Ҳикояҳо, новеллаҳо, очеркҳо


ДАР ЯК РӮЗИ БОРОН

Ман ба қишлоқ — ба хонаи холаам рафта истодаам, Вале ҳанӯз нисфи роҳро таӣ накарда будам, ки якбора авзои ҳаво ба дигаргун шудан сар кард: абрпораҳои сафед, ки дар паси кӯҳҳои баланди сарсафеди самти шимол парешон буданд, ранги тира гирифта, ба  абри калон табдил меёфтанд ва торафт бо вазнинӣ пасттар парвоз менамуданд.
Офтоб дар паси абр нопадид шуд, ҳавои дашт тира гашт ва марғзор ранги сабзи сиёҳчатоб гирифт.
Боди бадқаҳргашта мевазид ва ҳамоно шиддаташ зиёдтар мешуд. Дарахтон тез-тез беилтифотона ба замин таьзим менамуданд. Баногоҳ аз кадом тарафе барк  рахшон шуд.
Борон торафт наздик мешуд.
Ман бо максади он ки пеш аз авҷгирии бориш ба қишлок бирасам, ҷадал
карда роҳ мегаштам. Дар дашт ҳеҷ ҷонзоде набуд. Ҳар замон, гӯе аз пасам касе таъқиб мекарда бошад, ба абри калони тезҳаракат, ки домани хокистарранги он то ба хатти уфуқ тӯл мекашид бо харос менигаристам.
Барқ меафзуд. Овози раъд торафт фосиладортар мегашт. Ногоҳ шамол чунон сахт вазид, ки қариб буд, ниҳолҳои ду тарафи роҳро ба замин ҳамвор кунад. Барқи чашмхиракунанда дурахшид, раъд овози бадвоҳима бароварда даҳшатнок гулдуррос зад. Борон авҷ гирифт.
Ман давидам...
Пас аз даҳ-понздаҳ дақкқа худро ба зери дарвозахонаи аввалин ҳавлии даромадгоҳи қишлоқ гирифтам. Аммо дар зери он дарвозахона ҳам аз борон илоҷи эмин ёфтан набуд, чунки болои он мисли ғалбер сӯрохдор буд...
Дар паҳлӯи рости он хона як кулбачаи дигаре менамуд, ки бомашро ушна ва алафҳои бегона зер кардаанд. Андоваи деворҳояш фарсуда ҷо-ҷо канда шуда афтодааст, дар тирезаҳои он ба ҷои шиша ба яке газета ва ба дигаре докаи дудзада андармон буд.
Дари кулбача ғичиррос зада кушода шуд ва марди хомфарбеҳи қоматбаланде баромад, ки аз паси тӯри тираи борон рӯи суп-сурхи ришзеркардаи ӯ ба назар алағда метофт. Ранҷидахотир ва аламзада менамуд. Ӯ қадам пеш нагузошт; борон бошиддат мерехт...
Вақте ки ба кулба наздик шудам, соҳиби онро шинохтам.
-Ин шумо-ку, Шарифамак, салом.
-Ваалаӣкум ассалом, биёед, муаллим.
-Ина бинед-а, ман ҳеҷ гумон накарда будам, ки шуморо ин ҷо мебинам.
-Даҳ-понздаҳ сол шуд, ки ман ҳамин ҷо.
-Шӯроб-чӣ, маъқул нашуд-мӣ?
-Шӯроб ҷои бад набуд. Аммо калонҳояш ба кор, маҷлис ва клуб намеравӣ-гуфта аз ҷон безор карданд. Баъд ба ин деҳа кӯчидам.
-Дар ин ҷо чӣ?
-То ҳол касе «ту кистӣ, чӣ кор мекунӣ?» нагуфтааст, хоҳам сари ҷуфт меравам, нахоҳам, хоб.
Ин одам, Шариф ном дошт. Вале аз сабаби камҳавсалагиаш ӯро Шариф-ҳавсала мегуфтанд. Як вақтҳо дарраӣон бо мо хамсояи девордармиён буд. аммо аз кадом сабаб бошад, ки  аз он ҷо ба қишлоки Шуроб кучида омада буд Ана, аз ҳамон вакт боз ӯро надида будам. Сохибхона бо кирраи чашм ба даруни кулба хиҷолатмандона нигоҳ кард. Ин дам назари ман ҳам низ ба он чо афтода буд. Он як хонаи пастаки бедаҳлези сафеднокарда буд. Ба деворҳои он мехҳои бисёр кӯфта ба ҳар кадоми он либосҳои занонаю мардона якҷоя овехтаанд. Дар як кунҷи хона сандуқи кӯҳнаи  тунукаҳояш зангзадае меистод. Он сӯтар 4—5 тахта шишаи чангзеркардаи тиреза мехобид. Ҷои холии хонаро косаву табақ ва сатилҳои бешуморе ишғол намудаанд, баъзеашон аз оби чаккаи борон лабрез буданд...
Ин манзара маро моту мабҳут сохт... Шариф-ҳавсала ҳиҷолат кашид.
Ман аз хомӯшӣ ба танг омада гуфтам:
-Ҳаво сернам.
-Борон ба хонаи мо зарар меорад.
-Бомашро андова накардаед?
-Ҳавсала пир шудагӣ.
Хонаро ба қарибӣ андохтед?—ба хонаи болояш нопӯшида ишора карда пурсидам.
-Не чор сол шуд.
-Бомашро нопӯшида мондаед-дия.
-Ҳа. Вақту соаташ расад, мепӯшем.
Боз риштаи гуфтугӯи мо канда шуд. Ин манзараи аз беҳавсалагӣ ба коми харобат рафта истодаро дида баӣти зерин ба хотирам расид:
Ҳар он кас, ки ӯ сустӣ орад ба кор.
Ба сустӣ фуруд оядаш рузгор.
Чи хел будани характери Шариф ҳавсаларо муаӣян кардан барои ман душвор аст. Ӯро ба тоифаи он гуна одамоне даровардан мумкин, ки онҳоро «ҳарина» ва дар урфият «на ба худ таризу на ба дигарон остин» мегӯянд. Ба намуд як марди чор кас диданӣ: чор ишкелаш бутун, сиҳат-саломат. Локин чи тавре ки мегӯянд, ситорааш карахт дар тарзи рафтор ва гуфтораш бепарвогӣ ҳис карда мешавад. Ҷавонони шӯх ӯро баъзан Шарифи кавш- кашола мегуфтанд, ки ин лақаб ҳам ба вай хеле мувофиқ меомад. Дар сӯҳбат ҳам вай, агар нохост ба ин ҳавсала кунад, ниҳоят суст буда, ҳар як суханро хоида-хоида мегуфт гӯё аз чоҳ мекашнд.
Хар кас ба худ шавқе ё ҳавасе дорад ва хушбахтии худро дар он медонад; дар яке шавқи бунед кардани боғ афзуда, дар дили дигаре ҳаваси арбоби илм шудан нақш ёфта, сеюмин қаҳрамони меҳнат шудан мехоҳад. Баъзеҳо бедонабозӣ, дигарҳо хурӯсҷангро девонавор дуст медоранд. Дар Шариф ҳавсала на шавқ буд, на ҳавас. Лекин дар у ҳеҷ чиз набудааст, гуфтан мутлако нодуруст, чунки дар вай ҳам гоҳ-ногоҳ як ҳаваси бештар ба орзу монанд хусусан ин дар вақти ба духтарчааш нақл намудани афсонаи дӯстдоштааш «Нахудаки Мӯъҷизакор» дида мешуд... Нахӯдак ба деҳқони яккадасти камбағал дар корҳои хоҷагиаш ёрдам мерасонд: ба гӯши говҳо даромада ҷуфт меронд ва аз думи говҳо гашта хирман мекӯфт. Шариф ҳавсала баъзан орзу мекард, ки ҳамаи корҳоро ба вай ҳамингуна «нахӯдакп мӯъҷизакор» карда диҳаду худаш дар тобистон дар сояи салқин, зимистон дар сандалӣ нишаста каӣф кунад.
Дар хона вай кам гап мезад, дар кӯча бошад, аз ин ҳам бадтар. Аксар вақт дар рӯи суфа ба лӯлаболишт як- паҳлӯ зада фикр мерафт. Дар чи хусус фикр мекард, худаш ҳам намедонист. Ӯ дар бораи хоҷагии худ фикр мекард, гуфтан ҳам нодуруст. Вай ҳатто намедонист, ки дар хонааш чи ҳасту чи не. Вақте занаш «дадаи Саодат, дар хона орд нест, осиёб рафтан даркор» — мегуфт, вай паси сар хорида «канӣ ҳавсала» ё ин ки «худат раву мон- дия» гӯён ҷавоб медод. Дар рӯзгори ӯ доим ягои чиз намерасид: баъзан хӯрокро бенамак пухтан лозим меомад ва гоҳо аз сабаби набудани чои хушк оби ҷӯш менӯшиданд.
***
Борон ҳамоно зам-зам дошт. Акнун замту занамҳои раъду барқ ба охир расида, шамол тамоман аз вазъиш монда буд.
Ман аз хушҳавасалагии борон дилгир шудам. Ногоҳ ба хотирам зани соҳибхона расид. Куҷо бошад вай — он зани хандони содда ва нектинати покдил? Дар охир аз худи Шарифҳавсала, ки одами аз поезд мондагӣ барии бедимоғ менишаст, пурсидам:
-Шариф-амак, янгаам наменамоянд, ягон ҷо рафтагӣ-мӣ?
-Ҳа, имрӯз ба ҳезум рафта буд,— гуфт ӯ пинакаша вайрон накарда.
Аз ин ҷавоб ҳуш аз сарам парида ба тахтапуштам мурғак давид. Ин чи гап охир, мард дар хона шинаду зан кӯҳ баҳри ҳезум равад!... Оё вай аз паӣраҳаҳои пурхатари кӯҳӣ сиҳат-саломат гузашта омада метавониста бошад? Оё обҳои дараҳоро, ки дар рӯзҳои боронгарӣ серталотум мешаванд, гузашта метавониста бошад?!
Дилам бухс карда ба ин фориғболии ӯ нафратам омад. Ба вай нигаристам, дар ӯ на ҳаяҷон ва на ташвиш дида мешуд. Чеҳрааш мисли тарҳи ҳаӣкали сангин сард, беҳис ва бе ҳеҷгуна ифода!...
Ман торафт ноҳушии ғамангезеро зиёдтар ҳис менамудам. Ба бозисти борон нигарон нашуда баромада рафтам.
Дар роҳ худ ба худ савол медодам: «магар ин одам умре ҳамин тавр мемонад?! Наход ислоҳ нашавад? Наҳод маънии ҳаётро фақат дар хӯрдану хоб рафтан фаҳмад?
* * *
Рӯзи дигар аз хоб хестан ҳамон фикре ба сарам омад, саранҷоми тақдири зани Шариф Ҳавсала буд. Пас аз дастурӯшӯӣ ба хонаи вай рафтам.
Гурӯҳи одамон дар дами дари кулбаи Шариф Ҳавсала ҷамъ буданд. Лаҳзае карахт шуда мондам, «наход, ки нобуд шуда бошад-а?»—Пештар рафтам. Аз баӣни одамон гузашта, ба даромадгоҳи кулба наздик шудам. Дар он ҷо ҳолати ғамоваре: дар миёнҷои хона зани миёнсол беҳӯш мехобид. Духтур ҷароҳатҳои вайро бо оби ҷӯш шуста бо докаву пахта мебаст. Духтарчааш зор- зор мегирист. Шараф Ҳавсалаболои сари ӯ музтариб буд.
Маълум шуд, ки дина шаб, баъди мурғфарёд ӯро  аз кӯҳ ёфта овардаанд.
Оқибат тоқати марди ҳамшафаташ намонда гуфт:
-Дар куҷо гуфта шудааст, ки марди солими азимҷусса дар хона шинаду зан ба ҳезум равад! Магар ҳамин ҳам хонадори шӯд? Шариф, одам набудаӣ, аз ҳаӣвон ҳам бадтар будаи!
Агар маҷрӯҳ ба ҳуш омада, об талаб намекард, эҳтимол, борони таънаю надомати мардум ба сари Шариф Ҳавсала беист рехта мегирифт.
* * *
Ин воқеа якчанд сол пеш рӯӣ дода буд. Ин бегоҳӣ гузорам аз назди пункти пахтақабулкунӣ афтод. Дар он ҷо автомашинаю аробаҳои пурбор қатор меистоданд. Ногоҳ «Салом, муаллим!» гуфтани касеро шунидам. Бинам аз болои фурғоне, ки қанорҳои пахта кӯҳ барин дар болояш Шариф Ҳавсала фуромада омад. Вохӯрӣ кардем. У дар сар тӯппии чуст, дар тан куртаи сафеди рахдор дошт. Ба пеши бараш медали «Барои меҳнати шоён», ки лентаи он аз таъсири офтоб ва барфу борон ранги таббии худро гум карда буд, медурахшид.
-Шарифамак, ин шумо?— бо ҳаяҷон гуфтам.
-Ҳа ман, бовар намекунед? Бисёр шиносоям ҳам бовар намекунанд — гуфт ӯ. Ва баъд аз каме таваққуф ба суханаш давом кард: — Баъди он воқеаи шум, ки ба сари янгаатон омада буд, мӯӣсафедони деҳа куҷое, ки набошад, маро «танбал, одамгурез!» гуфта сарзанишкунон ба ҳашару ҷамъомад, ба тӯю таъзияҳо гирифта мебурдагӣ шуданд... «Заҳри одамро-одам мегирад» мегуфтанд, ин рост будаст. Бо одамон шиштухез карда, кор кунанд кор, истироҳат кунанд-истироҳат кардан. «Ангур, ангурро дида ранг мегирад», гуфтагӣ барин ман ҳам одамонро дида, одам шудам. Ҳозир аробакашам.., Янгаатон аз пахтаҷинӣ орден гирифт. Дар бораи вай ба газетаҳо навиштанд. Аммо ҳоло ҳам мардум маро Шариф Ҳавсала мегӯянд. Инаш алам мекунад.
c.1957 

Комментариев нет:

Отправить комментарий