Ҳикояҳо, новеллаҳо, очеркҳо


СОДИҚ ПАҲЛАВОН

Шаб. Борони маӣда меборид. Дарвозаи дутабақаи Содиқ Паҳлавон овози нарғӯле бароварда кушода шуд. Аз он ду кас, яке марди ғалчаи шикамкалон, ки дар бар чакмани сиёҳ дошт ва дигаре китфноки чандир ва каллакалони хушбурут буд, баромаданд.
Марди ғалча, ки эшони Исохонтӯра ном дошт, риши думи бузи қутур барин тунукшудаашро даст-даст карда истода ба соҳибхона гуфт:
-Паҳлавон, албатта, барвақттар равед! ӣигитҳоро таъкид кунед, ки ҳушёр шуда кор баранд... Нагурезанд!
-Хотирҷамъ бошед, пирам, қанот бароварда ба осмон парад ҳам аз дасти мо халос намешавад.
-Ҳамин тавр-куя, ба ҳар ҳоло... Хаӣр, ҳазрати Алӣ мададгор шаванду шамшератон бурро бод!— гӯён эшон даст ба рӯ бурд, сонӣ сар даруни чакман
кашида, ба коми торикии шаб даромада рафт.
Содиқ Паҳлавон дарвозаро пӯшида ба паси он танба монд, баъд бардам-бардам қадам гузошта, ба дари хонаи ҳавлии дарун наздик шуда аз тарқиши он нигарист: чароғи сиёҳ милт-милт месӯхт. Зан ва духтарчааш хоб кардаанд. Ӯ охиста, нук-нуки по қафо гашта, ба меҳмонхона даромад ва сару либосашро накашида рӯи якандоз дароз кашиду ба рӯяш чакманро партофт. Вале хоб ноз мекард ва наздик намешуд.
Вай мувофиқи супориши имшабаи Исохонтура бояд пагоҳ бо ӣигитҳои худ ба деҳаи Қара-Бодом рафта, сари панҷ нафар фидоиёнро, ки барои дидани оилаи худ ба он деҳа омада буданд, аз тан ҷудо сохта хонаҳояшонро оташ мезад.
          Аммо акнун дар вай он довталабии пештара, намонда буд.
Дар вақтҳои охир у одамеро мемонд, ки ба бешазори анбӯҳ ба даромадан медароянду вале дар охир сар гум зада, на илоҷи пеш рафтан ва на илоҷи қафо гаштан дорад. Акнун ӯ дар худ он қатъият ва ҷиддиятеро, ки як сол қабл, ҳангоми аз дасти эшони Исохонтӯра ва дигар обрӯмандони деҳа шамшерро гирифта ба асп савор шуда фотиҳа гирифтанаш буд, намедид-вуҷуди шермарди -қавитанро ҳисси нобоварӣ фаро гирифта рӯҳафтода карда буд. «Агар ту, ту барин ҳомиёни ислом, дағ-даға набардошта, тинҷ менишастанд, мамлакат нотинҷу халқ мотамзада намешуд... Аммо тақдири молу ҳол, ҷою ҷалол ва дину оинамон чӣ мешуд?»...
Содиқ Паҳлавон ки бо нияти хоб ба сараш чакман кашида буд, дар гирдоби фикру хаёлҳо дасту по зада мижа ба хам паӣваст, маӣнаи аз фикрҳои пурихтилофи печдарпеҷ гиҷшудаи ӯ хамири туршгашта барин дам карда буд.
Вай аз ҷои худ хесту шамъдонро гирифта берун баромад ва ба зери собот рафта аспашро ҷӯл зад. Мехост баргардад, ки касе дарвозаро сахт кӯфт.
«Кӣ бошад-а, дар ин бевақтии шаб?»—аз дил гузаронд ӯ ва бо дили нохоҳам рафта дарро кушод.
 Дар берун ду нафар савори қулоҳпӯш меистоданд.
-Мо аскарони сурх ҳастем,— гуфт яке аз онҳо.
          Паҳлавон баробари шунидани калимаи «сурх» якқад парид. Фонусро қадре боло бардошта ба саворҳо синча кард. Назараш ба нишонаи сурхи гиребони куртаи онҳо афтид. Карахт шуда монд.
Саворҳо ин ҳоли ӯро паӣ бурданд.
-Натарс, рафик. мо ба назди ту омадем, ки ба кори неке ба мо ёрӣ расонӣ,—гуфтанд онҳо.
-Ба чӣ кор? — хиратабъона пурсид Содиқ Паҳлавон.
-Аскарони моро аз дарё гузаронида мон.
Содиқ Паҳлавон осуда ва тамоман хотирҷамъ гашт  ва боз якбора ҳавр гирифта рафт:  «Саӣд-ку бо пои худ омадааст... Чӣ нигоҳ карда истодаӣ? Ба хона даро, милтиқро гӣру аз болои бом истода ҳардуяшро ба чаҳаннам фирист... Албатта, баробари баланд шудани садои тир ӣигитҳои ба по хеста меоянд. Он гоҳ шабоҳун зада боқимондаашонро ҳам несту нобуд сохтан мумкин... Не, вазнин шудан даркор... Ҳамроҳашон рафта ҷои ист ва миқдорашонро дониста бо баҳонае боз мегардам... Баъд бо ӣигитҳои худ рафта қабрашонро канам ҳам мешавад».
Яке аз аскарҳо, ба фикр рафтани ӯро фаҳмида:
-Натарс, хизматонаи нағз медиҳам,— гуфт.
          -Ман-ку наметарсам, аммо борон, об калон, гузар намедиҳад-оромона ҷавоб дод Содиқ Паҳлавон.
Аскарҳо ӯро ба назди командири худ гирифта бурданд.
Командир вайро хушнудона истиқбол намуда гуфт:
-Чура, мо бояд, ҳамин шаб ба Қурғонтеппа расем. Як ҷавонмардӣ карда моро аз дарё гузаронда мон!
Содиқ Паҳлавон ба саворон чашм давонд. «Падарлаънати кофирҳоро бин, ки аз ман чашм намекананд.. лекин он қадар бисёр ҳам набудаанд. Илоҷи нест карданашон ҳаст».
-Чӣ гуфтӣ?
Ин пурсиши командир ӯро ҳушёр кард:
-Наметавонам. Инро дарёи Вахш мегӯянд, ки дар мавсими баҳор хунталаб мешавад. Хусусан дар ин гуна шаби борону торик.
-Ҳар чи ҳам бошад, ту моро бояд гузаронӣ,— гуфт командир бо оҳанги чиддӣ ва илова намуд: Медонем, ки дар ин маҳал аз ин дарё гузаштан хатарнок аст, аммо чораи дигар нест, бояд гузарем!
Ӯ баъд аз каме таваққуф таъкид намуд:
-Ин хизмататро ҳукумат ба зътибор мегирад.
«Акнун. чӣ кор кунам? Ягон фиреб кунаму рафта ӣигитҳоро ба по хезонам харчӣ бодобод гӯён ҳуҷум кунам... Он гоҳ халқ, ки. бе ин ҳам дасту дилаш аз мо хунук шуда истодааст, мумкин аст, ки моро дошта ба дасти салотҳо супорад.. Э, бало ба пасашон!»
          -Маӣлаш мегузаронам,— гуфт ӯ.
Командир ба яке аз онҳое, ки Паҳлавонро гирифта оварда буд; гуфт:
-Иванов, аспатро ба ин рафиқ деҳ. Худат ба яке аз аспҳои хоҷагӣ савор шав.
Содиқ Паҳлавон саросема шуд.
-Лозим нест. Ман ба аспи худам савор мешавам,— гӯён ба сӯи қишлоқ равон гашт.
Латиф, ҳамроҳ шав!— гуфт командир ба аскаре, ки дар паҳлӯи Иванов меистод.
-Лозим не, натарс, намегурезам. Худо якта-гап  якта!
Латиф дар ҳолате, ки сари аспашро ба ҷониби кишлоқ гардонда буд, рафтан ё нарафтани худро надониста ба командир нигоҳ кард. Командир хомӯш буд,
Содиқ Паҳлавон аз назар ғоиб гашт.
Вақт мегузашт, аммо аз оббоз дарак набуд. Дили командирро гургҳо тала мекарданд. У беқарор, ва парешон буд. Чашм аз роҳи деҳа намеканд. Аз он ки ба гапи оббоз бовар карда Латифро аз пасаш нафиристод, худро сарзаниш мекард.
Ниҳоят сӯроби саворе аз даруни торикӣ намудор шуд. У наздик омада рӯ ба рӯи командир истод. Аспи сиёҳ- мушкини вай беқарор буд...
Командир Содиқ Паҳлавонро шинохта хурсанд шуда:
-Ҷӯра, хеле дер кардӣ,- гуфт.— Хаӣр, рафтем!
Ҳама ба роҳ даромаданд. Вақте ки ба соҳили дарё
расиданд, Паҳлавон ба командир муроҷиат кард:
-Шумо ҳамин ҷо истед! Ман аввал гузаргоҳро муаӣян карда оям. Таваккалан гузаштан хавфнок аст.
Командир дар тараддуд шуда монд. Содиқ Паҳлавон бошад, ба «ҳа» ё «не»-и вай маътал нашуда, ба дарёи пурталотум асп ронд. Командир дар соҳил истода ба худ меандешид: «Дарё калон пурталотум-касногузар барин... У чӣ хел одам бошад? Ҷасур, шуҷоъ ва бебок барин. Рафту аз гумоштаҳои босмачиён бошад-чӣ.. Онҳоро хабар диҳаду моро гузаронда ба дами тир рӯ ба рӯ кунад-а?..»
Садои фирх-фирх карда биникашии асп, ки аз ҷониби дарё меомад, тори хаёлҳои командирро канд.
-Гузаргоҳ ёфт шуд,-гуфт Содиқ Паҳлавон, ки аз сари сина поёнаш тамоман тар буд.
-Бисёр хуб, набошад рафтем!
-Истед! Аввал фармоед, ки аили аспҳоро суст кунанд.
-Ин барои чӣ?
-Ин барои он ки вақти аз об гузаштан аспҳо ишкамашонро дам меандозанд.
-Ҳа,-а, ин тавр гӯӣ... Инро мо каӣҳо иҷро кардаем.
Аспҳо аввал дилу бедилон ба даруни дарё қадам гузошта, сонӣ ба шинокунӣ даромаданд. Саворҳо ба асп нею гӯё ба мурғобӣ савор шуда бошанд, то миёнашон тар шуда гардани аспҳояшонро маҳкам дошта буданд.
Содиқ Паҳлавон пешопеш ҷилави аспро гоҳ ба рост, гоҳ ба чап гардонда, морвор пеш мерафт.
-Ту кистӣ, номат чӣ?- пурсид командир баъди аз дарё гузаштан.
Пахлавон аз такковии ӯ ҳаросид,баъд худро даст гирифта:- Одам!— гуфта ҷавоб дод.
          Командир аскари паҳлавонҷуссаеро ба назди худ ҷеғ зада бо забони русӣ ба вай ким-чӣ гуфт ва баъд аз рафтани аскар ӯ ба Содиқ Паҳлавон рӯ оварда пурсид.
-Фарзанд дорӣ?
-Ҳа, ду духтарҷа дорам,— ҷавоб дод Паҳлавон ва аз дилаш гузаронд: «Ин пурсуковаш ягон бало дорад. Пирам-Эшони Исохон аз кофирҳо некӣ намебарояд гуфта буданд-а. Чаро маузерро ҳамроҳ нагирифтам?»
Аскари паҳлавонҷусса омад. Вай як лӯлаи коғазпечи калонро ба Содиқ Паҳлавон дароз кард. Паҳлавон карахтӣ карда бо тааҷҷуб ба лӯлаи коғазпеч менигарист.
-Гир, қанд аст,—эзоҳ дод командир ва илова кард аз мо ба духтарчаҳоят савғотӣ. Баъд ӯ сари аспашро ҷониби дашт гардонда гуфт:
-Хаӣр, то дидана. Ҳар вақте ки лозим шуда мондам, ба Қӯрғонтеппа рав! Номи ман Шапкин...
-Номи ман, Содиқ Паҳлавон!
Содиқ Паҳлавон баъди аскарҳоро гуселондан то хеле вақт аз ҷои худ наҷунбид. Садои суми аспҳои рафтаистода, торафт аз дарунтари дашт шунида мешуд. Ӯ лӯлаи коғазпечро ба дарё ҳаво дода худ ба худ гуфт:
-Бо ҳамин ҳиммати маро паст заданӣ? Не! Ман корро аз  руи олиҳимматӣ кардам, на барои ин гаҷпораҳои ширин!
* * *
Деҳаи Қара Бодом. Бошандагонаш, ки аз бориши бемаҳали чандруза ба танг омада, таҷанг гашта буданд, ин пагоҳ баробари мондани борон, ба ҷунбуҷӯл даромаданд. Деҳқонон гандум ва ҷави тухмӣ ба халтаю тӯрбаҳо андохта барои кишт кардан ба дашту ёнаҳо баромада рафтанд. Муӣсафедон бошанд, дар офтобрӯ ҷамъ гашта устӯхонҳои камшираи худро офтоб дода, аз каму костӣ зиндагӣ ба ҳамдигар шикоят карда менишастанд.
Якчанд мурғи хароби бадранг, ки хоку хаси девор ва поруҳои сари роҳро тит мекарданд, ба нохост хусида қию-чӯӣкунон ба ҳар сӯ гурехтанд.
Аз гардиши кӯча як гурӯҳ савор баромада омад. пешопеш марди 40—45 солаи ҷомаи беқасабпӯш, ки ба аспи сиёҳмушкин савор буд, мерафт. Фаши дарози саллааш дар паси гарданаш чилва мекард, Пешонаи фарох, чашмоии пурифода, бинии тегадор, риши анбӯҳ... — бо ин чеҳраи бовиқори ӯ андӯхи ниҳонӣ соя гузошта буд. Вай ба он хонаҳое, ки аз сӯхтор чордеворҳои дудзада шуда буданд, зери чашм иигоҳ карда лаб мегазид. Ин одам Содиқ Паҳлавон буд.
Пагоҳии он шабе, ки аскарони сурхро аз дарё Гуз- ронда буд. Эшони Исохонтӯра боз назди ӯ омада ҳарчи зудтар несту нобуд сохтани он панҷ нафар фидоиёнро хотиррасон карда буд. Паҳлавон барои супоришро ба ҷо овардан ба деҳаи Кара Бодом омад. Лекин ду рӯз пеш аз ин Абдуазиз қурбошӣ хабар ёфта, аз дигарон пешдастӣ карда ва он панҷ нафарро бо аҳлӣ оилаашон аз дами шамшер гузаронда хонаҳояшонро оташ зада рафта буд.
Ин хомӯшии ҳузновари чор деворҳои дудзада дили Содиқ Паҳлавонро ба туғён оварда оташи нафринро нисбат ба худ ва ҳаммаслакҳояш зиёдтар месохт. Ӯ бо ӣигитҳояш ба дарунтари дашт нигоҳ карда асп ронд ва дар як ҷои намоён қарор гирифта аз асп фуромад.
Офтоб, ки аз хати уфуқ хеле баланд шуда буд, абрпораҳои фироршударо таъқиб менамуд. Замин ҳам аз саховати имрӯзаи он болида, монанди духтари болиға, расида хушбӯӣ гардида буд. Ҳаври симобиранги аз рӯяш хестаистода накхати гувороеро ба машом расонда ҳаловат мебахшид.
Одатан дар ин маҳали моҳи ҳамал, ки растанӣ, наботот ҳама чиз дар амал мешавад, одам бисёртар мехоҳад, ки замин ронда кишт кунад, ҷавгонбозӣ кунад ва ё ин ки гӯштин гирад. Ин шавқ барои мардуми деҳа табиӣ буд.
Йигитҳои Содиқ Паҳлавон ва худи ӯ, ки дар рӯи қиёқи хушки рангпарида нишаста буданд, фикрашон дар бӯстони ана ҳамин гуна хаёлҳо саӣр мекард. Паҳлавон ба теппа ва адирҳои дури дар муқобилаш буда андешамандона чашм духта гуфт:
-Имрӯзҳо ҳоли мо бештар ба ҳоли саги даӣдуе, ки аз вай одамон ҳаросида' худро дур мегиранд, монанд шудааст. Баъд бо дастаи қамчин чарахсаи лои ба соқи мӯзааш часпидаро тоза карда гуфт:
Чанд вақт аст, ки ҳамин андеша маро азоб дода меояд. То ҳол гумон доштам, ки мо барои нафъи халк шуда меҷангем. Лекин кас хуб фикр кунад, бо фоидаи халк не, ба зарари вай меҷангем.- Сони аскарони сурҳро гузаронданаш ба хотираш омада, илова кард:-Босмачигарӣ оқибати нек надоштагӣ барин... Беҳтараш ин ҳоло ҳам сари вақт... Ба марҳамати ҳукумат паноҳ,бурда таслим шавем.
-Таслим?!— Як босмачии сафедпусти қозгардани саллакалон сухани Содиқ Паҳлавонро бурид.— «Таслим шудан» —ин ба пои аҳли куффор сар гузоштан, аз дину онни худ гаштан аст.. «Таслим шудан»-зану бачаю кача, замину молу ҳоли худро ба дасти кофирҳо супоридан аст. «Таслим шудан» — беҷаноза мурдан аст!
-Рост аст. То таги пои куффор шудана мурдан беҳтар аст. То ҷон дар рамақ дорем, меҷангем! Ё шаҳид мешавем, ё ғозӣ.— гуфт як босмачии ғуладинги кӯса.
-Монед, махсум, ҳамин шаҳид-паҳид, ғозӣ-позиҳоятона... Беҳтараш аз паи кишту кор шавем. Вақт рафта истодааст. Ғами рӯзгора хӯрдаш даркор.-гуфт як ббсмачии газгӯшт.
Босмачии кӯса, ки «махсум» хитоб шуд, мисли саги гиранда раги гарданашро хезонда ба сари босмачии газгӯшт ғуррид:
-Ҳе, меҷҷакӣ-дия, саг. Мардум дар ин вақт барои ҷою ҷалоли худ, барои дину мазҳаби худ ҷон дода ҷон гирифта истодаанду ту бошӣ, мисли нарсаг, аз пеши қанҷиқи худ дур шудан намехоҳӣ!
-Ба даҳонатон нигоҳ карда гап занед, махсум! — гуфт босмачии газгӯшт.
-Чи вақ-вақ мекунӣ, қурбоққаи хокӣ! Ҳозир вақти хуруҷ аст, на вақти хонашинӣ-гуфт эшонзода ва ба нишастагон рӯ оварда пурсид: Чӣ гуфтед, шербачаҳо?
-Эшонбобо рост мегӯянд.
          -Гапи маъқул.
          -Зӯри беҳуда миён мешиқанад... Мо чию дарахти пусида чӣ? Ҳамин ки шамоли сахт. хест, он аз бехаш чаппа мешавад.
-Ин хел суханҳои муртад танҳо аз даҳони хоинҳо мебарояд.
-Хоин, хоин аст!
-Хӯш, худи шумоҳо кистед?!
Якчанд кас ҳамдигарро тараф гирифта остин баромада, барои якдигарро куфтан таӣёр шуданд. Вале овози-  улдурросии Содиқ Паҳлавон онҳоро боз дошт.
-Бачаҳо!—гуфт ӯ,— ҷанҷол бефоида... Имрӯз ба қарори катъӣ омадаам. Дигар қурбошӣ нестам. Ба гапи ҳар нохалаф даромада хунрезӣ кардан бас! Агар касоне ки шаҳиду ғозӣ шудан хоҳанд, марҳамат, ҷангидан гиранд. Ман тахтаву тиракамро ғундоштам. Пагоҳ рафта ба ҳукумат ярркамро месупорам.
Магал хеет. Эшонзода, махсум ва дигар фарзандони  давлатманди деҳа якгапа шуда хостанд, ба Содиқ пахлавон ва ба онҳое, ки ба вай хаӣрхоҳ буданд, дарафтанд.
-Марг сазои ин сагҳост!-Занед. ин кофиршудагонро!— мегуфтанд онҳо.
-Эӣ бедаҳонҳо, чи мағал мекунед? Агар чангидан хоҳед, ана маӣдон!— гуфт Содиқ Паҳлавон.
-Гум шав!
-Мо дигар ба ту, бодиёнат, итоат намекунем!
-Занед, парронед, инҳоро!—эшонзода наъраи телбаёна кашида ба аспи худ савор шуд ва шамшер бардошта пеш баромад. Паӣравонаш ҳам шамшер ба ҳамла таӣёр шуданд.
Дар як лаҳза дар болои сарҳо чакалаки шамшерҳо  падид омад.
Тапар-тапари суми асп ба гӯш расид.
Ҳама якбора ҷониби деҳаи Қара Бодом, ки савор аз ҳамон тараф асп тозонда меомад, нигаристанд. Савор ки ҷелаки суфиашро бод дода ба сағрии асп бераҳмона қамчин мезад, торафт наздиктар мешуд.
Ӯ расида, омад. Сару рӯяш арақшор буд. Сахт-сахт нафаскашон назди Содиқ Паҳлавон рафт ва бо овози баланд хабар дод:
-Пирам-Эшони Исохонтӯра ба шумо амр карданд, ки ҳуди ҳозир бо ӣигитҳоятон ба саргаҳи Қутан Дара равед будааст. Дар он ҷо зиёда аз дусад салот дам мегирифтааст. Фаӣзи қурбошӣ ба онҳо ҳуҷум карданн... Шумо ба вай ҳамроҳ шавед будаст.
Эшон ба воситаи одамони худ воқеаи аз дарё аскар гузаронии Содиқ Паҳлавонро фаҳмид, Ин кори ӯ ба вай нафорид баръакс, боиси хавф бурдан шуд. Хост илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъаш ёбад. Паҳлавонро аз баӣн бардорад. Бо ҳамин мақсад, бо баҳонаи мададрасонӣ дастаи вайро ба дастаи Фаӣз— қурбошӣ ҳамроҳ намуда, дар муҳорибаи  Қутан Дара ӯро нобуд сохта, ӣигитҳояшро ба ихтиёрӣ Фаӣз-қурбошӣ гузоштанӣ шуд. Лекин гапи хона ба кӯча рост намеояд.
-Рав!— гуфт Паҳлавон,— ба эшон гӯӣ, ки ман дигар хунрезӣ карданӣ нестам. Худашон рафта ба Фаӣз- қӯрбошӣ ҳамроҳ шаванд!
Чопар ҳаӣрон шуд. Чи карданашро надониста гоҳ ба Содиқ Паҳлавон, гоҳ ба Эшонзода менигарист.
-Рав! Чӣ истодаӣ?— бо ғазаб хитоб кард Паҳлавон
Чопар хост равад.
-Исто!—овози борики занонаи Эшонзода ӯро аз рафтан боздошт.
            -Ба ҳазрати қиблагоҳ бирасон, ки Паҳлавон хиёнат кард. Ӯ қисми одамони сустиродаро ба ҷониби худ кашида, мехоҳад ба ҳукумати кофирҳо таслим шавад... Ҳазрати қиблагоҳ озурда нашаванд, ман бо ӣигитҳои содиқашон ба дастаи Фаӣз-қурбошӣ ҳамроҳ мешавам.
Садои суми чорнаъли асп ба фазо печид. Савор рафт... ӣигитҳои Содиқ Паҳлавон ба ду гурӯҳ чудо-чудо шуданд.
Гурӯҳе, ки ба он Эшонзода Ва махсум сардорӣ мекарданд, ниҳоят дар ғазаб шуда, бо мушту дастаи қамчин дугу даранг карда мегуфтанд:
-Хаӣр, луччакҳои лаънатӣ, боз рӯ ба рӯ мешавем!
-Аз ин рӯ, тақсирҷонҳо, дуқабатӣ поҷома пӯшида гардетон. ки дар вақти рӯ ба рӯ шуданатон таршудаашро ба тезӣ иваз карда тавонед!— гуфт босмачии газгӯшт. Ҳама баланд қоҳ-қоҳ зада хандиданд. Эшонзода ба ин зарба тоб наоварда, мисли мори саркуфта печутоб хӯрд ва дуғу пуписаи зиёде карда одамонашро ба сӯи Қутан Дара, ба назди Фаӣзи қурбошӣ гирифта рафт.
Бачаҳо, нав муи аз хамир ҷудо кардагӣ барин шудем,— гуфт кадоме аз ӣигитҳои Паҳлавон.
Ҳар чи ҳам бошанд, қанот буданд; акнун қанотшикаста шудем.   
-Не, мо бутун ҳастем. Онҳо қанот набуданд, балки парҳои зиёдатӣ буданд,—гуфт Содиқ Паҳлавон ва ба рӯи зин дурусттар нишаста ба гапаш давом намуд: -акнун мо дар баӣни ду оташ мондем. Яке ҳукумати шуро, ки то ин дам муқобилаш меҷангидем, дигаре он одамоне, ки навакак аз мо ҷудо шуда рафтанд.
Содиқ Паҳлавон ҳам одамони худро гирифта низ ҷониби Кутан Дара рафт.
Содиқ Паҳлавон баъд аз торумор намудани дастаи Фаӣзи қурбошӣ ҳамроҳи аскарҳо ба Душанбе омада, ҳукуматро ба расмият шинохт. Ҳукумат ду хизмати ба Аскарони Сурх кардаи ӯро ба эътибор гирифта, аз гуноҳаш гузашта ба сари ӣигитҳояш командир таъин намуда, ба ӯ супорид, ки дастаи калони фидоиён ташкил кунад.
Шаби баҳор. Абрпораҳои тира ба сӯи ғарб парвоз карда пеши моҳи мунирро пардавор гирифтанӣ мешуданд. боди серун дам ба дам вазида навда ва шохчаҳои ғарқи гулгаштаи дарахтони биҳиро андак-андак такон медод.
Дар деҳа хомӯшӣ ҳукмфармо шуд, ҳатто сагҳо дам  фуру баста буданд. Сукунатро нолиши ҳазини чокак халалдор мекард.
Шаб аз ним гузашта буд. Дар меҳмонхонаи Эшон  Исохонтӯра гулхан месухт. Шӯълааш дар чеҳраи се нафар сокини он даву ғеҷ менамуд. Марди болонишин, ки шиками калон, гардани калтаи ғафс, рӯи фарбеҳи хуру си мошхӯрда барин суп-сурх дошт, ба гуфтугӯи онҳо ҳам роҳ нашуда, бо сари хам тасбеҳ мегардонд. Ин Одам- Эшони Исохонтӯра буд. Баъд аз он ки писари калониаш дар задухӯрди саргаҳи Қӯтан Дара ҳамроҳи Фаӣз-қурбошӣ ҳалок гардид, чун гурги захмдор аз хонаи худ кам мебаромадагӣ шуд. Вай дар муддати «чилланишиниаш» нуги каловаи фикри гумкардаашро ниҳоят ёфта ба хулосае омад, ки ба воситаи муридҳояш аз Содиқ Паҳлавон, ки боиси. фоҷиаҳои ба сараш омада шудааст, интиқом гирад, ӯро дар баромадгоҳи қишлоқ, ки ҷои бадвоҳимаест, бӯғӣ карда кушонад ва овозае паҳн кунад, ки Содиқ Паҳлавон бо сабаби ба эшон беҳурматӣ карданаш, ба ғазаби худо гирифтор шуда ӯро бало зад. У ин нияташро ҳамин шаб ба амал оварданӣ буд. Онҳо ҳоло маътали ситораи рӯз буданд: Маҳали ба Қӯрғонтеппа рафтани Содиқ Паҳлавон ҳамин вақт буд.
Эшон аз вазъияти мурокиба баромада, тасбеҳро ба рӯи зонуяш гузошт ва ба марди сиёҳҷурдаи шофбурут, ки дар поёни хона нишаста чоӣ мекашид, рӯ овард.
-Ҷобир-охун, одамҳоят дилпуранд?
-Хотирҷамъ бошед, пирам,— ҷавоб дод Шариф Чақир ба ҷои Ҷобир-мӯӣлаб. Ӯ пиёлаи чоӣро аз дастӣ Ҷобир-мӯӣлаб гирифта ба эшон дароз карда, илова намуд:—Одамҳои ин кас худашон барин, аз об хушк мебароянд. Онҳо дар баромадгоҳи қишлоқ Азроили ҷони Содиқанд. Роҳаша поида истодаанд...
Сухани Шариф Чақир дар даҳонаш монд: дари меҳмонхона кушода шуда Содиқ Паҳлавон даромад. Аҳли давра аз омадани меҳмони нохонда дар тааҷҷуб монда, ба вазъияти нобоб афтоданд. Пиёлаи чоӣ аз дасти эшон афтид.
Зарар надорад, об рӯшноист!— гуфт бо тамасхур Содиқ Паҳлавон, ки дар поӣгаҳи хона рост меистод,— Эшонбобо,— гуфт ӯ,— аз омадани ман дар ин бевақтин шаб ба тааҷҷуб мондаед? Ин амри воқеъ чанд вақт боз таги дилам куни дег барин сип-сиёҳ... Хоб дидам, ки худораҳматӣ-падарам аз ман рӯ гардонда аз ҳавлӣ баромаданд.
Эшон баробари шунидани суханони у қадре осуда гашт ва монанди мори карахте, ки ба тахтапушташ гармӣ расонда бошад, рӯҳ гирифт, ба ҳаракат даромад, бо викор сар боло кард.
Содиқ Паҳлавон баъди каме таваққуф гуфт:
-Боиси дилсиёҳиам ва рӯ гардонидани арвоҳ ҳисобро ба шумо баробар накарданам будаст. Фаҳмидам, ки имшаб маро куштанӣ шудаед. Дар забонатон фарзи худову сунаати расул, лекин даст ба хун?! Маълум ки тоата ва парҳезгориҳоятон сохта будааст! Ранги эшон канд. Пилкҳояш парида, торҳои ришаш ларзиданд. У забон хоӣда гуфт:
-Қудсияти мусулмонӣ қоимист... Ту аз он рӯ гардондӣ.
-Аз ҳамин сабаб саги мурдор, хостӣ, ки дасти нопокатро ба хуни бегуноҳон олуда кунӣ!
Эшон суп-сурх шуд. Дар пешонааш қатраҳои арақ қуббача зад. Ӯ ба интиқоми мудҳише азм карда, даст ба бағал бурд.
Ҷобир-мӯӣлаб ва Шариф Чақир ҳам бесаранҷом шуданд. Содиқ Паҳлавон аз даруни остин маузерро баровард.
          -Дастҳоятонро боло кунед, зотҳои «пок»!— хитоб намуд ӯ. Дари меҳмонхона кушода шуд. Аввал Исмат  дастёрӣ эшон, ки Содиқ Паҳлавонро аз нияти имшабаи хӯҷаинаш хабардор карда буд, баъд як гурӯҳ аҳли деҳа, ки ҳамроҳ омада дар паси дар меистоданд, ба хона даромаданд.
Маузер аз дасти Эшони Исохонтӯра ба даруни хокистар туппӣ карда афтид.
с.1962

Комментариев нет:

Отправить комментарий