Ҳикояҳо, новеллаҳо, очеркҳо


ДАР РОХИ ВАЗИФА

Духтур Обидов ба зодгоҳ, назди модараш омад. Бегоҳии рӯзи дигар ба ӯ гуфтанд, ки дар деҳаи Арҷинаки Боло зани Ҷалил ном колхозчи дар вақти вазъи ҳамл ба душворӣ афтодааст. Аз касе ки ин хабарро ба ӯ расонд. Обидов пурсуҷӯ карда фаҳмид, ки бо сабаби дар он деҳа набудани фелдшер ба он зан ёрии тиббӣ расонда нашудааст. Масофаи беморхонаи раӣон дур буд.
Обидов ба пеши раиси колхози деҳа рафт. Ӯ раисро дар идорааш ёфта воқеаро фаҳмонд.
Раис ӯро хомӯшона гӯш карда гуфт:
-Бале, ман аз ин ҳодиса хабар дорам, чора дидан лозим буд...
-Албатта.
-Хӯш, писарам, акнун чӣ кор карданӣ!...
-Асп ёфта диҳед!...

-Яъне, рафтанӣ?
          -Ҳа.
Аммо он рӯз дар қишлоқ аспе набуд. Ҳамаи аспҳоро  пагоҳӣ даъватшавандагони деҳа савор шуда ба пункти ҳарбии раӣон рафта буданд.
Раис баъди қадре фикру мулоҳиза кардан саисро ҷеғ зада фармуд, ки баӣтали худи ӯфо зим карда диҳад.
Обидов ба пунктӣ тиббӣ рафт, ҳамшираи тиббиро ёфта пурсуҷӯ карда фаҳмид, ки аз илми тиб тамоман хабар надоштааст. Обидов асбобҳои заруриро гирифта ба хонааш баргашт. Саис баӣталро овард.
Обидов аспро диду лаб газид.
-Ҷӯра ,баӣтал буғӯз-ку, гуфтӯ ба саис. Кӣ медонад, ба ин роҳи душвори зимистон тоб меорад, ё не.
Обидов пештар омада баӣталро бодиккат аз назар гузаронд ва ба саис рӯ оварда гуфт:
-Аспро ба соҳибаш бурда супор!
-Ба Арҷинаки Боло чӣ хел меравед?
-Намеравам.
Саис баӣталро гирифта рафт. Обидов ба хона даромад. Ба курсие, ки дар пеши тирезаи хона буд, нишаст ва ба андеша рафт. Дар рӯи хона қадамзанон фикр кард. Дуди папирос аз даҳонаш фаввора мезад, ва оҳиста ҳаракат мекард.
То Арҷинаки Боло ҳамагӣ ҳафт километр роҳ буд, аммо хатарнок: барф баланд, дар роҳ даррандаи гурусна ҳам бисёр.
-Ҳар чи ҳам бошад, бояд равам!
Вай инро гуфту пасмондаи папиросро партофта ба назди миз омада, асбобҳои ҷарроҳиро аз назар гузаронда даруни ҷомадонча гузошт. Палто ва мӯзаи намадӣ ҳам пӯшид. Милтиқ гирифт.
Дари хонаро пушида истода, ба ақрабаки соати тани деворӣ нигоҳ кард, он рақами нӯҳро нишон медод. Соатҳои 10—11 шаб рафта расиданашро тахмин кард. Барои эҳтӣёт таёқи ирғаиро, ки дар лаби бом меистод, гирифта ба роҳ даромад.
Обидов бо паӣраҳаи борики каҷу килеби кӯҳӣ ва пур печутоби дараҳо таёқзанон мерафт. Вале ҳанӯз чоряки масофаро таӣ накарда буд, ки аз даруни дараҳо туман хеста ҳама ҷоро фаро гирифт. Кас ду қадам он тарафтари худро дида наметавонист. Акнун ба кадом сӯе, ки нигарад, фақат туманро медид, ки ҳамаи чизҳои гирду атрофро ба оғӯши рутубатноки худ кашидааст. Роҳгардӣ  душвор шуд.
Паи қадамҳои дар рӯи барф гузоштаи ӯ дар зери пағахои тумаи зуд нопадид мегардид. Барфи роҳ торафт ғафс ва дурушт мешуд. Обидов ба мадади таёқ, аз шушаҳои барф поӣҳои худро раҳо карда, пеш мерафт. Ҳаво торик. Аз паси туман, ки монанди чодири ғафс рӯи осмонро пушида гирифта буд, на осмон метофту на кӯҳҳо...
Нӯлаи ҳарисонаи тӯдаи гургҳо, ки аз кадом сӯ омада истоданаш маълум набуд, дашти хомӯшро боз ҳам ваҳмангез менамуд.
Духтур хаёлмандона роҳ мепаӣмуд. «Оё ба он ду бечора сари вақт ёрӣ дода метавониста бошад, ё не?» Ин фикрҳо хотири ӯро банд мекарданд... Нохост ба чизе пешпо хӯрда афтид. Аз ҷо хеста худро афшонда дид, ки аз роҳ баромада мондааст.
Вай дар гирду атрофаш шарфаи пои кимчиро бараъло мешунид ва сӯроби хокистарранги он чизҳо гоҳ-ногоҳ аз баӣни туман падидор мегашт.
Ӯ аз болои кӯтале гузашта ба дашти ҳамвор баромад. Аз дарахт ва бутта дар ин ҷо ному нишоне набуд, ба ҳар тарафе нигарӣ, ба ғаӣр аз дашти сафеди хомӯш ва туман, ки акнун аз рӯи замин хеста, дар ҳаво пала-партиш ҳаракат мекард, чизи дигар ба назар наменамуд. Вай ҳис намуд, ки бо чи гуна роҳ сару кор дорад. Шояд ба истиқболи марг равад.
Ӯ телпакро ба сараш маҳкамтар кашиду ба роҳ даромад. Шаб кӯрмаҳтоб буд... Вай роҳ мерафту роҳ мерафт. Садои шарфаи по. Баногоҳ аз қафо садои фирх- фирхи чизеро шунид, ба пас нигарист. Дуртар аз ӯ гурге меистод, гӯшҳояшро сих карда, чашми оташворашро аз ӯ намеканд.
Обидов сарфаҳм рафт, ки он сӯробҳои хокистарранги хеле пештар аз баӣни туман намудоршуда гургҳо буданД. Ӯро таъкиб мекарданд:
Вай милтиқро аз китф гирифт ва хост ба он тир ҷо кунад, лекин тирдонро аз киса наёфта, ҳаӣрон монд.
...Тирдон ҳангоми афтидан аз кисааш ғалтида, дар зери барф нопадид гашта буд.
Инро ҳамчун фоли бад ба дил гирифт.
«Ба ҳар ҳол зудтар рафтан лозим!»
Ҳанӯз 40—50 қадам назада нохост аз ақиб кашида  шудани домани палтояшро ҳис кард.
Ӯ ба қафо нигариста душмани ҷонаш — гургро дид.
Боз чанд гург паӣдо шуд. Онҳо бекарор... аз зӯрин хирс ҷингос мекарданд. Ин нишонаи гуруснагии онҳо  буд. Обидов ҷомадончаашро партофта бо таёқ ба фарқи сари гурги аввал зад. Гурги дигар ҳаросида худро кафо  кашид. Гурги калтакхӯрда аз лати бозарби таёқ калавида-калавида ба рӯи барф афтод.
Ба гурги қафогашта гургҳои дигар ҳамроҳ шуданд. Онҳо уллос мекашиданд. ва даҳонашонро калон кушода ба бари одам хашмгинона хиррас мезаданд, пушт гардонда ба сару рӯяш барф пош медоданд, ӯро миёнагир намуда торафт наздик мешуданд.
Гургҳо ба ӯ дарафтоданд. Баӣни даррандагони ваҳшӣ ва одам баҳри ҳаёту мамот мубориза мерафт. Обидов аз шиддатӣ хашму ғазаб бешуурона гоҳ ба по, гоҳ бо таёки шикаста ба гургҳо ҳамла мекард...
Дар задухӯрд Обидов болои гурги ниммурда афтид. Канда шудани охирин риштаи ҳаёташро ҳис намуда аз давли ҷон фарёд кард:
-Ёрӣ диҳед!... Ёрӣ-ӣ!
Аммо аз дашти бекас, ки дар оғӯши шаби зимистон оромида буд, ба ҷуз акси садо дигар чизе шунида намешуд. Ба ногоҳ садои тири милтиқ ва нолиши ҷонгудози  даррандае шунида шуд. Гургҳо аз ҳодисоти тасодуфӣ саросема шуданд.
Садои тир боз ғулғула афканд. Гургҳо гурехтанд.
Баъд аз дақиқае шахси аспакӣ, дар даст милтиқ ва дар тан ҷакмани сафеди босма намоён шуд. Асп бӯи хунро ҳис кард. Он гӯшҳояшро сих кард, беқарор гардид! Савор ба гумони он ки асп аз ҷасади гург рамида истодааст, ба сағрии он қамчин зад, асп пештар омад. Чашми мард ба як чизи бештар ба ҷасади одамӣ шабоҳат дошта афтид...
Аз болоӣ асп ҷаҳида фуромаду ба сари он чиз рафт, ҷасади одамро дида моту маҳбут шуда монд, чӣ кор карданашро намедонист... Ҷасадро паҳлӯ гардонд, тугмаҳои палтою костюми ӯро кушода гӯш ба сандуқи синаи вай гузошт.
-Зинда!
Фавран онро аз барф тоза кард, хост ба асп бор кунад, ин дам Обидов ба ҳуш омада чашмашро кушод.
          Савор аз хурсандӣ чи гуфтанашро надонист:
          -Писарам, ту кистӣ?— гуфта пурсид.
-Ман... ман духтур.... Ба қишлоқи Арҷинаки Боло баред...
Марди савора ҷизе нагуфту Обидовро аз замин озод бардошта ба асп савор кард. Ҷомадончаи уро ба хӯрҷинаш андохта ва худаш ҳам савор шуду бо ду дасташ Обидовро маҳкам дошта гирифт.
Асп, гӯё рамузи соҳибашро фаҳмида, ҷасади гургонро ақиб гузошта тез роҳ мерафт...
c.1947

Комментариев нет:

Отправить комментарий