теппае дида монд, ки аз он ҷо қисми зиёди заминҳои корамшуда баръало намуда  меистод.
Шиддати борон гашт, он акнун мӯӣяки говӣ мерехт. Як бари домани абре кашол шуда суст ҳаракат кард...
Латифҷон аз манзараи табиат мафтун гашта, ба абрҳои доманкашол хитоб кард:
-Абрҳо, абрҳои фаӣзбахш, ба сари халқи мо гуҳар пошед, тӯҳфаи мулки моро диҳед, ва пасон ба куҷое ки хоҳед, биравед!
Латифҷон каӣфияти аҷиб дошт...
Борон беист меборид.
5
Қаҳҳоров мисли қоқи нимхушки боронрасида тира  рӯ буд. Ӯ ба панҷараи кати чӯбин, ки дар таҳти аӣвон буд, такя намуда ба Тӯтинисо, ки дар рӯи остонаи дари хона рост меистод, рӯ оварда ғурунгос зад:
Ҳеч кас бо ихтиёри худ намурдааст. Аммо рехтани обрӯ аз мурдан ҳам гандатар аст. Латифҷони ту маро ҷорӯби сари роҳ карда партофт, мефаҳмӣ! Боз акаҷонаш ҷавоб диҳад будааст, хоҳарҷонакаш ба хонаи шӯҷонакаш равад будаст! Тавба!—Баъди каме таваққуф таъкидомезона гуфт:
-Агар ту хоҳари ман бошию дар ягон гӯшаи дилат зарра барин меҳри хоҳарӣ дошта бошӣ, дигар ба остонаи он кӯрнамак, қадам намегузорӣ. Агар гузорӣ дигар дидор ба қиёмат. Мурам ба мурдаам набиё, мурӣ ба мурдаат намеравам, инро нағз дар хотират нигоҳ дор!
Тӯтинисо сукут мекард. Ба хонаи шавҳараш равад, бо акаи ягонаи якраваш рӯӣнодид шуда мемонад, наравад, ба шавҳари чашм кушода дидааш дилаш месӯзад. Сари ҳисоби кораш гум буд.
То ин дам вай «сабр кунам-чӣ, шояд акаам аз аспи ҷаҳл фарояд гӯён худро тасалло дода меомад, лекин ин пагоҳ аз як дугонааш аз хусуси шавҳараш шунид, ки гӯё Латифҷон ба кадоме гуфта бошад, ки дар муддати ҳафт моҳи раисиаш ба хонаи худ, вақт ёфта, ҳамагӣ се бор рафтааст, дар ҳар се дафъа ҳам хона ба назараш боғи бебоғбон мондаю дарахти жолазада барин ҳузнангез намудааст. Ин суханони пурҳасратро аз забони дугонааш шунида, Тутунисо тоқат накард аз акааш барои ба хонаи худ рафтан иҷозат хост, вале акаш гӯру қиёмат ба пеш монда ҷавоб надод. Ӯ ба хаёл рафт...
-»Меравам» қатъӣ азм намуд, вай ва тори тортанакеро, ки аз шифти аӣвон, аз рӯ ба рӯяш нишеб шуда ба замин нафаромада, овезон буд, канд.
          Ҳосили фаровон ғундошта шуд. Аз гандумпояҳои доманаи кӯҳ пагоҳу бегоҳ садои хониши кабкҳои равӣ канда намешуд. Онҳо аз қаъри дараҳо ба рӯи қуллаҳо баромада, аз он ҷо ба сӯи ҷануб парвози дур менамуданд.
          Боди сарди кӯҳӣ чанд рӯз аст, ки бефосила мевазад. Деҳқонон инро нишонаи баохиррасии рӯзҳои вопасинӣ  тирамоҳ мешуморанд, аз ҳамин сабаб онҳо шитоб мекарданд, ки охирин корҳои таӣёрӣ ба зимистонгузарониро  тезтар ба анчом расонанд.
Идора ҳам серрафту омад гашта буд. То бевактии шаб чароғ фурӯзон меистод.         
Латифҷон дар кабинети худ бо парторги колхоз сӯҳбат мекард.—Чӯҷаро дар тирамоҳ шумор гуфтагӣ барин,  дина даромади солонаро ҷамъбаст кардем. Ғалла аз порсола 700 сентнер зиёд, лекин даромади пулӣ ҳоло ҳам мазза надорад,— гуфт ӯ ва варақи пур аз факту рақамро бо нӯги панҷа ба ҷониби парторг, ки дар шафаташ, ба курсии назди мизи корӣ менишаст, тела дода илова намуд:— серкорӣ карда ба корҳои ташвиқотию тарғиботӣ кам аҳамият додем, шояд аз ҳамин сабаб он чизеро ки мехостем, пурра ба даст дароварда натавонистем.
-Гапатон маъқул, раис, варақаро дида, боз ба пеши раис гузошта истода гуфт парторг, лекин на ҳама вақт корро аз ташвиқоту тарғибот сар кардан қулаӣ аст.
Баъд, гӯё ба хотираш ҷизе омада бошад, табассум намуда сухани худро давом дод:
-Шумо қишлоқи моро дидед-ку, камобу серчанг... Боре, аз шаҳр як кас меҳмон шуда омад, вай поруҳои ҷо-ҷо тӯб хобида, таппиҳои девори тарафи кӯча задаи ҳавлиҳоро дида мазаммат кард. Баъди рафтани ӯ фикр карда бинам, гапаш дуруст. Дар ҳақиқат ба қоидаи санитарӣ ва тозагии кӯча риоя карда нашудааст.
Як бегоҳ мардумро ҷамъ карда, 10—15 дақиқа аз ҳолати санитарии кучаҳо гап задам. Аксарият тарафдорӣ намуданд, лекин кӯчаҳо ба ҳоли пештараашон монданд.
          Дуюмбора халқро ҷамъ намуда, боз панду насиҳатхониро, рости гап, ба худ эб надидам. Як пагоҳ об сар дода беруни дарвозаро шилта карда об задаму тоза карда руфтам, бинам янгатон ҳам ба девори тарафи кӯча тапак зада будааст, белро гирифта, якта намонда, канда партофтам. Рӯзи дигар ҳам об зада рӯфтам. Маро дида бригадир, сонитар ҳама паӣравӣ карданд
Баъд парторг каме хомӯш монда хулоса бароварда гуфт:
-Аз ин рӯ фақат бо ташвиқот кор буд намешавад, бештар ба амали шудани он кушидан лозим.
-Бале, гапи ҳақ,— тасдиқ наимуд раис.
6
Соли ҳафтуми раисии Латифҷон.
Боди серуни саҳар ҳардамхаёлона вазида дар баӣни боғ саӣркунон баргхои нафаси субҳ расидаи токҳои ҷуяҳои атрофи шипангро оҳиста-оҳиста такон дода мегузашт ва ба поӣҳои катҳои зери шипанг буда мепечид.
Дар катҳо саӣёҳони хориҷӣ, ки дина бегоҳ аз шаҳр меҳмон шуда омада буданд, аз салқинин ҳавои боғ роҳат намуда, ором мехобиданд... Қаҳҳоров ҳам, ки вактҳои охир бригадири боғдорӣ шуда кор мекард, низ ҳамин ҷо мехобид. У аз ҷои хоб хеста дид, ки се кат холи одамонаш нестанд, ҳаӣрон шуд «куҷо рафта бошанд?
Ҷои дур нарафта бошанд даркор, либосҳои рӯяшон ҳамин ҷо-ку!» аз дил гузаронд вай ва осуда гашт. Оре, онхо дур нарафта буданд. Аз даричаи боғ баромада ба сари чашмаи назди осиёб омада буданд. Баробари ба чашма наздик шудан, аз лакотии хоб дар онҳо осор намонд, чунки ҳавои атроф аз нафаси чашма боз ҳам салқину оромтар гашта буд.
Меҳмонон хурсанд шуда навбат ба навбат сару рӯи худро мешустанд ва аз оби ях барин сарди он ҳузуру ҳаловат мебурданд.
-Дар ҷоӣҳои мо ин хел чашмаҳои кӯҳӣ ниҳоят  кам,— гуфт яке аз онҳо, ки аз ҳама пеш рӯяшро шуст.
-Дар Калифорнияи шумо-чӣ Ник? — пурсид дигаре аз сеюме, ки марди қоқинаи қадбаланди биникалон буд.
Ник дар ҷавоб хост чизе бигӯяд, вале ғурроси моторро шунида хомӯш монд. Чашми ҳама ба сӯи овоз дӯхта шуд. Дере нагузашта бачаи велосипеди моторноксавор ба лаби чашма омада истод.
Ник, гӯё хазина ёфта бошад, рӯҳ гирифта аз кӯзаи сафолине, ки дар борҷомаи велосипед маҳкам бастагӣ буд, чашм наканда бо мароқ нигоҳ мекард. Вай ба рафиқони худ рӯ оварда бо таассуф гуфт:
-Дареғ ки тарҷимон ҳамроҳамон нест, агар мебуд, аз ин бача сабаби ба ин кӯзаи сафолин об кашонданашро мепурсидем.
Бача, ки машғули обгирӣ буд, кӯзаи пуробро бо эҳтиёт! ба ҷои ҳамвори замин гузошта бо забони софи англисӣ  гуфт.
-Чаноб, марҳамат аз ман чӣ пурсиданӣ ҳастед?
Меҳмонон аз ҳодисоти барояшон ғаӣри чашмдошт, ки бачаи кӯхистонӣ бо забони софи англисӣ гап мезанад,  дар ҳаӣрат шуда, бо тааҷҷуб ба ҳамдигар нигоҳ карда монданд.
Ник аввалин шуда худро ба даст гирифта пурсид:
-Магар дар хонаи шумоён дигар зарфе нест, ки бо ин кӯзаи аз ҳазрати Одам мондагӣ об бурда истодаӣ? Боз оби водопровод нею оби чашма?
Ҷаноби мӯҳтарам, ҳар чизи хуб, ки аз гузашта мондааст, барои мо бегона нест. Зарф бошад, ҳаст, аммо кузаи слфолин обро хунук нигоҳ медорад... Ман ҳар сафар аз ин чашма мувофиқи хоҳиши модаркалонам бароӣ он кас як кӯза оби хунук мебарам.
-Магар дар хонаатон яхдон нест, ки обро дар он хунук кунед?
-Ҳаст, лекин модаркалонам, танҳо аз ҳамин об менушанд. дигар обҳо ба он кас маъқул не.
          -Модаркалонатон чанд сола?
-Садусӣсола.
-Садусисола-а?
-Бале, садусисола.
-Эҳтимол кор ҳам кунанд?
-Не, нафақа мегиранд. Аммо ба чашм аӣнак монда сӯзанӣ медӯзанд.
-Ник, ин мӯъҷиза-ку? Зани садусисола сӯзанӣ медӯхтааст! Мо бояд ин занро бинем.
Вале Никро ҳозир ба ин мӯъҷизот коре набуд, ӯ ба фикру андешаҳои худ банд. Табиати саркаши бераҳм дар ин ҷо мағлуб гардида сари таслим фуруд овардааст. Акнун инҳо барои борон шуда ба худо зориву тавалло намекунанд, каӣ вақте ки хоҳанд барои ғаллазорашон бюрои обу ҳаво борон муҳаӣё месозад. Ҳама серу нур, пӯшидаю печида, қишлоқ аз шаҳр фарқ надорад... Аз хусуси ин муваффақиятҳо навису рӯзата бин! Танҳо аз хусуси нуқсон ва камбудиҳо навиштан лозим.
-Шумо забони англисиро аз куҷо омӯхтед?
-Ман дар синфи ҳаштум мехонам. Аз синфи панҷ ин забонро меомӯзем.
-Ҳа,-а, ин тавр гӯед.
Меҳмонон баъд бо ӯ видоъ намуда, ба модаркалонаш умри боз ҳам дароз орзу карда баргаштанд.
Садои мотор баланд гашт...
с.1966

Комментариев нет:

Отправить комментарий