Ҳикояҳо, новеллаҳо, очеркҳо


КАДУИ ШАРИАТПАНОҲ


Намози асрро навакак хонда бошанд ҳам, фонусҳои растаи калонро аллакаӣ даргиронда буданд. Шӯълаи заифи шамъҳо, монанди одами аз касалии доманав навхеста, ларзида-ларзида, торикии сақф ва шифти растаро базӯр ду фарх намуда, ба худ роҳ мекушод...
Бозори тармева хунук шуда буд. Тарфурӯшҳо ангуру себҳояшонро  ба баққолу чаканафӯрушҳо арзону гарон дода качова ва сабатҳояшонро ба хар бор ва пуштора карда ба сӯи хонаашон мешитофтанд. Ду нафар деҳқони хонакоҳӣ, ки ангурҳояшонро ба бақкол надода, ба сари хирмани қишлоқҳои гирду атроф бурданй буданд, ҷа дал мекарданд, ки барвақттар ба хирманҷо расанд. Яке аз онҳо, ки марди қадпасти кулӯтариш буд, ба чеҳраи маҳзуни рафиқи худ назар афканда гуфт.

-Хайр, пул нашуд, ғалла мекунем, Барои ҳамин ҳам ғам мехӯрй? Набот ҷӯра!
-Аз ин хусус ғам намехӯрам.
-Набошад аз чӣ?
Набот, аз афти кор, аз кунҷковии ҳамроҳи худ ба танг омад, ки хари тезҳаракаташро бо халачӯб ду-се бор, боло-болои хам зад. Ҳар боз тезтар роҳ мерафт, каҷоваҳои болои он қирс-қирс мекарданд.
          -Имрӯз,— гуфт Набот,— барои васиқа мӯҳркунӣ ба қозихона рафта будам.
-Чӣ, магар қозй мурдааст?
Кошкӣ мемурд. Лекин умри ганда дароз аст— Набот каме таваққуф намуда боз ба гапащ давом кард:— Ин беимон як бечораро «ту каду дуздидй»— гуфта ҳукм кардааст, ки ӯро ҳафтоду панҷ дара зананд.
-Наход?!
-Ҳа.
-Барои як каду ҳафтоду панҷ дара задан? Худобехабаре, у даюсе!
Ҳарду боз хомӯш гаштанд.
Торикии ғамангез торафт меафзуд.
* * *
Гашти рӯз. Ҳаво бениҳоят гарм.
Ҷобир-Баққол таҳи табақи палавро ба пеши занаш тела дода, бо абрӯ ишорат кард, ки «дастурхонро ғӯндор».
Барои чи нахурдед? Хуред гуфта, сергушту равған карда будам — гуфт занаш дастурхонро коҳилона ғундошта истода.
-Серам, чой биёр!—ғурунгос зад ӯ ва болишти қуроқеро, ки рӯи панҷараи кат буд, гирифта ба зери оринҷаш гузошту як паҳлӯ зад. Вай ба шоххои пурбори себ, ки ба рӯи кат соя афканда буд, чашм давонда нурхои тиллоранги офтобро, ки мисли торҳои заррин аз байни шох ва баргхои себ гузашт ба руй колини пат, яккандози шоҳии рӯи кат гул андохта буд, тамошо мекард. Ин дам ба назараш дар лаби боми хона суроби чизе намудор гаштагӣ барин шуд. Ҳавос щуд. Баққол хост, ки-писарашро чег занад, вале дар хона набудани ӯро фаҳмида худаш нардбон монда ҳарсосзанон ба боло бом баромад. Саг вайро дида аз тарс ба боми ҳамсоя чахида гурехт. Ҷобир Баққол кулӯхи дасташро партофт; ба ҳавлии ҳамсоя, ки бо ҳавлии худаш девордармиён буд, то хеле вакт хомуш нигоҳ кард.
Андозаи ҳавлӣ миёна буд. Дарахтони ҷавони он баҳри касро мекушод.
 Баққол солҳо ба девори ҳад, яъне ба девори баӣни ҳавлии худ ва ҳамсояаш, бо нафрат менигарист. Чӣ кор кунад, ки девор аз они худаш нест, набошад каӣҳо онро аз мобаӣн гирифта мепартофт. Борҳо бо ҳамин мақсад ҳавлиро фурӯшад, гуфта бо ёрии ёронаш ба бағали хонадор — Ҳасан-Панҷяккор ду-се бор даст андохт, нашуд.
Ҳоло себу гелоси серҳосили онро дида; оташи ҳирсӣ дудолудаш аланга зад.
Вай аз болои бом фуромада истода бори дигар ба ҳавлии ҳамсоя нигоҳ кард. Банохост чашмаш ба ҷавонзани соҳибҷамол ва хушқаду қомати навакак аз дарахти гелос фуромада афтод. Зан гелоси ба остини васеи курта чидаашро ба табақи чӯбин, ки дар бёхи гелос меистод, рехту онро гирифта ба сӯи кулбаи худ рафт.
«Ин Ҳасан соҳиби гул ҳам будаст. То ҳол, ба Раъно бо чашми харидори нигоҳ накарда будаам» гуфт. Баққол худ ба худ ва аз вай то хеле вақт чашм наканд. «Аз дасти ин зоғ биҳиштро бо ҳураш гирифтан даркор». Ӯ аз нардбон фаромад.
Баъд аз якчанд рӯз Ҷобир-Баққол ба Қаротоғ рафт.
Ӯ доду гирифташро бо савдогарҳои самарқандӣ баробар карда аз он ҷо бо як марди кулутариш, ки Набӣ-Пучуқ ном дошт, ба деҳаи худ баргашт.
* * *
Ҳасан-Панҷяккор аз сари хирман як пуштора бандинаи қоқ гирифта омад. Вай борашро ба пеши оташдон фароварда, баъд бо бари чакман, ки тибиташ рехта пушти хари боркаш барин силиқ шуда монда буд, арақи ҷабинашро пок карду сонӣ ба назди занаш, ки дар лаби ҷӯӣҷа нишаста маӣдаи биринҷ сангшӯӣ мекард, рафт ва дар рӯ ба рӯи ӯ болои себарга дароз кашид.
-Чӣ мепазӣ, Раъноҷон? — пурсид вай.
-Палав,— ҳазломезона ҷавоб дод Раъно.
-Забончата хӯрам, кошкӣ палав пазӣ.
-Палав пазам таъриф, дӣгар чиз пазам, худо хоҳад, нафрин будагист-дия.
-Не, не. Асло не! Умуман, ба ҳар таоме, ки дасти ту расида бошад, аз палав ҳам мегузарад. Лекин ту палавро коил карда мепази.
-Ба ҳамнн таърифатон худо биринҷу гӯшту равған мерасонд, ки як палави ланҷи бемаза мепухтам, аз таърифҳои кардагиатон пушаӣмон мешудед.
-Ҳеҷ вақт. Аммо дар орзуи палавпазӣ боши-палав- дия. Пагоҳ аз баққол масолеҳашро мегирем... Дер боз ош нахӯрдаем.
-Монед-е, қарзи бисёр чи даркор... Бе он ҳам наздик як пуд барин маӣдаги, собун, шамъ гирифтед. Аввал фикри пулн чизҳои гирифтагиатонро кунед. Палавпазии ман бошад, ҳама вакт шудан мегирад.
-Ии чизҳои гирифтагиамон карз не, ҳакки хизмиати ҳезумкашонем аст.
-Ҳар чи ҳам бошад, бисёр ба ҳиммати баққолатон напаред. Намедонам аз чи сабаб бошад, ки ин вақтҳо худашро ба мо наздик карда истодааст. Ман метарсам, ки боз ин беимон «ҳамсоябозӣ-морбозӣ» карда наистода бошад.
-Вай ин вақтҳо, ҳақиқатан одами нағз шудагӣ барин. Дирӯз аз назди дӯконаш гузашта рафта истода будам, ки ҷеғ зада, ба ҷону ҳолам намонда ба дӯқонаш даровард, меҳмондорӣ карда гуфт:
-Зиндагӣ бенорасогӣ намешавад, «бозори ҳамсоя- ҳамсоя аст»-гуфтаанд, чизе ки лозим шавад, истиҳола  накарда, омада гирифта бурдан гир! Аз ваҷҳи пулаш бошад, натарс. Ҳисоби дӯстон дар дил»... — Ҳасан баъд аз каме таваққуф илова кард: — Аз афти кор ақлаш нав даромада истодагӣ барин. Зӯран ба ҳавлӣ талабгор баромаданаша гуфта узр хост.
-Чӣ ки набошад, чашмаш бад аст. Кадом рӯз ман аз болои гелос фуромада ба хона медаромадам, то паноҳ шуданама аз қафоям нигоҳ карда монд... «Кадом ишканба гӯшт шудаасту кадом боӣ камбағалдӯст» мегуфтанд худораҳматӣ очем.
Ҳасан ба ҳусну ҷамол ва ақлу заковати занаш мафтун гашта, чашм аз ӯ наканда менишаст.
«Аҷаб зани дилрабо дорам-куя. Холаи бечораам,- худо ҷояшро ҷаннат кунад, ба буду нобудаш нигоҳ накарда бо як коса об духтарашро ба ман никоҳ карда дод. Набошад, ман куҷою ба чанги домани Раъно расидан куҷо буд» — аз дил мегузаронд ӯ дар ҳолате, ки гули себаргаеро канда бӯӣ мекашид.
Раъно биринҷмаӣдаи шустаашро пеш-пеш ру ру гигирифта  такшоншудаашро аз сари нав сангшӯӣ мекард ва дам ба дам ба шавҳараш зери чашм гарм-гарм нигоҳ карда ғунчаи лабаш мешукуфт.
Ҳасан аз ҷо хесту гули дасташро ба бинии Раъно наздик бурд. Раъно табассум карду гулро гирифт, аввал бӯӣ кашид, сонӣ ба баногӯшаш халонда гуфт:
-Чӣ тавр яке меҳратон тофт, ки гул дароз кардед?
-Меҳри рӯят диламро ба ҷӯш овард.
-Ин хел бошад, илоҳӣ асло аз ҷӯш намонад.
-Омин!— гуфт Ҳасан даст бардошта.
-Ҳасан, ҳӯ Ҳасан!
Ин нидои бемаврид, ҳамчун тундбод накҳатро аз гул, хандаро аз лабони онҳо рабуд.
 «Кӣ бошад?», гуфтагӣ барин Раъно бо тааҷҷуб ба шавҳараш нигарист. Ҳасан бошад, ба занаш чизе нагуфту китф дар ҳам кашида ҷониби дарвоза рафт. Ва лаҳзае нагузашта баргашт.
-Меҳмон омад, хонаро соз кун- гуфт ӯ оҳиста.
-Ки?
-Баққол қати як одами ношинос.
-Онҳоро каӣ хабар карда будед?
-Ман ба онҳо чандпула кор дорам, ки хабар мекунам. Баққол он одамро меҳмонӣ даъват карда, аз Қаратоғ гирифта овардааст, занаш дари ҳавлиро қулф карда, куҷое баромада рафтааст. То омадани занам меҳмон маътал нашавад гуфта, ягон чоӣ нӯшида истем, гӯён ин чо гирон овардааст.
          -Шумо, ба вай чӣ гуфтед?
-Чи мегуфтам, ҳозир хонаро соз кунам гуфта, пеши ту омадам.
-Шӯрам хушк шавад! «Ба хонаи норӯфта,— меҳмон» гуфтагӣ барин на палоои дуруст, на обу нони соз, Магар ба руи шолча шинонеду бо шула зиёфат кунед.
... Меҳмонон ба болои пустакчаҳо, ки ба рӯи шолчаи қӯҳна ба ҷои кӯрпача густурда шуда буданд, чорзону зада. нишастанд ва «некии қадам, ободии макон, фаӣзи дастурхон»,— гӯён даст ба ру кашиданд. Ҳасан дар поӣгаҳи хона диккак шишта, аз рӯи русумот, «хуш омадетон»,—гӯён хеста берун баромад,
          Баққол ӯро ҷеғ зада гуфт:
-Ҳамсоя, ташвиши зиёдати накаш; ишкамамон сер, фақат як чоӣ кунӣ бас.
Хасан ба назди занаш рафт.
-Аз ягон ҷоӣ, як илоҷе карда, дуто нон қарз карда биёр,— пичиррос зад ӯ.
-Ин вақт нон аз куҷо ёфт мешавад. Мардум тут хӯрда рӯз гузаронда истодаанд.
Ҳасан пешона хорида пурсид:
-Набошад чӣ кор мекунем-а? Ба пеши меҳмонҳо дастурхони хушку холӣ даровардан аӣб аст.
-Гапатон маъқул, лекин набудагӣ аз санг ҳам сахт, — гуфт Раъно шӯларо бод кашида истода ва илова кард ғам хӯрда мешинед-мӣ бо шӯла зиёфатдорӣ кардан мегирем.
-Хаӣр, ин тавр ки бошад, як об ҷӯшон. Лекин чоӣ, чоӣнаку пиёла надорем. Ин чизҳоро аз куҷо паӣдо мекунем-а?... Онҳо, албатта, мо барин гургакчоӣро аз офтоба ба косаи чӯбин кашида нахӯранд даркор.
-Гардани качро шамшер набуридааст, мегӯянд. Ба назди арбоб равед, зорию тавалло кунед, зоро як андохтани чоӣ қати чоӣнику пиёлаашро диҳад. Дигар илоч нест.
-Гапат дуруст-ку,— гуфт Ҳасан андешамандона,— аммо доданаш дар гумон-дия, чунки дирӯз Раҳмон-кашола ба пеши эшон чоӣ карданӣ шуда, аз арбоб чоӣнику пиёлаю камтар чоӣ пурсидааст ғурбат карда надодааст.
-Фақат ӯю Баққол чоӣнику пиёла доранд, чи ки набошад, як равед, шояд диҳад.
Ҳасан ночор паси сархорон ба хонаи арбоб рафт...
Набӣ-Пучуқ анҷоми хонаро, ки аз ду курпаи обшуста ва як сандуқи сохти соғутарошии шалақ иборат буд, бо кароҳат аз назар, гузаронда дар дил « ҳамааш кас махару кас маёб будааст»— гуфта писханд зад. Ва хост, ки ин ҷо барои чӣ омадаем, дигар ҷои созтар набуд-мӣ?»- гӯён аз ҳамроҳаш гила кунад, аммо дид, ки рафиқаш- Баққол аз тарқиши дарича ба берун бодиққат нигоҳ карда истодааст.
-Чӣ гап? Ягон чиз дидӣ-мӣ, ин қадар гурбаи муш мепоидагӣ барин ба берун синча карда истодаӣ?—пурсид ӯ ва худаш ҳам ба ҷавоб маътал нашуда, ба он тарқиш нигарист.
Дар берун Раъно дар лаби ҷӯӣча нишаста гашнич тоза мекард. Қошони сиёҳ ва нозуки қаноти фароштурукмонанд, чашмони шаҳло, мижаҳои нӯгхамидаи сурмасо, рухсораи кулча ва себи Алибаққолӣ барин сурхӯ сафед, бинии рости теғдор, лабони чун барги гул нозуки ғунча ва ба ханда моил, зулфони паризоғӣ... Набӣ-Пучуқ ин чеҳраи зебои ҷозибадори Раъноро аз тарқиши дар дида мот гашт ва то хеле вақт чашм аз берун наканд ва ннҳоят ба Ҷобир-Баққол рӯ оварда гуфт:
-Паризод-ку! Нон кӯр кунад, ки паризода худди худаш.
-Паризод ҳам гап-мӣ. Ҳурӣ лиқо гӯӣ.
-Бале. Лекин офати ҷон гӯӣ ҳам меарзад. Чӣ гуфтӣ?
-Ҳамин тавр, «ганҷ дар вайрона»,— тасдиқ кард Баққол.
Набӣ-Пучуқ ҳамчун савдогаре, ки чашмаш ба моли ноёби гаронбаҳое афтида монда ва аз хариду фурӯши он чи қадар фоида монданашро меандешида бошад, боз аз тарқиш ба Раъно бодиққат нигарист.
Набӣ дар бозори Ҳисор ду сарои таърифӣ дошт, лекин даромади асосиаш аз дигар ҷо буд. У духтар ва ҷавонзанҳои соҳибҷамолро шикор намуда, ба фоҳишахонаи (Поӣкавоқи) Самарқанд фиристода меистод.
Сароӣбонҳои ӯ баъд аз он ки аз марҳамати хӯҷаини худ ба ягон духтар ё ин ки ҷавонзане хонадор мешуданд, бо баҳонае хизматро тарк намуда ба ватани худ Самарқанд ё ягон ҷои дигар занашонро гирифта монда мерафтанд. Хусусан онҳое, ки духтар гирифтанд дер намеистоданд.
Набӣ-Пучуқ, пеш аз он ки ба сароӣбони худ фотеҳа диҳад, аввал ба воситаи даллаҳояш «зани» онҳоро ба базмгарҳо ва дигар толибони фисқ якчанд вақт киро мемонд. Ҳамин ки даромади «аз нӯги хамир фатир» мувофиқи табъ шуд, домодро ба назди худ ҷеғ зада, аз даромад ба вай ҳам камтар «роҳхарчӣ» дода ва ба «якта будани пои мурғ» ишорат карда гапро пазонда ба вай таъкид мекард, ки амонатии дар дасташ буда, яъне «занаш»- ро сиҳат саломат ба Самарканд бурда ба дасти хӯҷаин супорад.
Пас аз якчанд моҳ аз он чо «домоди» дигар пули он амонатии фиристодашударо гирифта меомад ва ӯ ҳам то «зан гирифтани худ» сароӣбон мешуд ё ин ки дар бозори Ҳисор ягон кори дигар карда мегашт.
Пучуқ бештар соҳибҷамолҳои бекасу кӯӣро ҳадафи тири худ мекард. Агар зери чашм кардааш ба зеҳнаш шинад, тамом, онро бо кадом роҳе, ки набошад, ба даст медаровард.
Чобир-Баққол маҳз ана ҳамин хислати гургонаи уро ба назар гирифта, вайро ба деҳа, ба хонаи худ меҳмони даъват намуда ва бо баҳонае Раъноро ба вай нишон доданӣ буд.
Ба холати ҳозираи вай, яъне ба дарёи фикру хаёл ғарқ шуданашро дида, дар дили худ шукрона мекард, ки кор мувофиқи хоҳишаш шуда истодааст.
Дар ҳақиқат Пучуқ дар бораи чӣ тавр ба даст даровардани Раъно андеша мекард.
-Ин гул дар ин хористон ҳаӣф, Вай зеби боғи Самарқанд дорад,— гуфт ӯ худ ба худ ва монанди бачае, ки дар пеши падараш ягон гапи ноҷоиз гуфта бошад, ба сӯи Баққол гунаҳкорона нигоҳ карда узр хост:
-Мебахшӣ, даҳон-дия. Ҳамсоя буданат аз хотирам баромадааст.
Баққол хандида гуфт.
-Парво накун, ҳамсоягию дӯстии ман бо вай «дӯстии гургона».
-Ҳаӣ, баракалло!.. Ҳамсоягии мору гунҷишк гӯӣ.
-Бале.
-Ин тавр бошад, як кор кунем-чӣ?— гуфт Набӣ-Пучуқ, дар ҳолате, ки гӯё ҳазл мекарда бошад.
-Қанӣ, чӣ кор?
-Гӯш кун!— Пӯчуқ ба Баққол наздиктар шуда пичиррос зад:—Ман ин офати ҷонро аз худ карданӣ ҳастам. Лекин бе ёрдами ту ин муяссар намешавад, чунки вай ҳамсояи ту, ман бошам, бо баланду пастии ин чо шинос нестам. Чӣ гуфтӣ?
Ҷобир-Баққол гӯё ба ин таклиф рағбат надошта бошад, ҷабин тира намуда, андешамандона гуфт:
-Ин кори ман нест. Бисёр нозук ва хавфнок аст.
-Ман ҳам аз ҳамин сабаб аз ту мадад пурсида истодаам.
-Метарсам, ки дар баӣни ҳалқам беобрӯ нашавам.
-Иншоллоҳ ҳеҷ гап намешавад.
Баққол баъд аз каме таваққуф ба таклифи Пучуқ розӣ шуда гуфт:
-Хаӣр, ба хотири ту ҳарчи аз дастам ояд мекунам. Лекин дар ин савдо аз ман дида ҳамёни ту зиёдтар кор медиҳад.
-Ин бегуфтугӯ. То аз баҳри чизе нагузарӣ, ба чизе намерасӣ.
-Ба фикри ту чӣ қадар пул меравад?
-Ягон ҳазор танга.
-Зиёд не?
-Ба зиёдӣ зиёд-ку, аммо мо дар бораи дуздидани одам гап зада истодаем, на дар бораи дуздидани ҳаӣвон.
-Ҳамин тавр куя, лекин ба фикрам, ин қадар пул сарф нашавад даркор.
-Гӯш кун! Ту, албатта, инро ҳам, ҳар вақта барин, бо роҳи шаръӣ аввал расмӣ карда, баъд обу лоӣ карданӣ мехохӣ, хамин тавр не?
-Набошад-чӣ.
Ҳамии тавр ки бошад, то Ҳасан ба худ аз салқинқишлоқ (қабристон) сеюним газ ҷоӣ нагирад, бели ту хок намегирад. Набошад Ҳасан мемураду аз баҳри занаш намегузарад, чунки дуи онҳо ба ҳамдигар Тоҳиру Зӯҳро шудагӣ. Мо,— гуфт Баққол ба танаи девор носи навакак кашидаашро туф кард ва суханашро давом дод, — бояд Ҳасанро дузди ғаддор гуфта ба қозихона кашем. Қозӣ бояд табари дасти мо бошад. Барои он ки табар тезу бурро гардад, даъвогари зӯр, якчанд шоҳид ёфтан лозим. Ғаӣр аз ин имом, арбобу дигар одамшавандагони деҳа ҳастанд. Ба ҳамаи онҳо инъому одамгари кардан лозим, саломи хушку холиро, ҳатто худо ҳам алек намегирад. Баъд аз он ки Ҳасан аз мобаӣн бардошта шуд, маросими азодориашро гузаронда оши ҳафту чилашро додан лозим. Ин корҳоро ман бояд кунам, зану шӯ ҳеҷ кас надоранд. Вақте ки ман ба ин кор ҳамчун ҳамсояи наздику меҳрубон харчу хароҷот кардам, дар назди халқ ман соҳибдараки оила ва ҷою ҷалоли Ҳасан шуда мемонам. Ана баъд аз ин ту ки барои сароӣбонат ба Раъно хостгор фиристоди, ман чун соҳибдараки ваи ба миён даромада корро ба фоидаи ту ҳал карда метавонам. Акнун ин қадар пул барои чӣ лозим буданашро фаҳмиди?
-Фаҳмидам. Ба кордониат қоил. Лекин бисёр қимат меафтад.
Илоҷи дигаре нест. Бе сабаб «зару зафар» нагуфтаанд. Агар қимат афтад-қимат ситон, об ба лаби ҷӯӣ баробар мешавад.
-Гапат маъқул. Хуҷаин заршинос, вале пастҳиммат аст. Хаӣр, ин ҳам як қимор, гуфти ту шавад. Пагоҳ пулро мефиристам. Ту ин тарафи корро дидан гир. Ман ба ноиби қозӣ гапро мепазонам. Ҳаракат кардан даркор, ки то кушода шудани роҳи Самарқанд кор тахт шавад.
-Тахт мешавад, лекин ширинкомааш кироӣ шавад.
-Хотирҷамъ бош!
Ҷобир-Бақол хост боз чизе бигӯяд, вале ин дам аз берун шарфаи по шунида шуд. Ба хона Ҳасан-Панчяккор дастурхон ва чоӣники чоӣ бардошта даромад. Ӯ дастурхонро пеши меҳмонон гузошта хиҷолатмандона онро кушод: дастурхон нон надошт, вале дар рӯи он тақсимчаи сафолин, киякчанд  дона чормағз барин набот дошт, меистод.
Меҳмонон ба якдигар нигоҳ карда монданд.
Онҳо чи тавр дар тааҷҷуб нашаванд, ки дар рӯи дастурхон наботи нисбат ба нон қимат ва ноёб буду нон не.
Модари Раъно як қисм наботи шаби никоҳи духтарашро ба нияти нек барои рӯзи гаҳворабандони набераи ояндааш ва ё ба пеши ягон меҳмони иззатманд баровардан анҷом карда буд. Баъд аз сари вай духтараш-Раъно онро эҳтиёт мекард. Ниҳоят имруз набот рӯи дастурхони меҳмонони «иззатманд»-ро дид.
... Меҳмонҳо аз ҳавлии Ҳасан хурсанд шуда баромаданд. Онҳо на аз он сабаб хурсанд буданд, ки мизбон иззаташонро нағз ба ҷо овард, не, тамоман ин тавр не? Онҳо барои он шод буданд, ки қадамашон ба ин даргоҳ «бахосият» шуд.
Ҷобир-Баққол аз он сабаб мамнун буд, ки реҷаҳои деринааш бо қувваи дигарон ҷомаи амал пӯшида истодааст. Ӯ аз рӯи нақшаи ҳозираи ба Набӣ-Пучуқ маъқул кунондааш ҳам шаҳид ва ҳам ғозӣ мешуд, яъне аз ҳазор тангаи Пучуқ, медодагӣ бо панҷсадаш қабри Ҳасанро канда, ҳавлии ӯро аз худ мекард ва панҷсад тангаи боқиро ҳам ба киссааш меандохт.
Аммо хурсандии Набӣ-Пучуқ тамоман дигар хел буд. Вай дар ин савдо ягон якуним ҳазор тангаро ба кор андохта, аз туфаӣли ҳусну ҷамоли беҳамтои Раъно ду-се ҳазор танта, аз базмгарҳо ва шаш-ҳафтҳазор аз хӯҷаини самарқандиаш ба даст дароварданӣ буд. Боз аз он сабаб хурсанд ҳам буд, ки бо андак пул Баққолро боб карда, ба кор андохтааст, агар бо таъбири худаш гӯем, саӣдро ба воситаи шасти дигарон шикор карда истодааст.
Ин кору кирдори онҳо ба якдигарро меҳмондорӣ кардани лаӣлаку рӯбоҳ бештар шабоҳат дошт.
Пас аз якчанд рӯзи ин воқеа як бегоҳ Ҷобир-Баққол Кали Ҳаитро ба дӯконаш ҷеғ зада, ӯро бо чоӣ ва ширавор зиёфат намуда, то хеле вақт сӯҳбат кард ва ҳангоми ӯро гуселондан гапковӣ карда гуфт:
-Ҳаит, Халифа, ин вақтҳо чӣ тавред?
-Бад не, аз мӯрча мадад, аз пашша лағад, гуфта гаштем,— ҷавоб дод Кали-Ҳаит аз дари дӯкон баромада истода.
Гоҳ-ногоҳ ба хона биёед, чақ-чақ карда мешинем Дунё гузарон аст, одам ба одам ғанимат. Ӯ парвонаи дар гирди шамъдон даврзанандаро бо нӯги остини ҷелакаш зада боз гапашро давом дод.— Шабҳо кас зиқ мешавад. Ягон ҳамсояи дуруст надорем, ки аз дараш даромада чорта ҳасрат кунем. Як Ҳасан ҳаст, ки аз вай дида хирси ҷангали Фаркистон беҳ. Хостам, ки ба шумо барин одами нагз хамсоя шавам максад ба Хасан ду-се бор одам мондам, ки ҳавлиашро фурӯшад кабул накард. Агар розӣ мешуд, шартӣ карда деворро аз мобаӣн бардошта ба шумо ҳамсояи девор дар миён шуда, аз баӣн дарича мемондем. Лекин чӣ кор кунам, ки «гапи хона ба бозор рост намёояд», кор мувофиқи мақсад нашуд.
-Ғам нахӯред, дил наздик бошад, масофа наздик.
-Ҳалифа, гапатон маъқул. Аммо ҳамсояи нағз беҳ аз бародари бадхӯ аст. Бесабаб нест, ки гузаштагон «ҳавлӣ нахар, ҳамсоя хар», гуфтаанд... Ҳа, дарвоқеъ гап катӣ шуда қариб аз хотирам баромадааст. Рӯмолатонро ба ман диҳед! Шумо, албатта, аз ин ҷо рост ба хонаатон равед даркор. Ба бачагонатон аз дӯкони баққол омадам мегӯед, онҳо хоху нохоҳ ба дастатон нигоҳ мекунанд. Холӣ рафтаи хуб нест.— У инро гуфта, рӯмолро аз дасти Кали-Ҳаит гирифту ба он ду қадоқ барин парвардаи арзонбаҳо баста дод.
-Ба пули набудагӣ чӣ лозим буд-а?
-Одам ғанимат, пул ёфт мешавад, аммо одам не. Ин аз ман ба ҷиянчаҳо даҳошииринӣ;
Кали-Ҳаит аз инъоми олиҳимматона ва аз писарчаҳои чиркину дилнокашашро «ҷиянчаҳо» гуфтдни Баққол гуё сараш ба осмон мерасид.
Охир, барои чӣ аз илтифоти олиҷанобонаи Ҷобир-Баққол хурсанд нашавад, вақте ки аксарияти аҳолии деҳа аз сабаби шаттоҳ ва каззобу беандеша буданаш уро рӯи хуш намедоданд.
...Молҳо аз чарогоҳ барвақт омада ба боғу роғҳо даромада хазони тар мехӯрданд. Борони сим-сим меборид.
Ба хонаи арбоби деҳа ду савор омада фуромад. Инҳо одамони миршаб буданд. Рӯзи дигар онҳо Ҳасан- Панчяккорро аз ҷои хобаш дастгир карда, дасташро баста гирифта бурданд.
* * *
Деҳқони сиёҳчеҳра аз нӯхтаи хар қапида, онро аз тангҷӯӣча бо эҳтиёт гузаронд ва каҷоваи сарнишеби тарафи ростро андаке бардошта вазни борро баробар карда харро пеш ронд.
-Ин кадудузди бечора аз куҷо?—пурсид ӯ аз рафикаш.
-Аслаш аз қишлоқи мо Ҳасан-Панҷяккор ном дорад гуфт дар чавоб Набот ва пас аз каме сукӯт илова намуд.—Ӯ баъд аз вафоти очааш ба қишлоқи Шунук, назди холааш кӯчид. Дар он ҷо панҷяккорӣ карда, ба холааш хонадомод шуд. Одамон ҳусну назокати занаш, ҳам ҷою ҷалолашро таъриф мекарданд. Вай дузд нест, каду ҳам надуздидааст.
Дар он қишлоқ Қали —Ҳаит ном як падарлаънат ҳаст, ки ба як пул ору номус ва имонашро мефурӯшад. Ҳамин кали шумшук, аз рӯи гуфти мардум, бо Ҳасан ҳамсоя будааст. Аз афти кор ба ҳавлиаш каду кошта будааст, ки аз палаки ба сари девор давидаи он кадуе вазнинӣ карда ба тарафи ҳавлии Ҳасан канда шуда меафтад. Кал аз канда шудани каду хабардор шуда, худро ба нодонӣ зада, аз тарқиши девор мепояд. Ҳасан, ки  аз ин макри вай бехабар будааст, як бегоҳ он кадуро пагоҳ ба соҳибаш бурда месупорам гуфта ба хонааш оварда мемонад. Аммо рӯзи дигар саҳари Кали Ҳаит «кадуро дуздидан»,— гуфта ӣвғо мебардорад ва ба қозӣ арз мекунад.
-Лаънатие... наход ки барои як кадуи якпула бегуноҳро ба қозихона кашад.
-Як пулаи чӣ! Вақте ки қози аз вай «кадуят чанд пул меистад гуфта мепурсад, ӯ: «Тақсир, каду моли аз шири модар ҳалоли ман аст, чанд пуле ки фурушам, ихтиёр дорам. Агар дар бозори подшоҳи каду нимтанга истад, аз ман сад танга» мегӯяд.
-О, хонасӯхтае!.. Маълум мешавад, ки кадуи ин даюс заррин будааст-дия! Хаӣр баъд чӣ шуд?
-Баъзеҳо ба нархгузории вай «тухмаш бағдодиҳам бошад, инсоф карда гап зан!»—норозигӣ карданд. Аммо Кали-Ҳаит моли мӯъмин-хуни мӯъмин,—гуфта боз даъво кардааст, ки аз ин пеш ҳам чанд каду ва як сар бузамро дуздида хӯрд. Калоншавандаҳои деҳа ба миён даромада сулҳу салоҳ карданд. Ин дафъа ба хонаам даромада каду дуздидааст. Ман аз шариат паноҳ ҷуста омадам, ки чораи ин дузди хонумонсӯзро бинад.
Қози ба ростии даъвояш гувоҳ талаб кардааст. Самад-Рубаҳ ва Халим-Ҷугии қаратоғӣ, ба ростии даъвои Қали-Ҳаит гувоҳи доданд.
Баъд қозӣ аз Ҳасан пурсидааст: «Ту чӣ мегӯӣ?»
Ҳасан гуфтаст:
Кал мегӯяд: «Тӯҳмат! Ҳақиқат кунед!»
«Гуноҳе надорам. Ба ростии даъвои худ: «зан се талоқ» қасам хӯрда ғавғо бардоштааст, ки «агар қозӣ ба доди вай нарасад, ба худи амир арз мекунад».
Баъди «зан се талоқ» қасам хурдан, қозӣ аз афти кор, ба ростии даъво боварӣ ҳосил кард, ки калро ором кунонда, ӯ ривояти уламо додагиро ба дасташ гирифта хонд. Мазмуни ривояташ «тухмдузд ҳам-дузду шутур- дузд ҳам-дузд» буд. Қозӣ ҳам аз рӯи риояти уламо ҳукм намуд, ки ба «кадудузд» ҳафтоду панҷ чӯб зананд. Баъд ба кал рӯ оварда гуфт:
-Шумо, ки муддатӣ мебошед, ба ҳукм розӣ ҳастед ё не?
-Ҷонам тасаддуқи шариат аст. Он ба доди мани нотавон расид.
Ҳасани бечораро зиндон карданд...
Торикӣ торафт ғафстар гашта ба дида сих мезад. Набот аз наҳри беоб бо эҳтиёт гузашта нақли худро давом дод:
-Баъд аз васиқаро мӯҳркунонда гирифтан, харамро як хабар гирам гуфта ба сароӣ рафтам. Ба сароӣ даромада истода будам, ки аз ҳуҷраи таҳи дарвозахона банохост овози Наби-Пучуқу Кали Ҳаитро шунидам. Дари ҳучра нимроғ буд, ин гуфтугӯи онҳо ба гушам аниқ омада расид:
«Кор мувофиқи табъ шуд, ака Ҳаит... Шумо бало будаед».
Кали-Ҳаит: «Чӣ кор кунем, Баққол қати нону намак- хӯрда ҳастем. Илтимос карданд, аз руи инсонгари, не гуфта натавонистам «.
Набӣ-Пучуқ; «Ҳеҷ гап не, хас кам-ҷаҳон пок».
Кали-Ҳаит: «Ҳамӣн тавр. Акнун ба ман иҷозат диҳед  равам».
Набӣ-Пучуқ; «хоб мекардед, ин шаб чақ-чақ мекардем. Дилатон кашол. Ҳаӣр... Баққол, аз нӯги хамир фатир, гӯён бароятон хар хариданд. Он дар сароӣ, савор шуда равед».
Кали-Ҳаит: «Иллоҳо, якаш даҳ шавад! Аз замин, хок гирад, зар шавад!»
Набӣ-Пучуқ; «Хаӣр, набошад. Ба баққол гӯед, ки усуни корро дидан гиранд. Ҳукмнома тасдиқ шудагӣ ҳисоб, ноиби қозӣ ҳамин тавр гуфт; Ҳукмномаро худи пагоҳ аризачӣ ба Бухоро мебарад».
Набот нақли худро ба интиҳо расонда чунин ақида кард:
-Дар ин ҷо ягон сохтакорӣ будагист, чӣ гуфтӣ?
-Рост, аз афти кор, дар зери коса нимкосае ҳаст.
Замон замонаи тӯҳмат аст. Инсон бо тӯҳмат нобуд мешавад.
-Гапат ҳақ, ҷӯра, барои одами камбағал дар ин замон зани хушрӯ, ҳавлии хуб, аспи нағз душмани ҷон аст
Набот нақли худро ба интиҳо расонда ҷилави хари худро ба ҷониби хирман, ки шуълаи аловаш милт-милт мекард, гардонданд.
... Ҳасан-Панҷяккорро ҳафтоду панҷ чӯб заданд. Ӯ ба ин зарба тоб наоварда пас аз якчанд рӯз аз олам чашм пӯшид. Баъди гузаронидани маросими дафн ва азодории Ҳасан Ҷобир-Баққол ба як хулосаи аниқ омада натавонист: Ба болои ҳавлии аз Ҳасан мондагӣ ва панҷсад тангаи аз харҷу хароҷот ҷудокардааш боз Раъноро ҳам ба никоҳи худ дароварда ду ҳавлӣ — ду зан карданӣ буд, лекин аз фош шудани сираш метарсид. Ва ниҳоят маҷбур шуд ба қавли худ вафо кунад.
Раъноро ба гиряю фиғонаш нигоҳ накарда ба як «сароӣбони Набӣ-Пучуқ» доданд. Пучуқ аз хурсандӣ ба куртааш намеғунҷид.
Раъно ба дасти чи гуна одамон афтиданашро дониста худро овехт.
с. 1962

Комментариев нет:

Отправить комментарий