Ҳикояҳо, новеллаҳо, очеркҳо


МЕВАИ ҲАЁТ

Зоҳир ва Салох хомӯш, вале шоххои сербори рангоранги дарахтони ду тарафи кӯча мамнунона назар афканда роҳ мепаӣмуданд. Хардуяшон ба қарибӣ мактаби олиро хатм намуда, ба қишлоқи худ яке Буаллим, дигаре механик шуда омаданд. Холо аз зиёрати муаллими алифбоии худ, ки дар дехан ҳамсоя мезист, бармегаштанд,
Зоқир папиросро ба кунҷи лаб олуфтаворона монда  дуд кунонда миёни хомуширо бурида гуфт:
-Салоҳ, дар ҳақиқат муаллим нағз  зиндагонӣ мекунад. Чӣ гуфтӣ?
-Баъд не, аммо фарзанд, ки надорад, боз ҳеҷ аст.
-Ҳа. Лекин ин он қадар аҳамият надорад.
-Дорад... Магар нашунидаӣ ки «хонаи фарзанддор —бозор, хонаи бефарзанд-мазор» гуфтаанд.

-Шунидаам, гӯянд, гуфтан гирад. Вале лаззати ҳаётро ҳам донистан лозим!— таъкид намуд ӯ ва баъд аз каме таваққуф суханашро давом дод:
-Ту хонаи фарзандор — бозор мегӯӣ, ин тавр нест.
Тамаман баръакс. Хамин ки аз дари хонаи акои ман дароӣ, шаш кӯдак бо дастони хоку лоӣолуд баробар ба ту мечаспанд. Вағ-вуғ, кию-чуӣ, афту дарафт... Хона нарӯфта, рӯи кӯдакҳо нашуста... Бечора янгаам харобу нотавон гашта қариб аст, ки ҷонаш барояд, акаам бошад, саги сӯзанхӯрда барин шудаас. Магар ин хурсандиовар аст? Асло? Худо маро бад бинад, ман вағу-вуғи кӯдакро.
Салоҳ хост боз эрод гирад; вале даст афшонду дам фуру бурд. Аз гуфтаҳои кӯтоҳандешонаи ҷӯрааш табъаш хира гашт.
Офтоби тирамоҳи бофаӣз ки дар тараддуди ба паси  кӯҳ пинҳон шудан буд, бо нурҳои тиллоранги худ дарахтони пурборро ба назар боз ҳам зеботар мегардонд.
Салоҳ фикр мекард: «Лоақал ту ба ҳамин дарахтон бо дидаи ибрат нигоҳ мекардӣ. Онҳо дар маҳали гул кардану мевадор буданашон чӣ қадар дилрабоанд».
Нихоят,  ӯ ба Зоҳир ру оварда гуфт:
-Намедонам, ин хислати бачабезорро, аз ки омухтаӣ.
-Ман аз азал ба кӯдак хуш надорам.
-Чӣ, магар ту нияти хонадор шудан надори?
-Дорам, аммо... Э биё, мон, ин фалсафафӯрӯшӣ чи даркор.
Аз баӣн якчанд баҳор гузашт. Зоҳир дар яке аз ин фаслҳои баҳор аз гулистони қишлоқи худ гули хушрангу бӯеро интихоб намуд яъне ба Мӯътабар ном говҷӯш- духтар изҳори муҳаббат карда, ба ӯ хонадор шуд. Ниҳоли хурсандии оилавиашон ба қалби якдигар торафт чуқуртар реша медавонд ва аз чашмаи муҳаббати ҳамдигар сероб мегардид. Аммо ин ниҳолро Зоҳир бармахал  аз самар мононд. Аз ҳамин сабаб вақтҳои охир дар оила ташвиши ким-чи хел норасоиро кам-кам ҳис мекардагӣ шуданд. Хусусан Мӯътабар дар ин бора зиёдтар фикр мекард. Барои зан ҳеҷ ифтихор беҳ аз ифтихори модарӣ нест. Гули зиндагии инсон фарзанд аст. Дареғо, ки  ӯ фарзанд надошт.
Онҳо гоҳ дар шаҳр, гоҳ дар қишлоқ ҳаёт ба сар мебурданд, то ки андармони рӯзгор шуда, ғами бефарзандиро камтар ҳис кунанд. Вале ин ғам онҳоро шабу рӯз дар ҳама ҷо думболагир буд.
Онҳо боз ба қишлоқ кӯчиданд.
Шаби мусаффои январь. Моҳи коста бо равшании нокирои худ ба шӯълаи чароғё, ки  аз се  тирезаи хонаи даҳлездори Зоҳир берун афтодааст, гӯё рақобат кардонӣ мешуд.
Дар миёнҷои хона мизи мудавваре ва дар гирдогирдаш якчанд курсии мулоими ҷилдсафед гузошта шудааст. Рӯи дастурхони сап-сафеди нав аз зери дарзмолбаромадаи он бо ҳар гуна зарфҳои чинӣ ва булурин, ки мева, қанду курс ва нӯшокӣ доштанд, зинат ёфтааст. Тарафи рости хонаро ҷевон ва диван оро медоданд. Ду гурбачаи дустрӯяк-машию ало дар рӯи қолини хушранги туркманӣ бозӣ мекарданд ва гоҳ-гоҳ бари домани куртаи Мӯътабарро, ки дар диван нишаста журналеро берағбатона варақ мезад, кашида мемонданд. Чун аз Муътабар илтифоте намедиданд, боз ба бози машғул мегаштанд.
Зоҳир ба саҳифаи китоб чашм дӯхт, аммо фикру хаёлаш дар дигар ҷо буд.
Акнун орзуи ягонае ба вуҷуди Зоҳир реша давондааст, фарзанд буд.
Як бегоҳӣ рӯзи истироҳат Салоҳ ҳамроҳи Зоҳир писарчаи худро гирифта ба магазини қишлоқ бурд. Онҳо велоспедчаеро барои писарча хариданд. Писарча бениҳоят хурсанд шуда ба Зоҳир ишора карда: «Дада, амакам ба писарашон валасафедча намехаранд?— гуфта пурсид. Ин ба Зоҳир, ки бе ин ҳам дилаш реш-реш шуда буд, сахт таъсир кард. Ӯ аз магазин баргашта тамоми рӯз аз хона берун набаромад... Ба табъаш на консерти дилнишини радио мефориду на бозии шавқовари гурбачаҳо.
Агар дар дигар хонаҳои маҳалла садои хандаву суруд ва шавқуни бачаҳо баланд бошад, дар хонаи онҳо сукунати вазнине ҳукмфармо буд. На завқи хурду хӯрок доштанд, на шавк ба пӯшоқ.
Мӯътабар баъзан аз сари дастурхон хеста вазнин-вазнин қадам гузошта. аз хона баромада рафтани шавҳарашро дида, аз кафои ӯ нигоҳи дуру дарозе карда оҳи вазнине мекашид. Вай нагз медонист, ки  дили шавҳараш аз набудани ободии сари дастурхон сип-сиёҳ гашта аз сари таом хеста рафт. Ин ҳолро дида дили Муътабар ҳам мисли анори обаш ҷаббидашуда фушурда мегашту дар ҳалқаш чизё паӣдо шуда роҳи нафасашро мегирифт. Аммо канӣ берӯгию забоне, ки ин алами умрхазонкунандаро ба вай, ки гунаҳкори асосӣ мебошад, бигӯяд!
          Меҳру муҳаббата, ки Мӯътабар ба шавҳари худ дошт, дар зери пардаи ана ҳамин маҳзунӣ рӯз аз рӯз зиёдтар нопадид мегашт. Зоҳир инро ҳис мекард, лекин ҳавсалаи ба чашми занаш нигаристану дилбардорӣ кардан надошт.
Муддатест, қи ӯ дар гирдоби ҳамин дарду алам даступо -мезанад, вале аз он илоҷи раҳоӣ намеёфт.
Вақтҳои охир аз қор баргаштан ҳамон зуд сару либосашро дигар қарда ба кӯча мебаромад, дар чоӣхона ё дар хонаи ягон чӯрааш нишаста қарибиҳои хурӯсҷеғ ба хона бармегашт, ки занаш ба гулдӯзӣ машғулшуда, маътали ӯ нишастааст. Вай чеҳраи чун гул зебои ӯро андӯҳгин дида дар дил аҳд мекард, ки дигар занашро ба коми хомӯшӣ партофта наравад.. Лекин шаби дар хона буданаш онҳо навигариҳои рӯзона дидаю шунидаашонро дар чанд дақиқа ба ҳамдигар нақл мекарданд, боз дар хона сукунат ҳукмфармо мегардид.
... Зоҳир китоб мехонд.. У, навакак аз хонаи Салоҳ омада буд. Бёгоҳ, вақте ки аз дарвозаи Салоҳ, даромад, чашмаш ба якҷанд сояи одам афтид. Сояҳо дар рӯи пардаи тӯрии тиреза, ки аз равшании чароғ зардча гаштабуд, ҳаракат мекарданд ва гоҳ-гоҳ садои хандаю шӯхии бачагон ҳам шунида мешуд; «Да-да, дадаҷон! Боз, боз як бори дигар!» овози духтарча зангулавор ҷарангос мезад. Банохост сояи бузурге, ки ду соячаи дигар ӯро миёнагир карда буд, ба рақс даромад. Ин сояи Салоҳ буд. Бачаҳо ҳам ба вай паӣрав, дастчаҳояшонро ба ҳаракат дароварда мерақсиданд.
Зоҳир хеле дар таҳи дарвозахона наҷунбида ба ҳарақати сояҳо назар карда истоду баъд, ба назди Салоҳ надаромада ба хонааш гашта омад.
Вай китобро бедиққатона варақ зада фикр мекард: «сари дилхушии Салоҳ, дар куҷо будаст. Набошад, кори вай-ку аз кори ман чандин маротиба вазнину душвор аст. Ман сар-сафеду вай не».
Ин дам аз баӣни варақи китоб гули хушке, ки ранги қирмизиаш ба варақ саҳл гузошта буд, баромада монд. Даҳ сол қабл аз ин, ҳангоми ҳар ду дӯст аз назди муаллими собиқашон баргаштан писарчае онҳоро дар даромадгоҳи қишлоқ дида, аз гулдастааш ба онҳо яктогӣ гул тақдим карда буд .Салоҳ онро гирифта ба кисаи сари синнааш, Зоҳир ба қабати китоб гузошта буд. Ин ҳамон гул буд.
Гул чеҳраи он кӯдаки хандонрӯро пеши назар падидор месохт.
* * *
Мӯътабар якчанд, рӯз боз дар хонаи амааш меҳмон аст.
Зоҳир ин бегоҳ аз кор барвақт баргашт. Ӯ зуд либосашро дигар карда ба карасинка об монд ва берун баромада баҷаеро фиристод, ки Салоҳро ҷеғ занад.
Салоҳ дертар омад.
-Ба хаӣр!—гуфт ӯ башараи хандаовари Зоҳирро дида— масхарабозҳои сирк барин ҳудро ба сиёҳӣ ҷӯ лондӣ, чӣ, корат ба дегу табақ афтодимӣ?
-Ҳа, ҷӯра.
-Аз афти кор, қадри янга гузаштагӣ барин-а?
Зоҳир доғҳои аз дуди карасинка ба дасту рӯяш расидаро пок карда истода ҷавоб дод:
-Бале, безан намешудааст.
...Онҳо чоӣ нӯшида аз ҳар хусус гуфтугӯ карданд. Нихоят Зоҳир ба сари матлаб омада гуфт:
Ҳар кас ҷиҳати бадӣ доштааст. Дар ман зиёдтараш.
Зоҳир воқеаи 9 сол пеш шударо нақл намуд.
Мӯътабар ҳомила шуд. Аммо вай ба занаш гуфт, ки ин қадар бармаҳал таваллуд кардан чӣ лозим. Бо ташвиши кӯдакдорӣ аз лаззати ҷавонӣ баҳра набурда мемонӣ. Ӯро маҷбур кард, ки илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ биандешад. Мӯътабар ҳам оқибати нияти шавҳарашро фикр накард. Ин сирро ғаӣр аз зану шӯӣ каси дигар намедонист.
-Мани аблаҳ ба лонаи мурғи бахти худ оташ задам,-баъд аз каме таваққуф илова намуд ӯ.— Мумкин занам тамоман нозоям шуда монад... ҷавобаш дихам  гӯям, наметавонам. Аӣбдор худам. Агар ҷавоб надиҳам, аз афташ, яқ умр бенасл мемонам. Баӣни ду роҳи сарсон мондам.
-Эҳ, Зоҳир, Зоҳир!— хитоб намуд Салоҳ нақли вайро шунида. Ту кӯдакеро ҳанӯз ба дунё наомада пешпозадаӣ.
Зоҳир абрӯвони тунукашро дарҳам кашида, сараш ҳам ба як нуқта нигариста ба таънаи дӯсташ чизе нагуфт.
Баъзан гиреҳҳои зиндаги чунон чигил мешаванд, ки ба кушоданашон ақли солим оҷиз мемонад. Солеҳ хеле  вақт маӣна об кард, аммо ба як хулосаи муаӣяне омада натавонист. Коғази конфетро ғиҷим карда ба лаълӣ ҳаво дода гуфт:
-Рости гап, ҳаӣронам, ки ба ту чи маслиҳат диҳам.
          Агар гӯям, ки занатро ҷавоб деҳ, ин аз рӯи инсоф не.
Агар...
Банохост аз даҳлези хона овози гиряи кӯдак шунида шуд. Даҳони Салоҳ во монд. Зоҳир яқ қад парида ба чониби даҳлез нигарист. Дар кушода шуд, Мӯътабар як чизи ба рӯӣҷои сап-сафед печондашударо бардошта, дар ҳолате, ки даҳонаш ғунчавор шукуфон, чеҳрааш хандон буд, даромада омад.
Дӯстон ба пешвози у шитофтанд. Салоҳ бо ҳавас кӯдакро аз дасти Мӯътабар гирифт. Ба Зоҳир, ки моту мабҳум гашта бо тааҷҷуб гоҳ ба Мӯътабар ва гоҳ ба кӯдак, ки ноором нафас меғирифт, нигариста гуфт:
-Э, ту ба ин нигоҳ кун! Ин писар будаст, писар!
Йигитча гӯед, амакаш, ӣигитча!—хурсандӣ намуд Мӯътабар ба диван нишаста.
Мӯътабар нафас рост карда, ба шавҳараш, ки саволомез ба ӯ менигарист, гуфт:
Дар қишлоқи аммаам як зани бекасу кӯӣ сари фарзанд меравад... Мӯӣсафедони қишлоқ ба ки супори кӯдаки бесохибро надониста ҳаӣрон мешаваид. Аммаам ӯро ба ман дода: «Гир, аммааш гардад, бурда тарбия кун, зоро ба туфаӣли ҳамин тифли бсгуноҳ ту ҳам ба муродат расӣ» — гуфтанд.
-Ха-ӣр, ин тавр бошад, кори нагз карди!— гуфт мад кашида Зоҳир. Салоҳ кӯдакро ба ӯ дароз кард. Зоҳир кӯдакро ба даст гирифта хушҳол шуд. Аммо дар замираш фикри «фарзанди касон каӣ кунад фарзанди, сад тавқи заррин ба гарданаш барбанди» садо медод. У, гӯё кӯдаки касеро гирифта сурат гиронда истодае, ночаспоӣ кӯдакро дар бағал нигоҳ медошт. Салоҳ ин ҳоли ӯро дида гуфт:
-Вай аз бӯи падару модар сер нашудааст. Падари вай акнун ту мебошӣ. Ба кӯдак меҳри ҳақиқӣ лозим аст.
Зохир ба кӯдак унс гирифт. Аз хандаҳои ширини вай ба шавқомада бари рӯяшро ба рӯи ӯ мемолид...
с.1962

Комментариев нет:

Отправить комментарий